Ростгӯии кӯдакон аз куҷо сарчашма мегирад?

Фарҳанг

Ростгӯии кӯдакон аз куҷо сарчашма мегирад?

Падар ва модар – аввалин ва муҳимтарин касоне ҳастанд, ки барои кӯдакон дар зиндагии ҳамарӯза ба унвоин сармашқ қарор мегиранд. Дуруст аст, ки дар тарбияти кӯдак мактабу мадраса, масҷид, муҳити зист, кӯчаву хиёбонҳои шаҳрамон таъсиргузор аст, аммо муҳимтарин ва аслитарин таъсиргузор ва созандатарин афрод падару модарҳо ҳастанд! Ва дар қадамҳои баъдӣ шахсияти кӯдак аз дигар атрофиён ва муаллимони мактаб ва муҳити зист ва муҳити фарҳангии ҷомеа таъсир мепазирад.

Дурӯғгӯӣ яке аз вижагиҳоест, ки бисёре аз кӯдакон дар синни поин анҷом медиҳанд. Ин рафтор то ҳудуде дар бархе аз кӯдакон дар синни поин табиӣ аст.

Осор ва ақовиби дурӯғ гуфтан ба кӯдакон, аҳамияти содиқ будан бо кӯдаконро бештар мекунад. Бинобар ин, лозим аст, дар марҳалаи аввал садоқат ва мафҳуми онро ба кӯдак омӯзиш дода ва худ низ дар амал ба ҳарфҳоятон пойбанд бошед. Гоҳе волидайн нохоста дурӯғгӯиро ба кӯдаконашон ёд медиҳанд. Иртибот бо як мушовир ба шумо кӯмак мекунад то навъи иртибот ва сабки фарзндпарварии муносибтареро интихоб намоед. Дар идома ба дурӯғҳои роиҷи волидайн ва роҳкорҳое барои ҷойгузинии як рафтори муносибтар ишора хоҳем кард.

***

Дурӯғ гуфтан ба кӯдакон

Ҳар падару модаре аз дурӯғӯии фарзандаш башиддат парешон шуда ва ҳатто мумкин аст ӯро танбеҳ кунад. Илова бар хонавода, дар ҷомеа низ дурӯғгӯӣ рафтори номатлуб шинохта мешавад. Волидайн дар бархурд бо дурӯғгӯии кӯдак низ бояд нукотеро дар назар бигиранд, аммо гоҳе бархе рафторҳои худи волидайн ва атрофиён боиси дурӯғгӯӣ дар кӯдакон мешавад. Бинобар ин пеш аз он ки вокуниш ба ӯ нишон диҳед, дар садади ҳазфи ин авомил бояд бошед.

***

Тарс аз танбеҳ

Бисёре аз кӯдакон бар асоси таҷрибае, ки аз ростгӯӣ доштаанд, дурӯғ мегӯянд. Ин кӯдакон ба хотири ростгӯиашон танбеҳ ё таҳқир шудаанд. Танбеҳи баданӣ ва таҳқири кӯдакон илова бар тахриби боварҳои маъсумонаи онҳо, боиси шаклгирии навъе изтироб дар дарунашон мешавад. Бинобар ин, барои дурӣ аз ин изтироб ва авоқиби корҳояшон дурӯғ мегӯянд…

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Никки Хейли: “Қабули оташбас яъне шикасти Исроил аз Ҳамос”
210 шаҳид дар ҳамлаи ҷадиди Исроил ба Ғазза

Матолиби пурбоздид