Раиси иттилооти низомии артиши Исроил: “Мо шикаст хӯрдем!”

Раиси иттилооти низомии артиши Исроил: “Мо шикаст хӯрдем!”
Ахбори байналмилал
Аарон Халива, раиси иттилооти низомии артиши режими саҳюнистӣ, имрӯз (1 ноябр), дар 26-умин рӯзи амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”, ба шикаст дар муқобил ин амалиёт эътироф кард.
Ба гузориши коноли 13 телевизиони “Исроил” (13tv.co.il), женерол Аарон Халива, раиси бахши иттилооти низомии режими саҳюнистӣ, ба шикасти иттилоотии ниҳоди таҳти фармонаш дар қиболи амалиёти «Тӯфон ал-Ақсо» эътироф кард ва гуфт, ки нерӯҳои таҳти фармонаш шикаст хӯрдаанд, зеро “ба муҳимтарин маъмурияти худ, ки ироаи ҳушдори ҷанг аст, амал накарданд.”
Вай афзуд: «Артиши Исроил тобеъи дастуроти номуваффақе аст. Ба унвони раиси ин созмон, ҳамон тавр, ки аз рӯзи аввали ҷанг таъкид кардаам, масъулияти ниҳоии инро бар ӯҳда мегирам».
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фатвои хохомҳои яҳудӣ: “Бомбборони бемористони марказии Ғазза ҷоиз аст”
Номаи Садриддин Айнӣ ба Камол Айнӣ

Матолиби пурбоздид