Робитаи раҳбар ва мардум дар баёни Алӣ(а) 

Робитаи раҳбар ва мардум дар баёни Алӣ(а) 
Ҳазрати Алӣ(а) дар номаи худ ба Молики Аштар, ки ӯро барои фармондории Миср эъзом намуданд, супоришоти акиде дар мавриди риояти ҳоли мардум ва робитаи саҳеҳ бо мардумро дар усули раҳбарӣ таъкид фармудаанд. Аз ҷумла дар ин нома омадааст:
“То метавонӣ бо парҳезкорон ва ростгӯён бипайванд ва онҳоро чунон тарбият кун, ки туро зиёд мадҳу ситоиш накунанд ва туро барои амалҳои зиште, ки анҷом надодаӣ ташвиқ накунанд, ки ситоиши беандоза, худписандӣ меоварад ва инсонро ба нофармонӣ мекашонад.
Ҳаргиз некӯкору бадкор дар назарат баробар набошад, зеро некӯкорон дар некӯкорӣ берағбат ва бадкорон дар бадкорӣ ташвиқ мешаванд. Пас ҳар яки онҳоро бар асоси кирдорашон подош деҳ.
Бидон, эй Молик! Ҳеҷ чизе барои ҷалби эътимоди раҳбар, ба мардум беҳтар аз некӯкорӣ бар мардум ва сабук кардани молиёт ва маҷбур накардани онҳо ба коре, ки дӯст надоранд, намебошад. Пас, дар ин роҳ он қадар бикӯш, то ба вафодории зердастон хушбин шавӣ, ки ин хушбинӣ ранҷи тӯлонии мушкилиҳоро аз ту мебардорад. Пас ба касоне, ки бештар эҳсон кардӣ, бештар хушбин бош ва ба касоне, ки бадрафторӣ кардӣ, бадгумонтар бош. Одоби писандидаеро, ки бузургони ин уммат ба он амал карданд ва миллати Ислом ба он пайванд хӯрда ва мардум бо он ислоҳ шуданд, бар ҳам назан. Ва одобе, ки ба суннатҳои хуби гузашта зиён мерасонад, ба вуҷуд наовар, ки подош барои оварандаи суннат ва азоби он, барои ту бошад, ба хотири он чӣ ки аз байн бурдӣ. Бо донишмандон зиёд гуфтугӯ кун ва бо ҳакимон зиёд баҳс кун, ки сабаби ободонӣ ва ислоҳи шаҳрҳо ва барқарории назму қонунест, ки дар гузашта низ вуҷуд дошт”.
(Наҳҷулбалоға, Номаи Молики Аштар)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикматҳо ва андарзҳо – 3
Арзиши вақт аз дидгоҳи Муртазо Мутаҳҳарӣ

Матолиби пурбоздид