Рекорди боздиди сайёҳон аз кишвари Ӯзбекистон
Ахбори минтақа
Узбекистон дар 11 моҳи соли 2025 рекорди нави сайёҳиро сабт кард
Дар 11 моҳи соли 2025 беш аз 10 миллион сайёҳ аз Узбакистон боздид кардаанд, ки ин нишондиҳанда бори аввал дар таърихи кишвар ба чунин сатҳ расидааст.
Ба иттилои Кумитаи миллии омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шумори сайёҳон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,4 дарсад ё тақрибан 3,5 миллион нафар афзоиш ёфтааст.
Коршиносон афзоиши ҷараёни сайёҳонро ба беҳтар шудани зерсохтҳои сайёҳӣ ва туристӣ, соддагардонии шароити раводид, рушди хатсайрҳои байналмилалӣ ва ҷаззобияти рӯзафзуни маконҳои таърихию фарҳангии кишвар рабт медиҳанд.
Ин пешрафт Узбекистонро ба унвони яке аз самтҳои муҳимми сайёҳӣ ва туристӣ дар минтақа боз ҳам тақвият мебахшад.
Қаламонлайн
qalamonline.net













