Роҳ кадом аст?
Ёддошти Ҳафиз Бобоёров
Роҳ кадом аст, эй ёрон?
(Ба ёдбуди Қобилҷон)
Дар давоми чанд рӯзи охир ҳама баробари модари Қобилҷон мотам доштем. Дар ин мусибат ҳеч касе бетараф набуд. Ҳама фоҷиаи ин кӯдак ва дарди модари ӯро бо ҳам ҳисса кардем. Бори дигар собит шуд, ки ҳамдардӣ отифитарин эҳсоси вуҷудии инсон аст.
Бори дигар ин фоҷиа тоҷикро водор кард, ки ба марҳилаи нав дар худсозӣ ва инсонсозӣ бипардозад. Дар чанд мавриди бунёдӣ муносибати худро ба худ – ҳамчун Тоҷик ва ҳамчун Инсон бозбинӣ намояд.
Илму донишро баргузинем
Бояд ба ин фоҷиа, ки дар моҳияти худ ягона ва нав нест, ҷавоб ва вокуниш бо илмомӯзӣ ва донишандӯзӣ бошад, на бо душманию нафратпароканӣ. Чанд нафаре аз сари эҳсос мегӯянд, мо (тоҷикон) бояд ба онҳо (русҳо) нишон диҳем, ки кӣ ҳастем. Оре, бояд нишон дод, пеш аз ҳама, ба худ, вале танҳо бо илму дониш! Дигар роҳҳо ба бунбаст мебаранд ва миёну гардани тоҷикро сахттар мешикананд. Бояд тоҷикон фарзандони худро ба омӯзиши саросарии илму фанновариҳои муосир ҷалб кунанд. Худи Қобилҷон дар роҳи илму дониш буд, вале бадбахтона кушта гардид.
Даҳсолаҳои охир ҷавонони мо роҳҳои ғайри илму донишро бисёр озмуданд. На фақат дар минтақаҳои ҷангзадае чун Афғонистону Сурия, на фақат дар Тоҷикистону Русия, балки дар Туркия, Эрон, кишварҳои аврупоӣ ва амрикоӣ низ ном баровардем, аммо бо ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ. Ин роҳҳои хатарнок на фақат боиси қатлу куштори садҳо бегуноҳ, балки боиси бадномию нагунбахтии худи тоҷикон гардиданд. Ифротгароӣ ҳам қурбониёнашро нобуд мекунад ва ҳам пайравонашро.
Ҷавобгарии ҷиноӣ фардист, на ҷамъӣ
Бояд фоҷиаи Қобилҷон барои мо дарси охирин бошад: Ӯ аз дасти миллатгарои ифротӣ кушта гардид, на аз дасти як миллати дигар, чуноне ки баъзеҳо иддао мекунанд. Дар ин фоҷеа намешавад тамоми мардумро гунаҳкор кард, онҳоро шарики куштор ва ё ақалан бетараф ба ин мусибат донист. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ин фоҷиа дар Австралия ду нафар узви Давлати Исломӣ ба сӯйи мардуми одӣ тир кушоданд. Тамоми мусулмонҳоро маҳкум кардан ба ин маъност, ки мусулмонони дигар чун Аҳмад Ал-Аҳмадро низ шарики он даҳшатафканӣ донем, дар ҳоле ки ӯ ҷони худро дар хатар гузошт ва яке аз даҳшатафканҳоро бесилоҳ кард. Муҳофиз ва омӯзгори мактаб низ талош доштанд, то кӯдаконро ҳимоя кунанд. Русҳои бисёре ҳам дар шабакаҳо ин амали ваҳшиёнаро маҳкум карданд.
Инсоният бартар аз тааллуқҳост
Дар ин рӯзи сахт дидем, ки фарқиятҳо ва сарҳадҳо дар байни одамон нисбӣ ҳастанд. Тамоми мардумони Осиёи Марказӣ ҳамбастагӣ ва ҳамдардии худро ба мо изҳор карданд. Ҳатто узбекҳо аз худи мо бештар месӯхтанд. Ин фоҷеа ба мо меомӯзад, ки Инсониятро болотар аз ҳама Тааллуқиятҳои миллию мазҳабӣ гузорем, ки моро аз ҳам ҷудо, бегона ва ба якдигар душман кардаанд. Маҳз инсонмеҳварӣ моро водор мекунад, ки сарҳадҳои қавмӣ, забонӣ ва динию мазҳабиро аз зеҳнҳоямон дур созем, аз нафрату душманӣ дар нисбати дигар мардумон даст кашем ва боз ҳам ба илму дониш рӯ биёрем.
Эҳёи тамаддуни инсонмеҳвар
Барои барқарорсозии шаъну эътибори тоҷик бояд донишмандон дар як барномаи муштарак, яъне эҳёи (реабилитатсияи) тамаддунии образҳои инсонмеҳварии Равшан ва Ҷамшед саҳм гузоранд. Ин ду номи одӣ нестанд, балки образҳое мебошанд, ки ба тамаддуни бостонии эрониён, аз он ҷумла тоҷикон бармегарданд. Равшан сифати Рӯшноӣ аст, ки дар таълимоти динӣ ва фалсафии Зардуштия, Монавия, Маздакия, Хуррамдиния, Ишроқия (Шаҳобиддини Суҳравардӣ) ва ғайра таҷассум гардидааст. Ҷамшед яке аз муҳимтарин шахсиятҳои таърихӣ ва устураии ин тамаддун ба шумор меравад, ки тибқи Авесто, Бундаҳишн ва Шоҳнома ба омӯзиши илму дониш ҳидоят мекунад. Ин мероси фарҳангӣ ва маънавӣ дину миллатро рад намекунад, балки аз табдили он ба силоҳи идеологӣ ҷилавгирӣ мекунад. Дар ин маврид, бояд омӯзишҳои густарда аз лиҳози таърихӣ, фарҳангӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафӣ ва ояндасозӣ сурат гирад. Яке аз ҷанбаҳои муҳими давлатдорӣ ва инсонсозии тоҷикӣ бояд нопазироии зуҳуроти манфии миллатгароӣ ва ифротгароӣ бошад. Ҳамбастагӣ ва ҳамдардӣ бо тамоми инсоният, новобаста ба қавм, миллат, нажод, дину мазҳаб ва ғайра бояд ба асоси давлатдорӣ ва инсонмеҳварии навини тоҷик табдил ёбад.
Ба хотири эҳёи тамаддунии образҳои Равшан ва Ҷамшед бояд маҷаллаи илмӣ-оммавӣ (чунончи, бо унвони “Равшан ва Ҷамшед” ва ё “Наврӯз”) таҳия ва ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр кард. Ин маҷалла метавонад барномаҳо ва консепсияҳои инсонмеҳварии дигар мардумонро низ нашр кунад ва дар айни замон, барномаҳо ва консепсияҳои зиддиинсонӣ (нажодпарастӣ, миллатгароии ифротӣ, бунёдгароии динӣ ва монанди инҳо)-ро баҳсу баррасӣ ва нақд кунад, ки дар сатҳи минтақавӣ боиси ҷудоӣ ва душманӣ дар байни мардумон гардидаанд.
Дар ин робита, эҳёи номҳои миллӣ (шоҳномаӣ) чун Равшан ва Ҷамшед бисёр зарур мебошад. Бояд ин номҳо саросарӣ шаванд, то нохалафон фикр накунанд, ки мо аз ин номҳо, образҳо ва идеяҳои инсонмеҳварӣ рӯ гардондаем. Пеши роҳи тарғиботи ифротӣ, ки чунин номҳоро куфр медонанд, бояд гирифта шавад.
Мардикорӣ набояд сарнавишти наслҳои ояндаи тоҷик бошад
Дар ин чанд рӯз даъватҳоеро ҳам шунидем, ки тоҷикон дигар ба Русия нараванд ва рӯ ба кишварҳои дигар биёранд. Аммо ин ҳам роҳи ҳалли ягона ва осон буда наметавонад, агар боз чун муҳоҷири меҳнатӣ меравем. Муҳоҷирати меҳнатӣ ё худ мардикорӣ набояд пешаи доимии ҳеч мардуме, аз он ҷумла тоҷикон бошад. Мардикор на фақат дар Русия, балки дар ҳама кишварҳо қадр надорад. Мардикорро дар Аврупою Амрико ва Эрону Арабистон низ инсони навъи дуюму сеюм меҳисобанд. Як ё ду насл метавонад худро қурбони ин пешаи сангин, вале беэътибор созад. Аммо наслҳои баъдиро бояд ба омӯзиши илму фанновариҳои навин роҳнамоӣ кард. Аз мардумоне чун ҳиндуҳо бояд омӯхт, ки бо дониш худгушоӣ ва ҷаҳонсозӣ мекунанд. Танҳо илмомӯзӣ ва донишандӯзӣ метавонад обрую эътибори тоҷикро дар берун, аз он ҷумла дар Русия баланд бардорад ва роҳашро ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон боз созад.
Чароғонсозии саросарии Тоҷикистон
Рушноии маърифатро бе рушноии табиат наметавон тасаввур кард. Барои ин, бояд ҳукумат чароғонсозии саросарии кишварро ҳарчи зудтар пурра таъмин намояд. Набояд дигар чароғи мардум бимирад! Барои ин, бояд аз манбаъҳои гуногуни рушноӣ ва гармӣ, бахусус неруи сабз (об, офтоб ва бод) истифода бурд. Ба соҳибкорон ва ба худи мардум бояд имтиёзи бештар дод, то сарчашмаҳои таъмини рушноӣ ва гармиро пайдо созанд ва дар ин самт саҳҳомиҳои хурду миёна ва саҳҳомиҳои бузург бо иштироки давлат ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба вуҷуд оянд.
Ҷуз гуфтугӯ роҳи дигар вуҷуд надорад
Ояндаи созанда бидуни гуфтугӯ ва муколама номумкин аст. Аз ин рӯ, ҳукуматдорон ва мухолифон бояд дар гирди мизи гуфтугӯ ҷамъ оянд. Медонам нафароне аз ҳар ду ҷониб санги маломат хоҳанд зад, аммо ҳамчун нафаре, ки равандҳои муосири ҷомеа ва ҷаҳонро аз лиҳози илмӣ омӯхта ва шинохтаам, итминон медиҳам, ки ба ҷуз бахшиш ва гузашт роҳи дигари созанда барои ояндаи кишвар вуҷуд надорад. Бахшиш ва гузашт нишонаи заъф нест, балки сифати шахсиятҳои тавоно ва таърихсоз аст. Барои ҳусни тафоҳум, ҳукумат метавонад дар навбати аввал нависандагону рӯзноманигорони зиндониро озод созад. Дигар, бояд як платформае бунёд кард, ки тарафҳо барои ошно гардидан ба мавқеи якдигар гуфтугӯ ва табодули назарҳоро оғоз кунанд. Медонам роҳ ҳамвор ва кӯтоҳ нахоҳад буд, аммо роҳи дигаре вуҷуд надорад. Бигузор дар оғоз ҳамоиш расмӣ ва фарогир набошад, аммо он чун заминаи ҳамдигаршунавӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ хизмат кунад. Мо дар рӯёрӯи фоҷиа қарор дорем ва бояд дар андешаи ҳамагон пешгирии ин фоҷеа бошад, на пофишории манфиатҳои маҳдуди гурӯҳӣ.
Дар солҳои 1990 Португал кишваре буд, ки дар Аврупо аз ҳама бештар шумори муътодонро дошт. Мусибат он қадар бузург буд, ки оқибат ҳукумат ва мухолифонро сари миз овард, то барои пайдо кардани роҳи ҳал гуфтугӯ кунанд. Имрӯз ин кишвар камтарин шумори муътодон дар Аврупо дорад.
Нелсон Мандела 27 сол зиндонии ҳукумати апартеид дар Африкои Ҷанубӣ буд. Вақте сари қудрат омад, ҳукумати апартеиди Де Кларкро бахшид, то бо кӯшиши якҷоя низоми апартеидро аз байн бибаранд ва ҳатто бо ҳам ҷоизаи сулҳи Нобелро бигиранд.
Танҳо аз роҳи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва гуфтугӯи миллӣ метавон мусибатро пешгирӣ кард. Дигар роҳ вуҷуд надорад. То ҳанӯз ҳеч нафрату душманӣ ва ҳеч ҷангу хунрезӣ самараи нек надодааст. Самараи он ҳамеша қатли мардуми бегуноҳ ба монанди ҳамин кӯдаки 10-сола мебошад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













