Раҳбарии ҷадиди Ҳамос бо кӣ хоҳад буд?
Байналмилал
Euronews: Рақобати номзади наздик ба Эрон ва Қатар барои раҳбарии ояндаи Ҳамос
Ҳамос ба зудӣ раҳбари ҷадидеро интихоб хоҳад кард ва номзадҳои аслии раҳбарии ҷадиди Ҳамос, як номзади наздик ба Эрон ва як номзади наздик ба Қатар ҳастанд, ки эҳтимоли пирӯзии номзади наздик ба Эрон яъне Халил ал-Ҳайя бештар аст.
Ба гузориши Euronews, рӯзномаи саудии Ашшарқ рӯзи шанбе ба нақл аз манобеи наздик ба раҳбарии Ҳамос гузориш дод, ки интизор меравад ин гурӯҳи муқовимати фаластинӣ зарфи чанд рӯз ё чанд ҳафтаи оянда раҳбари ҷадидеро интихоб кунад.
Тибқи гузоришҳо, ду номзади аслӣ, Холид Машъал, раиси собиқи дафтари сиёсии Ҳамос ва Халил ал-Ҳайя, раиси феълии дафтари сиёсии Ғазза ҳастанд.
Ба гуфтаи ин манобеъ, ихтилофи аслӣ байни ду номзад, сиёсатҳо ва дидгоҳҳои онҳо марбут ба хуруҷи Исроил аз Ғазза аст. Гуфта мешавад, Халил ал-Ҳайя, ки ба Эрон наздик аст, аз идомаи “даргирии мусаллаҳона бо Исроил дар навори Ғазза то поёни ҷанг ва хуруҷи комили артиши Исроил аз навори Ғазза“ ҳимоят мекунад, дар ҳоле ки Холид Машъал, ки ба Қатар наздиктар аст, ба дунболи “мусолиҳа аз тариқи музокира барои поён додан ба ишғоли Ғазза“ аст.
Манобеъ гуфтанд, ки Машъал ҳамчунин аз “талош барои дур кардани Ҳамос аз Эрон“ ва “наздиктар кардани он ба кишварҳои миёнарави араб“ ҳимоят мекунад.
Манобеъ гуфтаанд, ки Халил ал-Ҳайя эҳтимолан пирӯз хоҳад шуд, зеро аз ҳимояти раҳбарони Ҳамос дар Ғазза ва каронаи Бохтарӣ, аз ҷумла Ҷабборин, раиси дафтари сиёсии каронаи Бохтарӣ бархӯрдор аст.
Қаламонлайн
qalamonline.net













