Рисолаи ишқи Ибни Сино

Фарҳанг

 

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино
Муаррифии китоб
Дар ниҳоди тамоми мавҷудот “ишқ ба камол” ба вадиа ниҳода шуда ва онҳо ба сӯйи камоли худ дар ҳаракатанд. Ва камоли инсон дар расидан ба бениҳоят аст, ки ҷуз зоти ақдаси илоҳӣ намебошад. Пас, ҳамагон ошиқи Худоянд…

Аз осори гаронбаҳои Абӯалӣ Ибни Сино яке “Рисолатун фил-ишқ” аст, ки онро ба хоҳиши шогирдаш Абӯабдуллоҳ Фақеҳи Маъсумӣ нигоштааст. Ин рисола бо вуҷуди камии ҳаҷм, рисолаи пурборест. Шоиста аст ба сурати бисёр кӯтоҳ ва мухтасар, муҳтавои ин рисоларо бароятон шарҳу тавзеҳ бидиҳам.

Албатта ибтидо як муқаддимае дар бораи чистии ишқ ва назари ҳукамои исломӣ дар бораи он пешкаш мекунам.

“Ишқ” дар вожаномаҳои ирфонӣ ва фалсафӣ чунин таъриф шудааст:

“Ишқ иштиёқе беш аз ҳадд ва майле шадид ба чизе — ба маънои зиёдии муҳаббат ва дӯстӣ – аст ва муштақ аз “ъашақа” аст. Ва “ъашақа” гиёҳест, ки бар танаи ҳар дарахте, ки бипечад, онро хушк созад ва худ ба таровати хеш боқӣ бимонад. Пас, ҳар ишқе бар ҳар тане, ки барояд, ҷуз маҳбубро хушк кунад ва маҳв гардонад ва он танро заъиф созад ва руҳу дилро мунаввар гардонад.” (Кашшофу истилоҳотил-фунун, 2/1012)

Ба гуфтаи шаҳид Мутаҳҳарӣ, “муҳаббат вақте ки ба ин ҳолат бирасад, яъне ба ҳолати “ишқ” бирасад, зимоми фикр ва иродаи инсонро мегирад, бар ақл ва бар ирода тасаллут пайдо мекунад ва аз ин рӯ ҳолате мешавад шибҳиҷунун, яъне ақлро дигар дар он ҷо ҳукме нест”. (Фитрат, Мутаҳҳарӣ, с.189-193)

Дар масъалаи ҷанги ақлу ишқ мебинем, ки ҳамеша пирӯзиро бо ишқ донистаанд:

Некхоҳонам насиҳат мекунанд,
Хишт бар дарё задан беҳосил аст…
Шавқро бар сабр қувват ғолиб аст,
Ақлро бо ишқ даъвӣ ботил аст.
(Саъдӣ)

Ва аммо дидгоҳҳо миёни фалосифа дар бораи моҳияти ишқ:

1) Як назария ин аст, ки мегӯяд, ишқ ба таври мутлақ реша ва ғояти ҷинсӣ дорад, рӯйи ҳамон хатти ғаризаи ҷинсӣ ҳаракат мекунад ва идома меёбад ва то охир ҳам ҷинсӣ аст. Аз мӯътақидон ба ин назария, яке равонкови маъруф Фрейд аст. Фрейд, ки ҳама чизро ношӣ аз ғаризаи ҷинсӣ медонад, барои илмдӯстӣ, хайр, фазилат ва ҳатто парастиш решаи ҷинсӣ қоил аст;

2) Назарияи дигар — ки мавриди таъйиди ҳукамои исломӣ низ ҳаст — ин ки ишқ ба ду навъ аст: ишқҳои ҷинсӣ ва ҷисмонӣ ва ишқҳои руҳонӣ. Мегӯянд, заминаи ишқи руҳонӣ дар ҳамаи афроди башар вуҷуд дорад;

3) Назарияи севвуме вуҷуд дорад, ки хостааст миёни ду назарияи фавқ, яъне назарияи Фрейд ва назарияе, ки ба ишқи руҳонӣ қоил аст, ҷамъ кунад. Албатта, ин назария имрӯз дигар тарафдор надорад;

4) Назарияи чаҳоруме ҳам имрӯз пайдо шудааст. Соҳибони ин назария дидаанд, ки дар “ишқ” аҳёнан кайфиятҳое пайдо мешавад, ки бо ҷанбаҳои ҷинсӣ созгор нест, яъне вобаста ба ғалаёни тарашшуҳоти ҷинсӣ нест, ки доир мадори он бошад. Зеро амри ҷинсӣ чизе шабеҳи ҳолати гуруснагӣ аст. Гуруснагӣ як ҳолати табиист. Вақте ки бадан эҳтиёҷ ба ғизо пайдо кунад ва як силсила тарашшуҳот бишавад, гуруснагӣ ҳаст ва агар чунин набошад, нест. Дар эҳтиёҷи ҷинсӣ ҳам ҳамин тавр аст. Вале “ишқ” тобеъи ин хусусиёт нест. Аз ин рӯ, тарафдорони назарияи чаҳорум гуфтаанд, ки ишқ аз назари мабдаъ, ҷинсӣ аст, вале аз назари мунтаҳо ва кайфият, ғайриҷинсӣ аст. Яъне, ба таври ҷинсӣ шурӯъ мешавад ва аввалаш шаҳват аст, вале баъд, тағйири кайфият ва тағйири ҳолат медиҳад ва дар ниҳоят табдил ба як ҳолати руҳонӣ мешавад.

Вил Дуронт, муаррихи маъруф, дар китоби “Лаззоти фалсафа” баҳсе дар бораи ишқ кардааст. Ӯ ҳамин назарияро интихоб мекунад. Ӯ мегӯяд: “Ҳақиқат ин аст, ки ишқ баъдҳо тағйири масир ва тағйири ҷиҳат ва ҳатто тағйири хусусият ва тағйири кайфият медиҳад.” (с.154) Яъне дигар аз ҳолати ҷинсӣ ба таври куллӣ хориҷ мешавад.

Гуфтем, ки назарияи ҳукамои исломӣ ин аст, ки ишқ ба ду навъ аст: ишқҳои ҷисмонӣ ва ишқҳои руҳонӣ. Вилём Ҷеймз дар таъйиди назари ҳукамои исломӣ дар моҳияти ишқ, дар китоби “Дин ва равон” мегӯяд:

“Як силсила тамоюлот дар мо ҳаст, ки моро ба табиат вобаста кардааст. Як силсила тамоюлоти дигаре ҳам дар мо вуҷуд дорад, ки бо ҳисобҳои моддӣ ва бо ҳисобҳои табиат созгор нест. Ва ҳамин тамоюлот аст, ки моро ба моварои табиат марбут мекунад, ки тавҷеҳу тафсираш ҳамон аст, ки ҳукамои исломӣ кардаанд ва мӯътақиданд, ки ин ҳолати фаное, ки ошиқ пайдо мекунад, дар воқеъ марҳилаи такомули ӯст. Ин фано ва нестӣ нест. Агар маъшуқи воқеиаш ҳамин шайъи моддӣ ва ҷисмонӣ мебуд, фано ғайриқобили тавҷеҳ буд, ки чӣ тавр як шайъ ба сӯйи фанои худаш тамоюл пайдо мекунад? Вале дар воқеъ маъшуқи ҳақиқии ӯ як воқеияти дигар аст ва ин (маъшуқи зоҳирӣ) намунае ва мазҳаре аз ӯст. Ва ин дар воқеъ бо комилтар аз худаш ва бо як мақоми комилтар муттаҳид мешавад ва ба ин васила ин нафс ба ҳадди камоли худаш мерасад”. (с.93-94)

* * *

Нигоҳе ба “Рисолатун фил-ишқ”-и Бӯалӣ

Ҳоло навбати он аст, ки то рисолаи ишқи Бӯалиро шарҳу тавзеҳ бидиҳем.

Ишқ аз назари Ибни Сино, кашиш ва ҷозибае аст, ки дар вуҷуди тамоми мавҷудот ҷорӣ аст. Дар мавҷудоти мумкин (яъне ҳар чизе ғайр аз Худо) – аз ҷондору беҷон – ишқ аст, ки сабаби бақои онҳо мебошад; ки агар ин нерӯ набуд, боқӣ намемонданд. Ишқ дар ин мавҷудот, ҳамон нерӯи кашиш ва ҷозиба ба сӯйи он чи камоли онҳо маҳсуб меояд ва аз расидан ба он лаззат мебаранд аст.

Масалан, гиёҳе ба номи гандум, камолаш ин аст, ки ба як хӯшаи комил табдил гардад. Вақте як донаи гандум ба замин кошта мешавад, ин дона ба воситаи нерӯи ишқе, ки дастгоҳи офариниш дар ниҳоди вай гузоштааст, ба сӯйи камоли худ ҳаракат мекунад. Ва ба сухани дигар, ин “ишқ ба камол” аст, ки ӯро водор ба ҳаракат ба сӯйи як хӯша шудан мекунад. Ин аст, ки Ибни Сино мегӯяд:

“Ҳар як аз мавҷудот (-и мумкин) аз як сӯ толиби камоли хешанд ва аз сӯйи дигар, аз нақсе, ки онҳоро дарбар гирифта безоранд… Бинобар ин, ҳар як аз ин мавҷудот дорои шавқе табиӣ ва ишқе ҷибиллӣ ҳастанд, ки ин ишқ аз камоли вуҷудии онҳо муҳофизат мекунад ва онҳоро аз нақс раҳоӣ мебахшад…”

Албатта, ҳар мавҷуде, ба қувваҳое мучаҳҳаз аст, ки барои расидан ба камол, вуҷуди ин қувваҳо дар ӯ зарурӣ ва лозиманд. Масалан, наботот ба қувваи танмия (нумӯкунанда) ва тағзия муҷаҳҳазанд ва ҳайвонот ба қувваи шаҳавония ва ғайра. Як донаи гандум барои он ки ба як хӯшаи комил табдил ёбад, ниёз ба танмия ва тағзия дорад.

Матлаби дигар он ки: камоли як ҷондор айни камоли як мавҷуди беҷон нест ва дар ҷондорҳо низ камоли як гов масалан, айни камоли як гандум нест ва камоли инсон айни камоли як гов нест. Бале, қувваҳое, ки дар ниҳоди мавҷуди аз назари рутба пойинтар вуҷуд дорад, дар ниҳоди мавҷуде олитар маҳфуз аст, вале буданашон танҳо барои кӯмаки мавҷуди олитар ҷиҳати расидани вай ба камоли матлубаш аст. Масалан, як гов, ки дорандаи нерӯҳои наботӣ аст, ин нерӯҳоро барои расидан ба камолоти ҳайвонӣ истихдом мекунад. Албатта, дар ҳадде ба онҳо ниёзманд аст, ки барои такомули ҳайвониаш муфид бошад. Ҳамчунин инсон, ки дорандаи нерӯҳои наботӣ мисли қувваи тағзия ва танмия ва низ нерӯҳои ҳайвонӣ мисли қувваи шаҳавония ва ғазабия аст (ба изофаи нерӯҳое, ки аз инсонияти инсон сарчашма мегирад мисли нерӯи таъаққулкунанда), нерӯҳои наботӣ ва ҳайвониро ба суди такомули инсонии худ истихдом мекунад ва аз ин рӯ, ба онҳо дар ҳадде, ки барои расидан ба камолоти инсониаш муфид бошад, ниёзманд аст. Ба ҳамин хотир, наметавон баҳрабардории беқайду шарт аз нерӯҳои наботӣ ва ҳайвониро барои инсон муфид донист.

Хулоса ин ки:

а) Мавҷудоти моддиро аз назари камолот, метавон дараҷабандӣ кард, ба ин сурат, ки: ҷамодот дар дараҷаи пойинтар ва наботот ва ҳайвонот ба тартиб дар васат ва инсон дар дараҷаи олитар қарор дорад;

б) Ҳар мавҷуди моддӣ, ки дорои дараҷаи олитаре аз вуҷуд бошад, дорандаи қувваҳои пойинтар низ ҳаст, то онҳоро дар роҳи такомули худ истихдом кунад;

в) Баҳрабардорӣ аз нерӯҳои пойинтар бояд дар ҳадде бошад, ки барои расидан ба камолоти олитар муфид бошад, вагарна мӯҷиби рукуд ва таваққуфи сайри такомул ва аҳёнан мӯҷиби таназзул ва суқут мегардад. Масалан, инсон дар зиндагӣ аз хӯрдан бениёз нест, вале дар ҳадде ба он ниёз дорад, ки ӯро барои расидан ба камоли инсониаш – ки ба зудӣ хоҳем гуфт, ки камоли инсонӣ чист – кӯмак кунад ва монеъи ӯ дар сайр ба сӯйи камол нагардад, вагарна баҳрамандии беш аз ҳадд аз хӯрдану ошомидану соири корҳои ҳайвонӣ, сабаби таваққуфи сайр ва ҳаракати ӯ ба сӯйи камол мешавад.

Ҷолиб он ки одамҳое ёфт мешаванд (ва андак ҳам нестанд), ки ҷанбаи ҳайвониашон бар онҳо ғалаба пайдо мекунад ва он гоҳ, қувваҳои махсус ба инсон мисли қувваи оқиларо – ки барои расидан ба камоли инсонӣ зарурӣ ва лозиманд – дар ҷиҳати расидан ба хостаҳои ҳайвонӣ истихдом мекунанд. Яъне, ба ҷойи он ки нерӯҳои ҳайвониро дар хидмати камолоти инсонӣ қарор бидиҳанд, баръакс нерӯҳои махсус ба инсонро дар хидмати ағрози ҳайвонӣ қарор медиҳанд. Масалан, касоне, ки ҳадаф аз вуҷуди инсон дар рӯйи заминро дар баҳрамандии ҳар чи бештари вай аз неъматҳои дунё хулоса карда ва инсонро фақат “ҳайвоне” медонанд, ки аз “ҳуш” бархӯрдор аст, барои расидан ба хостаҳои ҳайвонӣ, бо истимдод аз қувваи оқила корҳое анҷом медиҳанд, ки ҳамаро ба шигифтӣ вомедорад ва ҳамон тавр ки Ибни Сино мегӯяд:

“Гоҳе барои инсон ҳолати феълу инфиъол аз ҷиҳати нафси ҳайвонӣ падид меояд, аз қабили эҳсосот ва тахайюлот ва ҷидол намудан ва ҷанг кардан; мунтаҳо, ба воситаи муҷоварати нафси ҳайвонӣ бо нафси нотиқаи инсонӣ, дар ин маврид судури афъол аз ӯ ба як наҳви шарифтар ва латифтар ва олитар аст, ба ин лиҳоз, ки таъсираш дар маҳсусот ба некӯтарин ваҷҳе ва саҳеҳтарин мизоҷе ва муҳкамтарин таркибе аст, ки шуъури соири ҳайвонот ба ин намерасад ва мултафит ба ин нестанд, то чӣ расад ба он ки ихтиёр кунанд ва ё талаб намоянд…”

Ва ё:

“Дар афъоли қувваи ғазабия ҳилаҳои мутанаввеъ ба кор мебарад, то ба воситаи он ҳилаҳои гуногун, битавонад бар душман ғалаба намояд ва зафар ёбад…” мисли сохтани силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва бомби атом ва ғайра, ки инсон ба кӯмаки ақли худ онҳоро сохта, вале дар ҷиҳати ағрози ҳайвонӣ ба кор мегирад.

Ҳол, камоли инсон чист? Ҳамон гуна ки камоли як дарахт ё як ҳайвонро метавон аз роҳи таҷриба ва озмоиш шинохт, оё мумкин аст дар мавриди инсон низ ба кӯмаки таҷриба ва озмоиши илмӣ, камоли ӯро ташхис намуд?

Бо андаке таъаммул, равшан мешавад, ки матлаб дар мавриди инсон ба ин соддагӣ нест; зеро аввалан, анвоъи наботот ва ҳайвонот аз назари камолоти вуҷудӣ, дар дараҷаи пойинтар аз инсон қарор доранд ва аз ин рӯ, умуми инсонҳо метавонанд камолоти онҳоро бишносанд ва баррасӣ кунанд, вале инсонҳое, ки ба камолоти ҳақиқӣ ноил нашуда бошанд, наметавонанд дарк кунанд, ки синхи ин камолот чист ва чӣ касоне воҷиди он ҳастанд.

Сониян, камоли ҳар як аз анвоъи набот ва ҳайвон, дорои марзи мушаххас ва маҳдуде аст, ки ба осонӣ метавон озмуд ва шинохт, вале вақте ба инсон — ин мавҷуди аҷиб ва асроромез менигарем — мебинем алорағми кучакии ҳаҷмаш, дорои вижагиҳое аст, ки ӯро комилан мушаххас ва мумтоз месозад. Ин инсон аст, ки ҳар рӯз пардаи дигаре аз рӯйи асрори вуҷудаш бардошта мешавад ва пардаи навине аз ҳунарҳои хешро намоиш медиҳад. Ва ин инсон аст, ки аз оғози пайдоиш то кунун лаҳзае аз ҷунбиш ва дигаргунӣ бознаистодааст ва мазоҳири мухталифи улум ва ҳунарҳояшро ҳар рӯз дар саҳнаи гетӣ бештар ҷилвагар месозад. Тоза, ин пешрафтҳои чашмгир ва хиракунанда, ҳама, меваҳои модии ин дарахти ҳайратангез аст, вале шинохти меваҳои маънавиаш ба ин осонӣ муяссар нест. Ва чӣ басо аҷоиби руҳӣ ва маънавиаш аз шигифтиҳои моддиаш бештар бошад.

Солисан, он чи мустақиман озмоиш мешавад, чизҳое аст, ки қобили дарки ҳиссӣ бошад. Вале камолоти руҳӣ ва фазоили маънавиро наметавон бевосита таҷриба кард ва мизони онҳоро санҷид.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукот, ҷойи таъаҷҷуб нест, ки миёни фалосифа ва донишмандон низ бар сари ташхиси камоли ҳақиқии инсон, ихтилоф вуҷуд дошта бошад.

Аммо бо ин ҳама, назар ба ин ки “ишқ ба камол” ба гуфтаи Ибни Сино дар ниҳоди ҳамаи мавҷудот аз ҷумла инсон ниҳода шуда ва ҳар инсоне дар худ ин кашиш ва ҷозибаро эҳсос ва амалан ба тарафи он ҳаракат мекунад (ҳарчанд шояд дар ташхиси мисдоқи он ба иштибоҳ роҳ диҳад) ва аз тарафе ҳам, назар ба қувваҳо ва хостаҳо ва майлҳои вежаи инсонӣ – ки инсон ба воситаи онҳо аз соири ҳайвонот ҷудо мешавад ва махсуси ӯст – метавон камоли ӯро ташхис дод.

Инак, ба таъаммул дар бораи шуморе аз асилтарин майлҳои фитрии инсон мепардозем ва мекӯшем сайри такомулии онҳо ва талошҳоеро, ки инсон барои ирзои онҳо анҷом медиҳад, баррасӣ кунем. Зеро чиҳат ё ҷиҳоте, ки ин майлҳо мушаххас месозанд, метавонад ҳамчун ақрабаи қутбнамо моро ба ҳадаф ва масири ниҳоиии онҳо раҳнамун гардад:

1) Илм: дар инсон як майли фитрӣ барои донистан ва огоҳ шудан ва иҳота пайдо кардан бар ҳақоиқи ҳастӣ вуҷуд дорад. Ин майл аз ҳамон овони кӯдакӣ буруз мекунад ва то поёни зиндагӣ аз инсон салб намешавад. Пурсишҳои пай дар пайи кӯдакон, нишонаи вуҷуди ин хости фитрӣ аст. Ва ҳар қадр истеъдоди тифл бештар бошад, пурсишҳои ӯ васеътар ва амиқтар аст ва ҳар қадр бар иттилоот ва маълумоти ӯ афзуда гардад, маҷҳулоти бештаре дар баробараш намоён ва масоили ҷадиде барои ӯ матраҳ мешавад. Ва ба иборати дигар, инсон “илм”, “донистан” ва “огоҳ шудан”-ро камол мешуморад ва аз ин рӯ ба сӯйи ин камол ҳаракат мекунад ва ба таъбири Ибни Сино, ишқ ба доноӣ дар сиришти ҳар инсоне ба вадиъа гузошта шудааст. Ва ҷолиб он аст, ки инсон агар ба ин камол (яъне илм ва донистан) ошиқ аст, ба илми номаҳдуд ошиқ аст, на маҳдуд. Яъне, ҳар андоза ки бидонад, боз мехоҳад бидонад. Хулоса, ӯ дар ин ҷиҳат хоҳони бениҳоят аст.

2) Қудрат: яке дигар аз майлҳои фитрии инсон, майл ба қудрат ва тавоноӣ бар анҷоми кор ва тасарруф дар мавҷудоти дигар аст. Ин майл низ аз ҳамон овони туфулият буруз мекунад ва то поёни зиндагӣ ҳамчунон идома дорад. Инсон барои тавсиаи қудрати худ, ба нерӯҳои табиӣ иктифо намекунад ва мекӯшад ба кӯмаки улум ва санойеъ, абзорҳои беҳтаре барои тасарруф дар ҷаҳон ва тасхири коинот биёбад. Ниёз ба тазаккур надорад, ки иктишофот ва ихтироъоти илмӣ, махсусан дар чанд қарни ахир, чӣ кӯмакҳои шоёне ба ирзои ин хости фитрӣ кардаанд. Инсон ҳатто аз истихдоми ҳамнавъони худ низ дареғ намеварзад ва то он ҷо, ки шароит ва имконот иҷоза бидиҳад, аз дигарон низ ба суди худ баҳрабардорӣ мекунад. Кӯшиш барои ба даст овардани мавқеиятҳои иҷтимоӣ ва бартариҷӯиҳои миллатҳо дар сатҳи байналмилалӣ низ аз мазоҳири ин хост аст, ки гоҳе ба сурати саҳеҳ ва маъқул ва замоне ба сурати таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон дар шаклҳои мухталифи истеъмор ва истисмори золимона намудор мегардад.

Ҳол, суол ин аст, ки оё инсон дар ин ҷиҳат низ ба нуқтае басанда мекунад ё ин ки дар ин ҷо ҳам хоҳони номаҳдуд аст? Фарз кунед, инсоне агар тавонист бар кулли гетӣ тасаллут пайдо кунад, оё ғариза ва майли қудратхоҳии ӯ мутаваққиф мешавад? Посух равшан аст, ӯ агар бар кулли гетӣ ҳам мусаллат шавад, пас аз он мехоҳад кураҳои дигар мисли Моҳу Миррихро ҳам таҳти тасаллути худ дароварад.

Пас, ӯ дар ин ҷиҳат низ хоҳони номаҳдуд аст ва ин аташи фитрӣ ҷуз ба василаи даст ёфтан ба як манбаи бениҳояти қудрат фурӯ наменишинад.

3) Зебоӣ: майл ба зебоӣ, яке дигар аз амёли инсонӣ аст, ки дар сиришти ӯ ба вадиъа гузошта шуда ва ӯ ошиқи зебоист. Ҳунар яке аз мазоҳири ин майли фитрӣ аст.

Ҳол, илм, қудрат ва зебоӣ, ба унвони боризтарин камолот, танҳо барои намуна зикр шуданд, вагарна инсон ошиқи тамоми камолоти вуҷудӣ аст.

Ин нукта ҳам қобили тазаккур аст, ки инсон ба ҳамон мизон, ки ошиқи камолот аст, аз зидди онҳо мутанаффир ва гурезон мебошад. Агар ошиқи илм ва доноист, мутанаффир аз ҷаҳлу нодонист. Агар ошиқи қудрат аст, гурезон аз заъфу нотавонист. Агар ошиқи зебоист, мутанаффир аз зиштӣ ва қабоҳат аст. Агар ошиқи адолат аст, аз зулм мутанаффир аст. Агар ошиқи ростист, аз дурӯғ нафрат дорад.

Хулоса, ишқ ба камолот, дар сиришти ҳар инсоне ба вадиъа ниҳода шуда ва инсон дӯст дорад воҷид ва дорандаи камолоти вуҷудӣ гардад. Ҳатто як ҳокими ситамгар дӯст надорад, ки ба ӯ золим ва ситамгар бигӯянд, балки дӯст дорад аз ӯ ба унвони ҳокими одил ёд шавад. Зеро фитратан камолхоҳ аст, ҳарчанд дар амал бар хилофи он рафтор бикунад. Ва инро ҳам ёдовар шудем, ки инсон агар ошиқи камол аст, ошиқи камоли бениҳоят ва номаҳдуд аст.

Ҳол, натиҷае, ки аз матолиби ёдшуда ба даст меояд ин аст, ки шуоъи майлҳои фитрии инсон, ба сӯйи бениҳоят имтидод дорад ва ҳеч кадом аз онҳо ҳадду марзе намешиносад ва инсонро ба сӯйи бениҳоят савқ медиҳанд. Ва ин аз хасоиси инсон аст, ки дорои хостаҳои номаҳдуд аст ва ба комёбиҳои муваққат ва маҳдуд қонеъ намешавад.

Ин майлҳо ва хостҳо, бо ин ки ба умури мухталифе таъаллуқ мегиранд (яке илм аст, яке қудрат, яке зебоӣ ва ғайра…) аммо саранҷом ҳамаи онҳо ба ҳам мепайванданд ва ирзои ниҳоии онҳо дар як чиз хулоса мешавад. Ва он иборат аст аз: иртибот бо сарчашмаи бениҳояти илм ва қудрат ва ҷамол ва камол. Ҳамчунин матлуби ҳар як аз майлҳои фитрӣ, дар ҳақиқат як матлуб аст, ки аз дидгоҳҳои мухталиф тамошо мешавад ва аз ҷиҳоти гуногун мавриди ҷустуҷӯ қарор мегирад. Ва он иборат аст аз: Худои Мутаъол ва ба таъбири Ибни Сино “иллати ъуло”.

Бо қурб ба Худо, инсон иртиботи комили худро бо офаридагор меёбад ва худро мутаъаллиқ ва муртабит ба ӯ, балки айни таъаллуқ ва рабт ба ӯ мушоҳида мекунад ва дар баробари ӯ барои худ ҳеч навъ истиқлол ва истиғное намебинад. Дар ин мартиба аст, ки ҳамаи ашёро қоим ба зоти ақдаси илоҳӣ мебинад ва илми ҳузурӣ ба ҳақоиқи ҳастӣ пайдо мекунад ва ба андозаи зарфияти вуҷудии худ, аз анвори ҷалолу ҷамоли илоҳӣ баҳраманд мешавад ва майли фитрии ӯ ба шинохтани ҳақоиқи ҳастӣ ирзо мегардад.

Ҳатто он инсоне, ки мункири Худост, ӯ низ дар воқеъ дар талаб ва ҷустуҷӯи Худо ва ошиқи Худост, ҳарчанд худаш мутаваҷҷеҳ нест. Оё шумо касеро дар дунё мешиносед, ки бигӯяд, ман ошиқи илм нестам? Ҳама ошиқи илманд ва тоза, илми бениҳоят. Ҳама ошиқи зебоӣ ҳастанд, он ҳам зебоии бениҳоят. Хуб, сарчашмаи илми бениҳоят, сарчашмаи қудрати бениҳоят, сарчашмаи зебоии бениҳоят ва хулоса, сарчашмаи тамоми камолоти вуҷудӣ — ки ҳамагон ошиқи ин камолотанд – оё ҷуз зоти ақдаси илоҳӣ ва офаридгор аст?!

Хулоса ин шуд, ки: дар ниҳоди тамоми мавҷудот “ишқ ба камол” ба вадиъа ниҳода шуда ва онҳо ба сӯйи камоли худ дар ҳаркатанд. Ва камоли инсон дар расидан ба бениҳоят аст, ки ҷуз зоти ақдаси илоҳӣ намебошад. Пас, ҳамагон ошиқи Худоянд.

Албатта, Ибни Сино дар поёни рисолаи худ, баҳсе ҳам дар бораи ин ки Худо дар айни он ки маъшуқ аст, ошиқи ошиқони хеш низ мебошад, карда, ки дар як фурсати дигар бояд ба он бипардозем.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн  

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бардошти ғалат аз зуҳд
Даҳ гуфтор – XY

Матолиби пурбоздид