Зарбае дигар ба руъёи демукросӣ дар Тунис

Таҳлили хабарӣ
Зарбае дигар ба руъёи демукросӣ дар Тунис
Ба қалами Муҳаммадҳусайни Лутфуллоҳӣ 
“Боздошти Рошид Ғаннушӣ, чеҳраи барҷаста дар Тунис, нишонае дигар аз марги комили демукросӣ дар кишваре аст, ки ба назар мерасид танҳо наҷотёфтаи “Баҳори арабӣ” бошад.
Тунис, зодгоҳи “Баҳори арабӣ”, ба охирин кишваре табдил шуд, ки ҷунбишҳои озодихоҳонаи зодашуда аз “Баҳори арабӣ” дар он шикаст мехӯранд. Пас аз як даҳа талош барои дастёбӣ ба озодӣ ва демукросӣ, дар соли 2021 Қайс Саъид, раисиҷумҳур ва қудратмандтарин сиёсатмадори Тунис, дастури таътилии порлумонро содир ва дар фосилаи кӯтоҳе пас аз он, боздошти мунтақидони демукросихоҳро оғоз кард.
Ҳафтаи гузашта, саранҷом навбат ба Рошид Ғаннушӣ расид. Ӯ раҳбари бузургтарин ҳизби сиёсӣ дар Тунис ва яке аз муҳимтарин мутафаккирони ҷаҳони араб дар ҳавзаи сиёсат аст. Ғаннушӣ, мутаваллиди соли 1941 дар ҷануби Тунис ва дар хонаводае фақир, ки бо кишоварзӣ рӯзгор мегузаронданд, барои таҳсил ба Қоҳира, Димишқ ва сипас Порис сафар кард ва сипас дар соли 1971 ба Тунис бозгашт.
Дар он замон, ҷараёнҳои сиёсии исломгаро ва ихвонӣ рушди қобили таваҷҷӯҳе дар минтақа пайдо карда буданд ва аз ин ҷунбишҳо ба унвони алтернативе барои давлатҳои иқтидоргарои арабӣ ном бурда мешуд. Ғаннушӣ дар 40-солагӣ дар таъсиси ҷунбиши исломии Тунис мушорикат кард ва боздошт шуд. Ӯ ба муддати се сол дар зиндон буд ва шиканҷаҳои бисёреро дар ин муддат таҳаммул кард. Дар соли 1987 ӯ бори дигар ба зиндон афтод ва дар шароите, ки дигар кишварҳои арабӣ ҳозир ба пазириши Ғаннушӣ набуданд, давлати вақти Тунис ӯро ба Ландан табъид кард.
Таҷрибаи зиндагии Ғаннушӣ дар як либерол-демукросии ғарбӣ ва нигоҳи ӯ ба ин системаи сиёсӣ аз зовияи диди як исломгаро, боис шуд ӯ дар муқоиса бо ҳамнаслони араби худ нигоҳи мутафовите ба мавзӯъи ҳукумат дошта бошад. Бар асоси навиштаҳои Ғаннушӣ, ӯ бар ин бовар буд, ки озодӣ яке аз аслитарин рукнҳои як ҳукумат аст ва тавсия мекард, ки бояд аз таҷориби ҳамаи инсонҳо фориғ аз дини онҳо, дарс гирифт.
Соли 2011 замоне, ки мавҷи эътирозот алайҳи хушунати пулис ва саркӯбгарии ҳукумат ба авҷ расида ва диктотури вақти Тунисро маҷбур ба фирор карда буд, Ғаннушӣ ба Тунис бозгашт. Ғаннушӣ кӯмак кард, то интиқоли қудрат дар Тунис ба демукротиктарин шакли мумкин ба саранҷом бирасад ва поягузории системи сиёсии ҷадид дар Тунис ба шакле бошад, ки ин кишвар битавонад як оянда ва як чашмандози демукротик пеши рӯйи худ дошта бошад. Ӯ дар охирҳои баҳори 2013 ба Миср сафар кард, то ба Муҳаммад Мурсӣ, аз аъзои Ихвонулмуслимин ва раисиҷумҳури мунтахаби ин кишвар мушовира диҳад. Ҳарчанд вуқӯъи бархе аз иттифоқот дар тасаввуроти хеле аз касоне, ки он рӯзҳоро надидаанд, намегунҷад, аммо дар он замон интихоботи мӯътабар ва озоде дар кишварҳои Тунис, Миср ва Либӣ баргузор шуд ва ин кишварҳо масири тоза ва мутафовитеро пеш гирифта буданд. Тӯле накашид майдони Таҳрир, пойгоҳи аслии мухолифоне, ки ҳукумати диктотурии Ҳусни Муборакро барандохта буданд, ба маҳалли таҷаммӯъи мухолифони мисрӣ бадал шуд; мухолифони сиёсии ӯ мураттабан фарохони тазоҳурот медоданд ва фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Миср низ ба ҷойи ҳимоят аз давлати қонунӣ ва баромада аз як интихоботи озод, шеваи мутафовитеро дар пеш гирифт.
New Yorker дар ин замина менависад: “Агар дар он замон Мурсӣ ба мушовираҳои Ғаннушӣ гӯш дода ва тағйиротеро барои хомӯш кардани оташи эътирозот эъмол карда буд, ин имкон вуҷуд дошт, ки Миср вазъияти мутафовите дошта бошад, аммо дар ниҳоят женерол Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури кунунии Миср ба таҷрибаи 30-моҳаи ҳокимияти демукросӣ дар Миср поён дод ва қудратро ба даст гирифт.”
Дар Миср ҳазорон нафар аз исломгароён ва мунтақидони ҳукумати диктотурии Абдулфаттоҳ Ассисӣ кушта шуданд ва руъёи демукросӣ хеле зуд бар бод рафт. Аз он замон, тамоми тағйироти мусбате, ки дар пайи хезишҳои мардумӣ ва “Баҳори арабӣ” эҷод шуда буд, яке-яке бар бод мерафт, аммо Тунис тавонист як истисно боқӣ бимонад.
Охирҳои соли 2013 Ҳизби наҳзати Тунис, ки Ғаннушӣ дар таъсиси он нақш дошт, аксарияти порлумони интиқолиро дар ихтиёр гирифта буданд ва музокирот барои тадвини Қонуни асосӣ ҷараён дошт, аммо як иттифоқ Тунисро низ дар маърази хатар қарор дод. Терури ду нафар аз сиёсатмадорони секулор ва чапгаро ва гумони бисёре аз гурӯҳҳои сиёсӣ ба исломгароён барои ин терурҳо боис шуд раванди тағйироти сиёсӣ дар Тунис мутаваққиф шавад. Талошҳои Ғаннушӣ дар он замон ва истодагии ӯ дар баробари бархе ҳамҳизбиҳояш боис шуд Ҳизби наҳзат довталабона қудратро таҳвили як давлати секулори муваққат диҳад, то бар баргузории интихоботи ҷадид назорат кунад.
Ин имтиёз, ки Ҳизби наҳзат ба рақиб дод, бунбастро шикаст ва Тунис тавонист 4-умин солгарди инқилоби демукротики худро ҷашн бигирад. Созмонҳои мардумниҳод, ки ба музокирот миёни блокҳои қудрат кӯмак карда буданд ва дар дастёбии онҳо ба тавофуқи тақсими қудрат нақш доштанд, Нобели сулҳ гирифтанд ва Ғаннушӣ дар мусоҳибае дар Вошингтун эълом кард: “Мо фаришта нестем, мо ҳам қудратро дӯст дорем, аммо мӯътақидем, ки дастёбӣ ба як Қонуни асосии демукротик бисёр муҳимтар аст.” Дар он замон ба назар мерасид, ки Тунис танҳо наҷотёфтаи “Баҳори арабӣ” аст.
Як мушкили бузург дар ин миён вуҷуд дошт. Иқтисоди Тунис ба шиддат вобаста ба гардишгарӣ буд ва ба рағми оромиши сиёсии нисбӣ, ки эҷод шуд, аммо ҳеч гоҳ гардишгарӣ ба вазъияти пешини худ бознагашт. Солҳо беамалӣ аз сӯйи давлатҳо дар Тунис ва мушкилоти иқтисодии қобили таваҷҷӯҳе, ки зиндагии мардумро таҳти таъсир қарор дода буд, боис шуд тӯдаи мардум нисбат ба сиёсатмадорон бадбин шаванд. Дар ин миён, як тасмими иштибоҳ аз сӯйи Ғаннушӣ яъне ҳузур дар интихобот ва вуруд ба порлумон, вазъиятро ба маротиб мутафовиттар кард. Дар интихоботи соли 2019 ӯ тавонист ба порлумон роҳ ёбад ва ба унвони раиси порлумон интихоб шуд. Ҳоло ӯ низ як сиёсатмадор шуда буд; гурӯҳе, ки мардум дили хуше аз онҳо надоштанд.
Имод Шоҳин, муҳаққиқи исломи сиёсӣ ва устоди Донишгоҳи Ҳорворд мегӯяд: “Он маҷлис амалан як сирк буд. Сиёсатмадоре дар сатҳи ӯ вориди як фазои сиёсии муҳаққар шуда буд ва ба шиддат таҳти фишор қарор гирифт.”
Дар соли 2019 ва дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, раъйдиҳандагон ба ҳар касе, ки собиқаи мудирият дар бахши давлатӣ ё умумӣ дошт, “на” гуфтанд. Ду чеҳраи популист – як чеҳраи шинохташудаи расонаӣ ва як устоди ҳуқуқ – ба даври дуввум роҳ ёфтанд ва дар ниҳоят Қайс Саъид, устоди ҳуқуқ, дар даври дуввум ба пирӯзӣ даст ёфт. Аз бисёре ҷиҳот, Саъид дақиқан нуқтаи муқобили Ғаннушӣ буд. Ӯ тарафдори нигоҳ ва фалсафаи сиёсии мушаххасе набуд, мураттабан аз Ғарб интиқод мекард ва алайҳи ниҳодҳои байналмилалӣ назири Сандуқи байналмилали пул, ки Тунис ба кӯмаки онҳо ниёз дошт, мавзеъ мегирифт. Ӯ бовар дошт, давлат бояд ӯҳдадори амри мазҳаб бошад ва контроли мавзӯъоте назири тафсири аҳкоми динӣ ва омӯзиши таълимоти исломиро бар ӯҳда бигирад. Аз нигоҳи ӯ, озодиҳои иҷтимоӣ бояд маҳдуд мешуд ва ҳеч ишколе надошт агар давлати Тунис барои тавҷеҳи нокоромадиҳои иқтисодии худ “муҳоҷирони сиёҳпӯст”-ро муқассири вазъи мавҷуд муаррифӣ кунад.
Саъид аз фурсати ҳамагирии COVID-19 истифода кард, то тасмимоти иқтидоргароёнаи худро ба курсӣ нишонд. Ӯ порлумонро мунҳал кард ва нерӯҳои амниятӣ шурӯъ ба боздошти мухолифони ҳукумати Саъид карданд. Яке аз охирин намунаҳои ин боздоштҳо, боздошти Ғаннушии 81-сола буд. Ғаннушӣ дар яке аз охирин изҳори назарҳои худ таъкид карда буд, ки “Тунис бидуни ҳузури Ҳизби наҳзат, бидуни исломи сиёсӣ, бидуни гурӯҳҳои чап ё ташаккулҳои дигар ба маънии тарҳе барои шурӯъи ҷанги дохилӣ аст.”
Ӯ рӯзи душанбе боздошт ва ба тавтиа алайҳи амнияти кишвар муттаҳам шуд ва рӯзи панҷшанбе як додгоҳ ҳукм дод, ки Ғаннушӣ то пеш аз муҳокимааш дар зиндон нигаҳдорӣ шавад. Иттиҳоме, ки ба ӯ мунтасаб шуда метавонад ҳукми эъдом дар пай дошта бошад. Фурӯпошии руъёи демукросӣ дар Тунис ва зарбае, ки ба ҷунбишҳои демукросихоҳ дар ин кишвар ворид шуда як воқеият аст, аммо зиндонӣ шудани чеҳраи мунҳасир ба фарде назири Ғаннушӣ нишонгари як ақибгарди хатарноктар барои ин кишвар аст. Ғаннушӣ дар як видеои аз пеш забтшуда, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, аз тунисиҳо хост сабр пеша кунанд ва ба сохторҳои баромада аз инқилоб эътимод дошта бошанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки “демукросӣ дар Тунис як падидаи гузаро нахоҳад буд.”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сабаби ақибмондагии кишварҳои исломӣ аз назари Аҳмади Дониш
Густардагии забони форсӣ дар кишварҳои арабӣ

Матолиби пурбоздид