Ёдоварии ду-се нукта

Таҳлили хабарӣ

Ёдоварии ду-се нукта

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ёдоварии ду се нукта барои азизони корбар

1) Пойгоҳи низомӣ, ду се бино ва сохтмон нест, ки вақте задед, пойгоҳ куллан аз байн биравад, на, балки пойгоҳи низомӣ як шаҳри комил аст хусусан агар пойгоҳ аз они Омрико бошад, на Русия. Ин пойгоҳҳо муҷаҳҳаз ба ҳама чиз аст, як шаҳри комил ба андозаи масалан шаҳри Ваҳдат дар Тоҷикистон агар бузургтар набошад. Бале, пойгоҳҳои низомии русҳо хеле кучак буданд (алъон намедонам, аммо замони Шӯравӣ хеле кучак буданд), аммо аз они омрикоиҳо хеле бузург аст.

Бинобар ин, вақте дар гузоришҳо мехонем, ки Сипоҳ масалан фалон пойгоҳи Омрико дар Кувайт ё Баҳрайнро зад, ин яъне як бинои муҳим ё як родор ва ё қисмате аз маҳалли ҷойгирии болгардҳо ва ҳавопаймоҳоро зада, на ин ки он шаҳри комилро куллан нобуд карда бошад, ки баъд эрод гиред, ки чаро ин пойгоҳ аз байн намеравад. Комилан аз байн рафтани он тақрибан амри маҳол аст.

2) Чаро Эрон кишварҳои ба истилоҳ мусалмонро мезанад, на Исроилро? Ҷавоб: Эрон ҳаргиз ва абадан кишвари мусалмонеро ба қасди он кишвар ва мардумаш, ки намезанад. Балки пойгоҳҳои низомии Омрико (военная база), ки дар ин кишварҳо ҷой дорад ва имрӯзҳо аз он ҷоҳо Омрико Эронро бомбборон мекунад ва бегуноҳонро мекушад, он ҷоҳоро мезанад. Ин кишварҳо метавонанд мӯҳтарамона аз Омрико бихоҳанд, ки хокашонро тарк кунад, то аз он як кишвари исломиро мавриди ҳадаф қарор надиҳад. Аммо инро на ин ки анҷом намедиҳанд ва наметавонанд, балки намехоҳанд, то Омрико он ҷоҳоро тарк кунад.

Хуб, чаро? Ҷавоб: Ин амирон ва подшоҳон, ки ҳар як миллиардҳо доллар пул доранд, пулҳояшон ҳама дар бонкҳои Омрико ва Урупо қарор дорад, бинобар ин, бад ҷурӣ вобаста шудаанд. Омрико (ва ҳатто Исроил) инҳоро вобаста карда; бо зан, бо тавтиа, бо назири “Эпштейнҳо” ва ғайра… Бинобар ин, ин бандаҳои Худо аслан наметавонанд ба Омрико ё Исроил на гӯянд.

Бинобар ин, Эрон чорае ҷуз инро надорад, ки барои дифоъ аз худаш хоки инҳоро мавриди ҳадаф қарор диҳад.

Ва аммо Исроилро чаро намезанад. Хуб, алъон баҳонае надорад, то Исроили ҳаромлуқмаро бизанад. Агар Исроил ғалате кард, он вақт мисли пештара хокашро хоҳад бехт. Агар бидуни сабаб алъон Исроилро занад, Созмони Милал, ки алъон тамошобин аст, зуд ҷамъ мешавад ва қатъномае қабул мекунад алайҳи Эрон, ки як кишвари мутаҷовиз аст ва сипас эътилофе дуруст мекунанд алайҳи Эрон. Масоил ба ин соддагӣ нест.

3) Нуктаи ахир: баъзе азизон эрод мегиранд, ки чаро навиштаҳоям тоҷикӣ нестанд. Ҷавоб: тоҷикӣ иттифоқан ҳамин аст, ки менависам, тоҷикӣ яъне порсӣ, на – ба қавли Умед – рӯзбакӣ, ки дар замони Шуравӣ забони моро куллан дигаргун сохта ва забоне дуруст кардаанд, ки фақат махсуси Тоҷикистон аст. Албатта манзурам лаҳҷа нест, на, манзурам забони меъёр аст. Ин забоне, ки алъон дар Тоҷикистон ба унвони забони меъёр (адабӣ ба истилоҳ) роиҷ аст, мутаассифона на забони Саъдӣ аст, на Мавлавӣ, на Ҳофиз ва на Рӯдакӣ. Забоне аст, ки дар замони Шуравӣ сохта ва пардохта шудааст.

Бинобар ин, аз азизон хоҳиш мешавад, саъй кунанд забони тоҷикии воқеиро ёд бигиранд.

Саломат бошед!

Сайиднуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вокуниши Тромп ба кушта шудани сарбозони омрикоӣ дар ҳамлаи Эрон ба Урдун

Матолиби пурбоздид