Раҳбари Толибон: “Ҷаҳон ба вазифаи худ дар баробари ҷиноёти Исроил амал кунад”

Раҳбари Толибон: “Ҷаҳон ба вазифаи худ дар баробари ҷиноёти Исроил амал кунад”

Ахбори байналмилал

Irna

Ҳибатуллоҳ Охундзода, раиси ҳукумати Афғонистон, дар паёме ба муносибати Иди саъиди Қурбон, аз миллатҳо ва ҳукуматҳои ҷаҳон ва ниҳодҳои байналмилалӣ хост, то ба таклифи худ барои ҷилавгирӣ аз ҷиноёти исроилӣ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин амал кунанд.

Ба гузориши Ирно, мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода дар паёми худ, зимни маҳкум кардани ҷиноёти Исроил, аз ҷаҳониён хост, таклифи хешро барои ҷилавгирӣ аз ин ҷиноёт, ба дурустӣ адо намоянд.

Дар паёми раиси ҳукумати Афғонистон омадааст: “Ҳамалот ва зулмҳои саҳюнистҳо дар Ғазза ва соири манотиқи Фаластин алайҳи занон, кӯдакон ва мусалмонони мазлумро як бори дигар ба шадидтарин алфоз маҳкум мекунем ва аз соири мамолик мехоҳем, ки барои ҷилавгирӣ аз ин ҷинояти бузург ва зулмҳои ваҳшиёна, таклифи хешро ба гунаи дуруст адо намоянд.”

Мулло Ҳибатуллоҳ дар бахшҳои дигар аз паёми худ ба муносибати Иди Қурбон, ба бархе масоили дохилии Афғонистон ишора ва таъкид кард, ки дар Афғонистон гомҳои муҳимме дар бозсозӣ, зироат, обёрӣ, истихроҷи маодин ва соири бахшҳо бардошта шуда ва дар ҳоли иҷрост.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Як назарсанҷӣ дар бораи пирӯзи эҳтимолии интихоботи Эрон
Мутолиаи рӯзона

Матолиби пурбоздид