Расонаҳои исроилӣ: Ҳалокати 711 нерӯи исроилӣ аз замони вуруд ба Ғазза

Расонаҳои исроилӣ: Ҳалокати 711 нерӯи исроилӣ аз замони вуруд ба навори Ғазза

Ахбори байналмилал

Isna

Расонаҳои исроилӣ (ҷумъа, 10 май) аз вуқӯи 2 ҳодиса дар Рафаҳ хабар доданд, ки тайи он, 4 сарбози исроилӣ кушта ва як тани дигар маҷрӯҳ шудааст.

Ба гузориши Исно

Расонаҳои исроилӣ навиштанд, 2 ҳодисаи шадид дар Рафаҳ ба вуқӯъ пайваст. Як худрави Tiger рӯи бомби коргузошташуда рафт ва дигаре мавриди исобати мушаки зидди зиреҳ қарор гирифт.

Дар бораи талафоти артиши ишғолгар низ рӯзномаи исроилии Israel Hayom (рӯзи ҷумъа) навишт, 711 сарбози исроили дар тӯли ҷанги Ғазза кушта шудаанд, ки 637 тани онҳо нерӯи артиш, 68 тан нерӯи пулис ва 6 тан аз нерӯҳои Шобок будаанд.

Isna  

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи мушакӣ аз хоки Лубнон ба Исроил
Гузарномаи сафар

Матолиби пурбоздид