Паёми ҷадиди Қассом хитоб ба исроилиҳо: “Ҳайсияти артиши шуморо бо хок яксон мекунем!”

Паёми видеоии ҷадиди гурдонҳои Қассом хитоб ба саҳюнистҳо: “Ҳайсияти артиши шуморо бо хок яксон мекунем!”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос, имрӯз (панҷшанбе, 9-май) бо интишори як видеои ҷадид, саҳнаҳоеро аз тадоруки размандагони муқовамат барои дарҳам кӯбидани артиши ишғолгар, ки дар ҳоли пешравӣ дар Рафаҳ аст, ба намоиш гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Форс

Шохаи низомии ҷунбиш Ҳамос, бо интишори як видеои ҷадид, саҳнаҳое аз тадоруки размандагони фаластинӣ барои партоби мушак ва гулӯлаҳои хумпора ба сӯйи мавозеи режими саҳюнистӣ мунташир кард.

Ин видео таҳти унвони “Ҳайсияти артиши шуморо бо хок яксон мекунем!” мунташир шуд.

Имрӯз гурдонҳои Қассом ҳамчунин аз ҳадаф қарор додани маҳалли таҷаммӯи низомиёни саҳюнист дар шарқи шаҳри Рафаҳ бо хумпораҳои колибри 60 миллиметрӣ хабар дод.

Артиши Исроил аз бомдоди рӯзи сешанбе, ҳамлаи заминӣ алайҳи Рафаҳро оғоз кард ва ҳамзамон бо пешравии маҳдуд бо тонк ба тарафи шарқи Рафаҳ, бо вуҷуди даргирии шадид бо нерӯҳои муқовамат, гузаргоҳи Рафаҳро таҳти ишғоли худ даровард ва монеи хуруҷи беморон ва захмиҳо аз ин гузаргоҳ ва вуруди комюнҳои дарбардорандаи дору ва маводди беҳдоштӣ барои бемористонҳо шуд.

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, Иззат Ришқ, пеш аз ҳамлаи заминии артиши ишғолгар ба шарқи Рафаҳ, ҳушдор дода буд, ки “онҳо моро ба амалиёти заминӣ алайҳи Рафаҳ таҳдид мекунанд ва мо қавл медиҳем, ки онҳоро шикаст диҳем”.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҳити шод барои тарбияти фарзандони шод
Дудастагӣ ва ихтилоф дар давлати Исроил

Матолиби пурбоздид