Рисолае, ки барои нашр нест

Таҳлили хабарӣ

Рисолае, ки барои нашр нест

Ёддошти Додоҷон Атовуллоев

Терури Сайидҳасани Насруллоҳ – дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон идомаи терури роҳбарони аршади ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ ва муқовимат дар Ховари Миёна на танҳо боиси шодии Натаняҳу – касифтарин чеҳраи сиёсӣ ва саҳюнистҳои дигар, инчунин ноогоҳону бехабарон дар ақсои олам гашт.

Дафи шодӣ дунёро пур кард. Садои гиряву нолаи ҳазорон кӯдакон, ки дар шифохонаҳо ва кампҳои муҳоҷирон кушта шуданд, ононе, ки хонаю манзили худро тарк карданд, дар ватани худ беватан гаштанд, гум гашт. Ҳатто садои таркиши бомбаҳое, ки артиши таҷовузгари Исроил ҳар рӯз тонна-тонна бар сари мардуми Фаластину Лубнону Яман мерехт.

Масъала гӯё ҳал шуд. Пулиси минтақа – Исроил ҳама авбошон, хулиганҳо, норозиён ва роҳзанонро қир кард. Тамом? Акнун навбати зиёфати( банкет) ғолибон омад? Онҳо шароб менӯшанд ва ё хун, муҳим нест. Ғолибонро маҳкум намекунанд?!

Дар Фаластин саҳюнизм – сиёсате, ки зишттар аз фашизм аст ва ба дин мубаддал гашта буд, шикаст хӯрд. Дар Фаластин Исроил шикаст хӯрд. Бо дасти Натаняҳуи ҷаллод ва артиши бадтар аз Кхмерҳои Сурх.

Кӣ тасаввур мекард, ки вақте роҳбари Исроил дар Созмони милал (ООН) ба сухангӯӣ мепардозад, ба нишони эътироз намояндагони даҳҳо мамлакатҳо толорро тарк мекунанд?

Кӣ тасаввур мекард, ки миллионҳо одамони сайёра шоли фаластинӣ ба сар мекунанд ва барои дифоъ аз Фаластин бармехезанд?! Ва ин шол парчами озодихоҳони ҷаҳон мегардад.

Кӣ тасаввур мекард, ки қариб тамоми кишварҳои дунё таъсиси давлати мустақили Фаластинро талаб менамоянд?!

Кӣ тасаввур мекард, ки Фаластин пойтахти ҷаҳонии нангу номус шуморида мешавад?!

Чаро Исроил тавонист полиси минтақа шавад? Як селовардае дар мобайни кишварҳои сершумори арабӣ? Чаро арабҳо истеъморро пазируфтанд ва истеъморгарро мепарастанд? Аз манобеъи онҳо – аз нафт то фурӯши маҳсулоти ғарбиҳо дар бозорҳои онҳо кӣ суд мебардорад? Чаро онҳо натавонистанд бо ин ҳама сарват як пейҷер рост кунанд? Пейҷерҳое, ки тавассути онҳо садҳо одамони бегуноҳ кушта ва ҳазорон захмӣ шуданд. Танҳо Амрико ҳар сол бо «ишқ» бо мамлакатҳои арабӣ миллиардҳо доллар фоида ба даст меоварад, аммо мусалмонҳо ба ҳамдигаркушӣ машғуланд. Душман истеъморгар аст, аммо онҳо ҷанги сунниву шиъаро доман мезананд.

Хушбин нестам, ки вазъ тағйир меёбад. Аммо зиндагӣ якранг намеистад. Дар ҳамин Аврупо Галилео Галилейи зуфунунро барои гуфтани он, ки замин дар гирди хуршед мечархад, рӯи анбӯҳи ҳезум гузошта оташ заданд. Дар ҳамин Амрико то дирӯз сияҳпӯстонро одам намешумориданд. Дар ҳамин Британияи Кабир то соли 1918 бонувон ҳаққи раъй додан надоштанд. Дар ҳамин «дунёи мутамаддин» то дирӯз ҳаммомро намедонистанд. Аз ин ҳама сад сол бештар гузаштаасту халос. Аммо онҳо рӯ ба илму дониш оварданд, беҳтарин донишгоҳҳоро сохтанд. Аз тамоми дунё мутафаккиронро ҷамъ оварданд, аз паи кашфиёту халлоқият шуданд ва барои мардумашон зиндагии озодаю ороста сохтанд.

Шарқ ҳам рӯзе бедор мешавад ва рӯ ба илму дониш меоварад. Дунёи фардо дунёи илму дониш аст. Даврони ҷанг бо камонғӯлаку мушакҳое, ки то хафоли муш намерасанд, ба поён мерасад.

Дунё танҳо зӯрро эътироф мекунад. Бояд аз ҳарифат зӯр бошӣ, то пирӯз бигардӣ. Дину мазҳабу гароиши сиёсӣ ва ҷинсӣ ҳеч нақше намебозад ва ба ихтиёри ҳар фард аст.

…Куштори як муътариз аз аскари қаторӣ то афсари олирутба ҳеч гоҳ роҳи ҳали мушкилот нест. Миллионҳо шоҳидон ва қурбониёни ҷанги Исроил (хонда шавад – Амрико), фарзандони онҳо ҳатман рӯзе бар муқобили истеъморгарон ба по хоҳанд хест. Хотираи ин рӯзҳо ва ин ҳама ваҳшонияту барбарият ҳеч гоҳ зудуда нахоҳад гашт.

Ба ҷои шайхҳои ишкампарасту беҳуввият ҷавонони бедор ба саҳнаи сиёсат меоянд. Баҳори арабӣ як бор, боз ҳам бо дастони истеъморгарон, хазон гашт. Аммо боз ҳам Худо фасли баҳорро аз рӯйихати фаслҳои сол бурун наафкандааст. Боз ҳам баҳор меояд ва он аз Фаластин оғоз меёбад. Бо роиҳа ва чеҳраи гулҳое, ки аз хуни шаҳидони роҳи озодӣ ва истиқлол рустаанд…

Худо ба ҳамроҳ!

То дидор дар Душанбе!

Додоҷон Атовуллоев

Қаламонлайн

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ дар пайи шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ
Оё ин мантиқист дар муқобили ин ҳама қудрат биистӣ?

Матолиби пурбоздид