Паёми ҳамдардии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Пизишкиён
Ахбори байналмилал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон бо ирсоли паёме ба раиси ҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён, шаҳодати ҷонгудози Оятуллоҳил-узмо Сайид Алии Хоманаиро таслият гуфт.
Дар паёми мазкур омадааст:
«Бо ниҳоят таассуф ва андӯҳи амиқ хабари шаҳодати Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, Раҳбари олии Ҷ. И. Эрон, ҷамъе аз масъулони давлатӣ ва фармондеҳони низомиро дарёфт кардам. Ин зойеаи бузургро ба ҷаноби олӣ ва миллати шарифу сарбаланди Эрон таслият арз менамоям. Моилам бар нақши мондагори шаҳид Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ дар тавсиаи равобити ҳамаҷониба ва созанда байни Тоҷикистон ва Эрон ва таҳкими ҳамкориҳо байни ду миллати куҳан ва мутамаддин таъкид намоям.
Дар ин рӯзҳои ғамангез, маротиби ҳамбастагии мардуми Тоҷикистонро бо кишвари дӯсту бародари Эрон изҳор дошта, аз Худованди Мутаол барои ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар масири раҳмати илоҳӣ қарор гирифтаанд, мағфирату омурзиши абадӣ ва барои ҳамаи бастагону наздиконашон сабру шикебоӣ дар ин фоҷиаи ҳавлнок масъалат дорам».
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Қаламонлайн













