Рубио: ИМА иҷоза намедиҳад захираҳои нафтии Венесуэла ба дасти рақибонаш биафтад

Рубио: ИМА иҷоза намедиҳад захираҳои нафтии Венесуэла ба дасти рақибонаш биафтад

Ахбори байналмилал
Марко Рубио, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар суҳбат бо шабакаи NBC News дар мавриди далели аслии рабуда шудани раиси ҷумҳури Венесуэла изҳор дошт, ки Вашингтон иҷоза нахоҳад дод бузургтарин захираҳои нафтии ҷаҳон таҳти назорат ва нуфузи рақибони Амрико қарор гиранд.

Ба гуфтаи ӯ, кишварҳое чун Эрон, Русия, Ҳизбуллоҳи Лубнон, Чин ва Кубо душманони Иёлоти Муттаҳида маҳсуб мешаванд ва Амрико намегузорад, ки онҳо тавассути Венесуэла ба захираҳои стратегии энержӣ даст ёбанд.

Рубио таъкид кард, ки сиёсати Вашингтон ҳифзи манофеи амнияти миллӣ ва пешгирӣ аз густариши нуфузи рақибон дар минтақа аст ва Иёлоти Муттаҳида дар ин масъала мавзеи қотеъ дорад.

Коршиносон ва таҳлилгарон таъкид доранд, ки ин суханони вазири умури хориҷаи Амрико ба ошкор нишон медиҳад, ки ҳамлаи низомии Амрико ба Венесуэла ва рабудани раиси ҷумҳури он кишвар, фақат ба хотири нафт будааст, на ба хотири ҳуқуқи башар ва масоили дигар.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тағйири ривояти Амрико дар бораи дахолатҳои хориҷӣ ва ҳамлаҳои низомӣ ба кишварҳо
Исроил: Иҷоза намедиҳем, Теҳрон барномаҳои мушакӣ ва ҳастаии худро аз сар бигирад

Матолиби пурбоздид