Шарҳи ду мафҳум: илмӣ ва ғайри илмӣ

Шарҳи ду мафҳум:

Илмӣ ва ғайри илмӣ

“Илмӣ” ё “ғайри илмӣ”?

Илм дар луғат ба маънои донистан ва огоҳ шудан аст. Аммо дар истилоҳи ҳисгаро (sensualist), фақат ба донистаҳо ва огоҳиҳое илм мегӯянд, ки ё ба ҳис дарк шаванд ё аз роҳи таҷриба ва озмоиш ба даст омада бошанд. Онҳо вожаи илм ва сифати “илмӣ”-ро ба донистаҳо ва огоҳиҳое, ки аз роҳи ваҳй (дин) ва ё кашфу шуҳуд (ҳамон, ки урафо мегӯянд) ва ё илҳом ҳосил шуда бошад, ба кор намебаранд. Ва ё ҳатто ба он огоҳиҳое, ки аз роҳи ақли сирф ба даст омадааст илмӣ намегӯянд.

Пас, илмӣ ба назари онҳо, фақат он маълумоте аст, ки ё ба ҳавос (биноӣ, шунавоӣ, ломиса, чашоӣ ва бӯёӣ) дарк шудаанд ва ё ба воситаи озмоиш ба даст омадаанд.

Аммо аз нигоҳи дақиқи фалсафӣ ин назар дуруст нест. Ҳоло сабабашро арз мекунам. Бибинед, ҳатто ҳамин касе ҳам, ки чизеро аз таҷриба мегузаронад сипас як натиҷаи куллӣ ба даст медиҳад, масалан мегӯяд: “Агар зери ях оташ гузоранд об мешавад” (фарз кунед, ӯ онро аз таҷриба гузаронда, баъд натиҷа ба даст додааст), агар аз ӯ бипурсанд, ки оё ҳамаи якҳои рӯи оламро аз таҷриба гузаронда ва сипас ба ин натиҷа расидааст ё он ки фақат ду се намуна аз яхҳоро болои оташ гузоштааст? Дар посух ба ин пурсиш мегӯяд: фақат чанд намунаро аз таҷриба гузарондам, кофӣ аст одам танҳо ду се намунаро аз таҷриба гузаронад, ин чӣ суоли беҷиҳате аст, лозим нест ҳамаи яхҳои рӯи оламро таҷриба кунӣ. Мепурсем: чаро? Мегӯяд: ин ки бисёр равшан аст (яъне дар замираш як далели бисёр возеҳ нуҳуфта ба ҳадде, ки ҳатто барои худаш маълум нест), ки “ҳамаи ашёи якхела ҳукмашон якгуна аст”. Яъне агар ин ях рӯи оташ об шавад, пас қатъан (ва мусалламан) дигар яхҳо низ ин ҳукмро доранд.

Инҷо мо гиребонашро мегирем. Ту аз куҷо мегӯӣ: “Ҳамаи ашёи якхела ҳукмашон якгуна аст”. Ту инро аз куҷо мегӯӣ? Мегӯяд, ин ки бисёр равшан аст. Мегӯем, 2×2=4 низ бисёр равшан аст.

Хулоса, ҳамон тавр, ки таҷриба як манбаъ аст барои “илмӣ” тавсиф шудан ё ҳис манбаъ аст барои “илмӣ” тавсиф шудани чизҳое, ки бо ҳавос идрок мешаванд, ҳамин тавр ақл низ як манбаъ аст барои “илмӣ” тавсиф шудани чизе, ки ақл дарк мекунад. Далел надорад он яке “илмӣ” ва ин яке “ғайри илмӣ” тавсиф шаванд.

Ин матлаб, ки арз кардам, шояд ба назаратон хеле равшан намояд (шояд бигӯед, ин ки ҳатто ниёз ба исбот надорад), вале донишмандони бузурге мисли Дэвид Юм ва амсоли ӯ, ки афкорашон асос ва фундаменти назарияҳои атеистҳост, ин муаммо барояшон ҳалношуда боқӣ монда буд.

Ва барои ҳамин аст, ки оқои Дэвид Юм, дар хусуси қонуни сабабият (ки як қонуни сирф ақлӣ аст) мегӯяд, ба далели он ки бо ҳавос (биноӣ, шунавоӣ, ломиса, чашоӣ ва бӯёӣ) сабабиятро идрок намекунем, ба ҳамин хотир онро илмиаш намедонем. Бале, ба ҳамин соддагӣ. Аз назари амсоли ин оқоён, фарқе байни ҷунбидани ин дарахт ва офариниши олам вуҷуд надорад, зеро ҳар ду ба назари онҳо, натиҷаи тасодуфанд, яъне ҳамон тавр ки бод (шамол, ки вазиданаш сабаби ҷунбидани ин дарахт аст)-ро намебинем, ҳамин тавр Худоро намебинем (ки ба ҳукми ақл сабаби офариниши ин олам аст.)

(Манбаъ: Фейсбук, саҳифаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сухангӯи Толибон гуфтааст, болотарин хушанат алайҳи занон дар кишварҳои ғарбист
Путин низоми ҷадиди молӣ дар ҷаҳонро пешниҳод додааст

Матолиби пурбоздид