Оғози ҷаласаи расидагӣ ба иттиҳоми наслкушии Исроил дар Лоҳа

Оғози ҷаласаи расидагӣ ба иттиҳоми наслкушии Исроил алайҳи мардуми Ғазза дар Девони байналмилалии додгустарӣ дар Лоҳа (Гаага)
Ахбори байналмилал
Аljazeera
Девони байналмилалии додгустарӣ дар Лоҳа (Гаага) ҷаласаи аввали худ дар мавриди расидагӣ ба иттиҳомоти Исроил дар наслкушии мардуми Ғаззаро шурӯъ кард.
Ба гузориши Алҷазира, ҷаласаи Девони байналмилалии додгустарӣ дар мавриди шикояти Офриқои Ҷанубӣ аз Исроил бобати наслкушӣ дар Ғазза бо суханронии намояндаи ҳуқуқии ин кишвар оғоз шуд.
Дар ҳошияи баргузории додгоҳ, ҳам тазоҳуркунандагони тарафдори Фаластин ва ҳам тарафдори Исроил дар хориҷ аз додгоҳ дар Гаага (дар Нидерланд) таҷаммӯъ кардаанд ва ҳамчунин тазоҳуроте дар пойтахти Офриқои Ҷанубӣ баргузор шудааст.
Ин парванда бо изҳороти расмии ду қозии муваққати Офриқои Ҷанубӣ ва Исроил оғоз шуд. Намояндаи Офриқои Ҷанубӣ ва раиси собиқи додгоҳи олии кишвар ба намояндагӣ аз Исроил сухан гуфтанд.
Дар идомаи раванди додгоҳ, вазири додгустарии Офриқои Ҷанубӣ, мудири Вазорати равобити байналмилали Офриқои Ҷанубӣ, вакили аршади коркунон аз маркази ҳуқуқи асосии Иёлоти Муттаҳида ва ҳамчунин шоҳидони фаластинӣ ва муттаҳидони байналмилалиии он суханронӣ мекунанд.
Аljazeera
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баёнияи дуввуми Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон
Ҳамла ба як киштӣ дар баҳри Уммон

Матолиби пурбоздид