Паёми ягонаи сарони се қувваи Эрон ба Тромп

Паёми ягонаи сарони се қувваи Эрон ба Тромп

Ахбори байналмилал

Масъуди Пизишкиён, Муҳаммадбоқири Қолибоф ва Мӯҳсинии Эжаӣ, раисони қувваи муҷрия, муқаннина ва қазоияи Ҷ.И.Эрон, ҳар як ба иддаои Тром мабнӣ бар ихтилоф миёни “тундравҳо” ва “миёнаравҳо” дар ҳокимияти Эрон дар робита бо иҷро ва ё адами иҷрои музокира бо Омрико, вокуниш нишон доданд.

1) Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон дар Х навишт:

“Дар Эрони мо тундрав ва миёнарав вуҷуд надорад. Ҳамаи мо эронӣ ва инқилобӣ ҳастем ва бо иттиҳоди оҳанини миллат ва давлат, бо табаияти комил аз раҳбари муаззами инқилоб, мутаҷовизи ҷинояткорро пушаймон хоҳем кард. Як Худо, як миллат, як раҳбар ва як роҳ; он ҳам роҳи пирӯзии Эрони азизтар аз ҷон”.

2) Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Ҷ.И.Эрон низ айнан ба ҳамин лафз дар Х навишт:

“Дар Эрони мо тундрав ва миёнарав вуҷуд надорад. Ҳамаи мо эронӣ ва инқилобӣ ҳастем ва бо иттиҳоди оҳанини миллат ва давлат, бо табаияти комил аз раҳбари муаззами инқилоб, мутаҷовизи ҷинояткорро пушаймон хоҳем кард. Як Худо, як миллат, як раҳбар ва як роҳ; он ҳам роҳи пирӯзии Эрони азизтар аз ҷон”.

3) Ғуломҳусайни Мӯҳсинии Эжаӣ, раиси қувваи қазоия низ дар Х навишт:

“Раиси ҷумҳури сифлаи Омрико бояд бидонад тундрав ва миёнарав вожагоне маҷъул ва бемоя аст, ки дар адабиёти сиёсии Ғарб ривоҷ дорад. Дар Эрони Исломӣ ҳамаи ақшор ва ҷиноҳҳо дар ниҳояти қивом ва инсиҷом дар зайли авосири раҳбари муаззами инқилоб ҳастанд. Як Худо, як миллат, як раҳбар ва як роҳ; он ҳам роҳи пирӯзии Эрони азизтар аз ҷон”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пизишкиён: Умедворем, шикастҳои таърихӣ ибрати мустакбирон шавад
Таъсири манфии ҷанги Амрико бар иқтисоди кишварҳои арабӣ

Матолиби пурбоздид