Путин низоми ҷадиди молӣ дар ҷаҳонро пешниҳод медиҳад
Ахбори иқтисодӣ
Ташкили як низоми чандқутбии молӣ бармабнои фанновариҳои арзи диҷитол, барои пардохтҳо ва муомилоти молии байналмилалӣ, пешниҳоди Валдимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мебошад.
Ин пешниҳод ба далели роҳаттар ва амнтар кардани муомилоти байналмилал ва мустақил шудан аз бонкҳо ва пешгирии дахолати кишварҳои сеюм дар муомилоти молӣ ироа шудааст.
Раиси Ҷумҳурии Русия таъкид намудааст, ниҳодҳои молии дунё бо воқеиятҳои ҷаҳони чандқутбӣ мунтабиқ бошанд ва бар мабнои усули демократӣ амал кунанд. Вай изофа кардааст: Низоми пардохти байналмиллалии кунунӣ гарон аст ва системаи ҳисоб ва муқарароти он тавассути гуруҳи кучаке аз давлатҳо ва ширкатҳои молӣ мудирият мешавад.
Амрико дар чанд даҳаи гузашта, яъне аз замони эҷоди низоми молии Бартун Вудз, пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, аз султааш бар низоми молии дунё ва пули худ, яъне доллар барои эъмоли фишор зидди дигар кишварҳо истифода мекунад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн