Поёни даври дуввуми музокироти Эрон ва Амрико
Ахбори байналмилал
Ироқчӣ пас аз поёни даври дуввуми музокирот: “Қарор шуд, ду тараф рӯйи матнҳои як тавофуқи эҳтимолӣ кор кунанд”
Вазири хориҷаи Эрон гуфт: “Қарор шуд, ду тараф рӯйи матнҳои як тавофуқи эҳтимолӣ кор кунанд ва баъд матнҳоро табодул кунем ва баъд таърихи дигареро барои даври севвум таъйин кунем.”
Ба гузориши Исно, Сайидаббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон, дар гуфтугӯе пас аз поёни дуввумин даври музокирот дар Женев гуфт: “Дуввумин даври музокироти ғайримустақим баргузор шуд ва баҳсҳои хубе доштем ва дар ин давр нисбат ба даври гузашта мабоҳиси ҷиддӣ матраҳ шуд.”
Вай афзуд: “Фазои созандатаре дар ин давр вуҷуд дошт ва идеяҳои мухталифе матраҳ шуд, ки ба таври ҷиддӣ рӯйи ин идеяҳо баҳс шуд.”
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: “Дар ниҳоят бар рӯйи як силсила усули роҳнамо тавонистем мувофиқати куллӣ пайдо кунем, ки аз ин ба баъд рӯйи ин усул ҳаракат мекунем ва вориди матни тавофуқ хоҳем шуд, на ин ки ба суръат метавонем ба тавофуқ бирасем. Ба ин маъност, ки масире шурӯъ шуда ва умедворем ҳар чи зудтар тамом шавад ва омодагӣ дорем барояш вақти кофӣ бигузорем. Дар ҳар ҳол вақте ба тадвини матн мерасем кор каме мушкил ва резтар мешавад.”
Ироқчӣ идома дод: “Аз назари ман пешрафти хубе нисбат ба ҷаласаи гузашта сурат гирифт ва алъон як масири равшане пеши рӯ дорем, ки ба назари ман мусбат аст.”
Вай гуфт: “Замони мушаххасе танзим нашуда ва қарор шуд, ду тараф рӯйи матнҳои як тавофуқи эҳтимолӣ кор кунанд ва баъд матнҳоро табодул кунем ва баъд таърихи дигареро барои даври севвум таъйин кунем.”
Вазири умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон дар посух ба ин пурсиш, ки оё музокирот ба рели худаш баргаштааст изҳор кард: “Ҳанӯз нақшаи роҳ ба он маъно нест, аммо алъон тасвири равшантаре дорем, ки чӣ коре бояд анҷом шавад ва чӣ коре дар идомаи масир бояд анҷом шавад, албатта ҳанӯз ду тараф мавозеъе доранд, ки наздик шудани ин мавозеъ кор мебарад, вале ҳадди ақал алъон усули роҳнамо ва роҳи равшантаре дорем, ки дар он ҳаракат мекунем.”
Қаламонлайн
qalamonline.net













