Роҳзанҳои тоҷик
Ибратҳои муҳоҷират
Роҳзанҳо ё рекетерҳои тоҷик
Ба қалами Салимҷон Ансорӣ
Декабри солҳои 2000-ум дар шаҳри Новосибирск дар як ширкати сохтмонӣ, бо ду нафар тоҷики дигар кор мекардем.
Як рӯз директори ҳамон корхона фарёдамон кард, маошамонро дод ва гуфт, агар хоҳед пагоҳ истироҳат кунед. Хоҳиши кор дошта бошед, ман алоҳида пулатон медиҳам, дар катеджи ман кор кунед.
Гуфтем майлаш мо рафта ягон либос мехарем, пас мо ба онҷо мо мебиёем.
Хуб гуфт, интизор мешавам,
Он вақтҳо телефони мобилӣ набуд. Ман бо ду ҳамкори худ ба бозори Барахолка рафтем, либос харидем, аз бозор баромадем, ки 3-4 нафар моро боздошт мекунанд.
Гуфтанд рафтем дар даруни кафе суҳбат мекунем.
Даромадем ягон чиз напурсида ҳар сеи моро бо мушт задан гуфтанд, ки чи пуле доред бароред. Якташ номаш Мусайяб бо лақаби Ван-Дам яктоаш Мирзо ном дошт аз Ҳисор. Корд баровард, ба сари мо, таҳдид мекард, бо забони русӣ гап мезанад, хайр, ҷон ширин гуфта мо, ҳар чи пуле, ки буд додем. Як ду чизи дигар ҳам харидем ва қариб 3000 рубли дигар аз мо буд онҳоро низ гирифтанду гуфтанд, “гум шавен аз инҷо”.
Сардори ин гурӯҳ Хуҷа ном доштааст аз Бадахшон буд.
Хайр мо зиқ рафтем ба Катеджи директори корхонаамон дид парешонҳол зиқ сару руямон задагӣ…
Пурсид чи гап шуд?
Мо ҳодисаро нақл кардем.
Гуфт, рафтем дар мошинаш савор шудем, ду се дӯсти худро гирифту рафтем.
Рафтем назди бозори Барахолка, ки Хуҷа онҳоро бо мо дид, рангу руяш парид.
Он ду нафари дигар бо директори мо буданд. Онҳо одамони орган буданд.
Директори мо Хуҷара фарёд кард гуфт, инҳоро хафа кардед?!
Хуҷа худро аз тарс ба нодонӣ зад, пеши мо омад ба тоҷикӣ гуфт, кӣ зад шуморо ва пулатонро кӣ гирифт?
Барои чи ба ман муроҷиат накардед?
Гуфтем мо намедонем аз бозор баромадем ҳамин хел шуд.
Пас вайҳо Хуҷара гуфтан 10 ҳазор рубл ба инҳо баргардонда диҳед. Хуҷа дар дасти директори мо 10 ҳазор рубл дод
Пас омадем дар роҳ вай як нафараш аз хориҷа буд, пурсид: Инҳо кистанд ва чаро пулҳои мардумро зада мегиранд?
Гуфт: Инҳо ҳамватанони худро зада пулҳояшонро мегиранд, корашон дуздиву ғоратгарӣ.
Вай дар ҳайрат монд, гуфт: Наход ҳамватанони худро ба ҷои дастгирию кӯмак, бо зада пулҳояшонро бигирӣ?
Чандин бародарони тоҷики муҳоҷир аз дасти ин роҳзанҳо ҷабр дида буданд.
Пас аз чанд сол ман ба Новосибирск рафтам. Хуҷаро дидам, пир шудаст, дар масҷид нишаста буд, як дасташ ҳам маъюб шудагӣ намозу ибодат мекард.
Худованд ҳеҷ касро дар ғарибӣ хор накунад.
Манбаъ: Сафҳаи шахсии Салимҷон Ансорӣ дар Фейсбук
Қаламонлайн
qalamonline.net













