Ахбори байналмилал
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Ҷ.И.Эрон, дар баёнияе, дар бораи нақзи 3 банди калидӣ аз тарҳи 10-бандии Эрон пеш аз оғози музокирот навишт:
“Аз ҳамон ибтидо, мо раванди ҷориро бо беэътимодӣ дунбол мекардем ва ҳамон тавр, ки пешбинӣ мешуд, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико пеш аз оғози музокирот, таъаҳҳудоти худро нақз кард.
Ҳамон гуна, ки раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида сароҳатан эълом кардааст, тарҳи 10-бандии Ҷумҳурии Исломии Эрон, поя ва чорчӯби мабнои қобили кор ва чорчӯби пояӣ барои ин гуфтугӯҳо маҳсуб мешавад. Бо ин ҳол, то ин лаҳза 3 банд аз ин пешниҳод нақз шудааст:
- Адами пойбандӣ ба банди 1-и тарҳи 10-бандӣ дар хусуси оташбаси Лубнон – таъаҳҳуде, ки нахуствазир Шаҳбоз Шариф низ сароҳатан ба он ишора карда ва онро “оташбаси фаврӣ дар ҳама ҷо аз ҷумла Лубнон ва соири мантиқ” эълом намудааст;
- Вуруди паҳподи мутаҷовиз ба осмони Эрон, ки дар шаҳри Лор дар устони Форс мунҳадим шуд, ки нақзи ошкори банди мамнӯияти ҳар гуна таҷовузи муҷаддад ба ҳарими ҳавоии Эрон аст;
- Инкори пазириши ҳаққи ғанисозии Эрон, ки банди 6-уми ин чорчӯб буд.
Акнун ҳамон “чорчӯби пояӣ барои музокира” низ ҳатто пеш аз оғози музокирот, 3 банди калидии он ошкор нақз шудааст.
Дар чунин шароите, на оташбаси дутарафа маъное дорад ва на музокирот”.
Қаламонлайн













