Русия дар 8 моҳ 120 бор ҳадафи ҳамлаи паҳбодӣ қарор гирифтааст

Русия дар 8 моҳ 120 бор ҳадафи ҳамлаи паҳбодӣ қарор гирифтааст

Ахбори байналмилал

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, мегӯяд, ки як сохтмони баландошёна дар ин шаҳр барои дуввумин бор ҳадафи ҳамлаи паҳбодӣ қарор гирифтааст.

Ҳамзамон таҳқиқот нишон медиҳад, беш аз 120 ҳамлаи паҳбодӣ дар соли ҷоӣ дархоки Русия ва манотиқи таҳти ишғоли ин кишвар дар қаламрави Украина рӯй додааст.

Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки се қаиқи бидуни сарнишини украиниро мунҳадим кардааст. Ин вазоратхона мегӯяд, ин қаиқҳо мехостанд ба ду киштии нируи дарёии Русия ҳамла кунанд.

Русия ҳамчунин Украинаро дар ҳамлаи ду ҳафта пеш ба пуле, ки Кримро ба сарзамини аслии Русия муттасил мекунад, айбдор мекунад.

Хабари ҳамлаи Русия ба қаиқҳои бидуни сарнишини Украина дар ҳоле мунташиршудааст, ки шаҳрдори Маскав гуфтааст, дар тозатарин ҳамлаи паҳбодӣ ба ин кишвар, намои сохтмон дар табақаи 21, хасорати ҷиддӣ дидааст, аммо гузорише аз кушта ё маҷруҳ шудани касе гузориш нашудааст.

Бахши хабарии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Натиҷаи дидори мақомоти Амрико ва толибон дар Доҳа
Истилои сарзамини мо ва паёмадҳои он

Матолиби пурбоздид