Jerusalem Post: Эрон бояд ба шаш кишвар таҷзия шавад
Ахбори байналмилал
Як таҳлилгари исроилӣ дар мақолае дар нашрияи Jerusalem Post, хостори таҳрики ихтилофҳои қавмиятӣ дар Эрон ва таҷзияи он ба 5 то 6 кишвар шудааст.
Мордехай Кедар, таҳлилгари исроилӣ ва афсари собиқи иттилооти низомии артиши ин режим, дар ин мақола хостори таҳрики ихтилофҳои қавмиятӣ ва таҷзияи Эрон ба 5 то 6 кишвар шудааст.
Кедар менависад: “Пурсиш ин ҷост, ки мардуми Эрон чӣ гуна ба беҳтарин наҳв метавонанд барномаи ҳастаии ин кишварро сарнагун кунанд? Посух дар барандозӣ аз тариқи ақаллиятҳои қавмӣ нуҳуфтааст.”
Таҳлилгари Jerusalem Post мегӯяд, чунончи ақвоми гуногун дар Эрон барои сарнагунии ҳукумати Эрон муттаҳид шаванд, Ҷумҳурии Исломии Эрон соқит шуда ва барномаи ҳастаии Эрон ба зуболадони таърих хоҳад пайваст.”
Ӯ навиштааст: “Аз он ҷо, ки ҷомеаи байналмилалӣ аҳаммияте барои мутаваққиф кардани сареъи барномаи ҳастаии Эрон қоил аст, боисте тамоми иқдомоти лозимро барои тақвияти ақаллиятҳои қавмии Эрон, ки хостори ҷудоӣ аз режим ва эҷоди кишварҳои қавмӣ дар Эрон ҳастанд анҷом диҳад.”
Кедар мегӯяд, дар сурати вуқӯи ин иттифоқ, таҳдиди Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва гурӯҳҳои ҳомии Эрон дар Ироқ ва Сурия ва Яман, ба суръат аз байн хоҳад рафт ва эҳтимоли он ки Исроил ва Ховари Миёна дар сулҳу амният зиндагӣ кунанд, афзоиш хоҳад ёфт.
Таҳлилгари исроилӣ мегӯяд, баъд аз фурӯпошии Эрони якпорча ва шаклгирии 5 то 6 кишвар бар мабнои гароишҳои қавмиятӣ, дунё ба маконе амнтар ва беҳтар табдил хоҳад шуд.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: