Роҳи ҳалли бӯҳрони Афғонистон – интихоботи солим

Роҳи ҳалли бӯҳрони Афғонистон – интихоботи солим

Ахбори минтақа

Дар дуюмин рӯзи баргузории нишасти “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар Тоҷикистон, Аҳмад Масъуд – раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъкид намуд: Танҳо интихобот метавонад Афғонистонро аз бӯҳрони сиёсӣ берун бибарад.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон инчунин таъкид намудааст, бигзоред мардум худашон тасмим бигиранд, чӣ низоме мехоҳанд дар кишварашон барқарор кунанд.

Даҳумин нишасти “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” тавассути Институти мутолеоти стратегии Афғонистон бо ҳамкории Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Давраҳои қаблии ин нишаст дар Афғонистон баргузор мешуд.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ин нишаст афзуд: “Ҳалли мушкили асосии Афғонистон, нигарониҳои мутааддиди минтақа ва ҷаҳонро дар эҷоди як механизми ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, барои ҳимояту ҳамкорӣ бо мардуми Афғонистон, барои таъсиси як низоми ғайри мутамаркиз, машрӯъ ва мунтахаб медонем”.

Аҳмад Масъуд хитоб ба соири намояндагони кишварҳо таъкид намуд, таомул бо ҳукумати Толибон, ки на машрӯият, на салоҳият ва на ҳимояти мардумӣ дорад, ба ҳеҷ унвон роҳкушо нест.

Ба гуфтаи вай, густариши муқовимат ва истодагии занон дар Афғонистон, шаклгирии иҷтимоот ва эътирозот ва ҷараёнҳои мухолифи Толибон дар берун аз Афғонистон, ҳама инҳо норизоятии ҷиддии мардум аз шароити феълиро собит мекунад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Думаи Русия
Занги хатари Иттиҳодияи Аврупо бар асари ҷиноёти саҳюнистҳои исроилӣ

Матолиби пурбоздид