Решаи ихтилофи Эрон ва Русия

Таҳлили хабарӣ
Чаро Эрон ва Русия ошкоро дар мавриди Ховари Миёна бо якдигар ихтилофи назар доранд? 
Решаи ихтилофи Эрон ва Русия
Таҳлил
“Чаро Русия аз вожаи “халиҷ” истифода мекунад ва моликияти Эрон бар ҷазоири сегонаро зери суол мебарад? Решаро бояд дар тавофуқи нонавиштаи Теҳрон ва Вошингтун барои эҳёи “Барҷом” ҷуст…”
Таҳлиле дар пойгоҳи Middle East Eye:
Алорағми узвияти расмии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шонкҳой ва ҳимояти Эрон аз Русия, аммо Вазорати умури хориҷаи Русия иддаоҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди ҷазоири сегонаи эронӣ дар наздикии тангаи Ҳумузро мавриди таъйид қарор дод. Вазорати умури хориҷаи Эрон дар як иқдоми маъмули диплумотик, сафири Русияро дар эътироз ба рӯйкарди Русия дар ба чолиш кашидани моликияти Эрон бар ҷазоир эҳзор кард. Эрон аз Русия хост, дар ин маврид мавзеъи худро тасҳеҳ кунад. Сафири Эрон дар Русия бо намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Ховари Миёна ва муовини вазири умури хориҷа дар Маскав дидор кард. Русия бар мавзеъи худ монд ва дар ривоёти диплумотики худ низ ба ҷойи вожаи халиҷи Форс, аз “халиҷ” истифода кард.
Рафтори Русия, ба ҷойи нишон додани қудрат, заъф дар равобиташ бо Ғарб, Эрон ва кишварҳои арабиро ошкор сохт. Русия дар ҳоли ҳозир дар дастёбӣ ба аҳдофи худ дар Укройн ноком монда ва натавониста ҷилави густариши НАТО-ро бигирад. Туркия, илова бар ҳимоят аз узвияти Суэд (Шветсия) дар НАТО, ҳимояти худро аз узвияти Укройн дар НАТО низ эълом кардааст. Укройн камокон аз ҳимояти ҳамаҷонибаи Ғарб бархӯрдор аст ва ҳеч чашмандози фаврие барои имтиёз додан ба Маскав барои сулҳ вуҷуд надорад.
Дар ҳоле, ки Эрон аз тариқи аҳрумҳои низомӣ, сиёсӣ ва диплумотик, ба ҳимоят аз Русия идома медиҳад, Маскав аз ин бим дорад, ки Теҳрон аз ин ҳимоят ба унвони абзори чоназанӣ дар музокирот барои эҳёи “Барҷом” бо Иёлоти Муттаҳида ва Урупо истифода кунад.
Ба назар мерасад, як “тавофуқи ғайрирасмӣ ва нонавишта”-и тоза байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон, ки иҷрои он оғоз шудааст нигаронии Русияро барангехта. Эрон мутааҳҳид шуда, ки ҳамкории худро бо бозрасони байналмилалии ҳастаӣ густариш диҳад, аз фурӯши мушакҳои болистик ба Русия худдорӣ варзад ва ба паймонкорони омрикоӣ дар Сурия ва Ироқ ҳамла накунад.
Вокунишҳои мақомҳои Эрон ба Русия дар мавриди ба чолиш кашидани моликияти Теҳрон бар ҷазоири сегона шадидтар аз вокуниши мушобеҳи Эрон ба мавзеъи давлати Чин дар ин бора будааст. Ин рӯйкард нишон медиҳад, ки Теҳрон акнун мавқеияти Русияро заъиф ва шикананда медонад ва эҳсос мекунад, ки Русия наметавонад аз таниши эронӣ – арабӣ ба унвони аҳруми фишор алайҳи Теҳрон истифода кунад, чаро ки Русия акнун аз аҳруми диплумотики сиёсӣ ва иқтисодии кофӣ бархӯрдор нест.
Ба гуфтаи раиси Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон дар мавриди охирин мавозеъи Русия, ҳимояти Эрон аз Русия машрут аст. Мӯҳсини Ризоӣ, яке аз фармондеҳони Сипоҳи Посдорон эълом кард, ки равобити Эрон бо Русия ношӣ аз заъфи Эрон нест ва Русия бояд мавзеъи худро ислоҳ кунад. Алиакбари Вилоятӣ, мушовири умури байналмилали мақоми олии раҳбарии Эрон низ мавзеъгирии Русияро “соддалавҳона” қаламдод кардааст. Ин ки сиёсатмадорони усулгарое монанди Муҳаммадҷаводи Лориҷонӣ ва Муҳаммадбоқири Қолибоф низ Русияро муттаҳам ба фурсатталабӣ ва “бозӣ дар замини бозии омрикоиҳо” ва “кӯмак ба Ғарб дар бесуботсозии халиҷи Форс” намуда ва Маскавро сарзаниш карданд, амре шигифтовар буд. Бинобар ин, ҳазинаҳои сиёсӣ ва диплумотики болои ҳимоят аз Русия, мумкин аст боис шавад Эрон дар сиёсати худ таҷдиди назар кунад.
Як манбаъи огоҳ дар Теҳрон мегӯяд, Эрон қасд дорад дар мавзеъи худ дар мавриди ҷанги Укройн таҷдид назар кунад. Ин манбаъ бар асоси вокуниши мақомҳои Эрон мегӯяд, барои Теҳрон ин амр қатъӣ шуда, ки Русия қудрат ва тавони худро барои ифои нақши асосӣ дар муъодилоти иқтисодӣ ва амниятии байналмилалӣ ва дуҷониба аз даст додааст. Дар ҳоле, ки Русия бо такяи беш аз ҳадд ба таҳдидот ва иқдомоти низомӣ, натавонист ба натоиҷи матлуб даст ёбад, тавсиаи НАТО идома ёфт, зеро ҷумҳуриҳои бештаре дар Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ дарҳои худро ба рӯйи нуфузи Иттиҳодияи Урупо ва Иёлоти Муттаҳида гушуданд ва аз фишорҳои Ғарб бар Русия табаият намуданд. Дар натиҷа, ҳимояти номаҳдуд аз Русия метавонад манофеъи ҳаётии Эронро ба хатар андохта ва ҳамчунин эҳтимоли тавтиаҳои ғайримунтазираи ҳуқуқӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва низомии Ғарб алайҳи Теҳронро афзоиш диҳад.
Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ ин ҷост, ки мақоми олии раҳбарии Эрон дар суханрониаш, бо баёни ин ки мардуми Укройн бепаноҳ ҳастанд, нишон дод, ки амалкарди Русия ва паёмадҳои ҷанг дар Укройнро мусбат намедонад. Сафорати Эрон дар Бруксел бо судури баёнияе фаврӣ, “иддаоҳои беасос алайҳи Эрон дар баёнияи сарони кишварҳои НАТО” дар бораи “дахолати Эрон дар авзоъи Укройн”-ро рад кард. Дар ин баёния таъкид шуда, ки Эрон ба унвони як бозигари минтақаии масъул ва таъсиргузор, пайваста бар аҳаммияти пойбандии комил ба аҳдоф ва усули маншури Созмони Милали Муттаҳид ва қавонини байналмилалии марбута таъкид мекунад, ки усуле, ки “эҳтиром ба ҳокимият, истиқлол ва тамомияти арзии тамоми кишварҳо”-ро шомил мешавад.
Илова бар ин, танишзудоӣ ва оддисозии равобити Эрон бо кишварҳои араби ҳавзаи халиҷи Форс, ки бо миёнҷигарии Чин сурат гирифт, ба шикасти диплумотики Русия мунҷар шудааст. Пеш аз ибтикори амали диплумотики Чин, ин Русия буд, ки чорчӯби “амнияти ҷамъӣ дар халиҷи Форс”-ро матраҳ кард ва ба дунболи он буд, ки худро ба унвони як қудрати диплумотики бузург дар мудирияти танишҳо дар Ховари Миёна муаррифӣ кунад.
Ба гуфтаи Шаҳриёри Ҳайдарӣ, ноиби раиси Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон, Русия аз оддисозии равобити диплумотики Эрон бо кишварҳои арабии минтақа хушнуд нест. Ӯ афзудааст: “Бо таваҷҷӯҳ ба коҳиши нақши Ғарб дар минтақа, Русия, ки даргири ҷанг бо Укройн аст, талош мекунад, то мушорикати худро тақвият кунад. Бинобар ин, Русия бо тазъифи пайвандҳои минтақаии мо, ба дунболи тақвияти нақши худ дар минтақа аст.”
Русия дигар нақши муҳимме дар музокироти ғайримустақими ҳастаии Эрон бо Омрико ва кишварҳои урупоӣ надорад ва Чин бар раванди коҳиши таниш миёни Эрон ва кишварҳои арабӣ мусаллат аст. Бо ин вуҷуд, кишварҳои арабӣ бар асоси баёнияи муштараки Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва Русия, Маскавро манбаъи муҳимме барои таъсиргузорӣ бар рафтори минтақаии Эрон медонанд. Ҳамчунин, вазни диплумотик ва сиёсии Русия метавонад Теҳронро аз оғози ташдиди таниши ҷадид дар минтақа боздорад. Пеш аз баҳс дар мавриди ҷазоир, баёния бар ҳифзи амнияти дарёӣ ва оброҳҳо дар минтақа ва ҳамчунин таҳдидоти хутути киштиронӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва таъсисоти нафтӣ мутамаркиз буд.
Илова бар ин, агар музокироти ҳастаӣ ба бунбаст бирасад, танишҳо ва даргириҳои минтақаӣ мумкин аст дубора шӯълавар шуда ва Русияро ба шарики муфид барои аъроб дар контроли тасмимот ва рафторҳои амниятии минтақаии Эрон табдил кунад. Ин сенориюе аст, ки ба Маскав иҷоза медиҳад барои монуврҳои сиёсӣ ва диплумотик нақше фурсатталбона биёбад. Тасодуфӣ нест, ки Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфта буд, ки интизори эҳёи “Барҷом” ғайривоқеӣ аст.
Дар мудирияти равобит бо Эрон чеҳраҳои ҳалқаи наздик ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, Игор Левитин ва Юрий Ушаков, дастёрони Путин ба ҳамроҳи Сергей Шойгу, вазири дифоъ вуҷуд доранд ва ин афрод нақше калидӣ дар тасмимгириҳо доранд. Дар ин ҳалқа Лавров ҳузур надорад; касе, ки эътибори худро ба далели инкори ҷанги қарибулвуқӯъ бо Укройн аз даст додааст. Аз ин рӯ Лавров наметавонад ба танҳоӣ тасмим бигирад ва боиси асабонияти Эрон ё таҳрими эҳсосот зидди русӣ дар он кишвар шавад.
Бо ин вуҷуд, ин Вазорати хориҷаи Русия аст, ки манофеъи Русия дар “Барҷом”-ро ба сурати диплумотик мудирият мекунад. Ба назар мерасад, Лавров аз сӯйи тасмимгирандагони аршади Русия ин чароғи сабзро дарёфт карда, то ба ҷойи таъомули махфиёна бо мақомҳои эронӣ, Эронро аз тариқи иқдомоти диплумотик бо кишварҳои арабӣ таҳти фишор қарор диҳад. Агарчӣ Маскав аз оддисозии равобит байни Эрон ва бархе кишварҳои арабӣ истиқбол мекунад, бурузи ихтилофоти минтақаӣ ба беҳтарин ваҷҳ манофеъи амниятӣ ва иқтисодии Маскавро таъмин мекунад.
Назари Теҳрон ин аст, ки агар Русия воқеан оддисозии Эрон ва аъробро мепазирфт ва тамоюле ба суистифода аз шикофи мавҷуд дар равобити Эрон ва Аморот барои манофеъи иқтисодӣ ё сиёсии якҷонибааш надошт, метавонист аз тарҳи ҷазоири сегона дар баёнияи чандҷониба худдорӣ варзад ва ҳамчунин қодир буд ба Аморот тавсия кунад, ки ин мавзӯъро ба сурати дуҷониба бо Теҳрон дунбол кунад. Дар иваз, Русия тарҷеҳ дод аз он мавзӯъ ба унвони аҳруми фишор дар равобити худ бо Эрон истифода намояд.
Middle East Eye
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Феъли ахлоқӣ чист?
Халиҷи Араб?

Матолиби пурбоздид