Рӯзе гузашт подшаҳе аз гузаргаҳе…

Адаб
Рӯзе гузашт подшаҳе аз гузаргаҳе…
Рӯзе гузашт подшаҳе аз гузаргаҳе
Фарёди шавқ бар сари ҳар кӯю бом хост
Пурсид з-он миёна яке кӯдаки ятим:
“К-ин тобнок чист, ки бар тоҷи подшост?”
Он як ҷавоб дод: “Чӣ донем мо, ки чист?
Пайдост он қадр, ки матоъе гаронбаҳост!”
Наздик рафт пиразане гӯжапушту гуфт:
“Ин ашки дидаи ману хуни дили шумост
Моро ба рахту чӯби шабонӣ фирефтааст
Ин гург солҳост, ки бо гала ошност!”
(Парвини Эътисомӣ)
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таърих – ганҷинаи дарсу ибрат
Лаззат ва ширинии зиндагӣ дар чист?

Матолиби пурбоздид