Рӯзи фоҷиаи Фаластин-Явмун Накба
Байналмилал
Стефан Уолт (Stephen Walt) (назарияпардози равобити байналмилал):
“Ал-накба (Рӯзи фоҷеаи Фаластин) як рӯйдоди таърихии мунфарид нест, балки як фароянди мудовим аст, ки бо сиёсатҳои ишғолгарӣ ва салби моликияти фаластиниҳо то ба имрӯз идома дорад”.
Нойл Фурт (Nyle Fort) – устоди мутолиоти африқоӣ-амрикоӣ дар донишгоҳи Колумбия:
“Фергюсон чашмонамро ба зиштии нажодпарастии амрикоӣ боз кард – Фаластин маро водор кард, бар ваҳшигарии императории Амрико гиря кунам”.
Ҷош Руйенбер (Josh Ruebner) пажуҳишгари амрикоӣ ва устоди донишгоҳи Ҷорҷ Товн:
“Инкори Аннакба (Фоҷиаи Фаластин) ба таври ҳамзамон ба унвони механизме барои тақвияти инкори ҳуқуқи паноҳандагони фаластинӣ тавассути Исроил амал мекунад, то салби моликияти фаластиниҳоро татҳир кунад, хостгоҳҳои ҳазфгароёнаи Исроилро пинҳон кунад ва таъсиси Исроилро дар як ривояти таърихӣ ва некӯкоронаи ғайривоқеӣ бипӯшонад”.
Мишел Мушобек (Michel Moushabeck) нависанда ва ношири фаластинӣ-амрикоӣ:
“Дар тӯли Аннакба (Фоҷиаи Фаластин) дар соли 1948, хонаводаам мавриди озору азият қарор гирифтанд; онҳо аз хонаашон дар ғарби Уршалим овора шуданд ва дар кишварҳое, ки онҳоро намехостанд, паноҳанда шуданд. Ман бо ба имрӯз дарди онҳоро бо худ ҳамл мекунам ва садоямро барои ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниҳо баланд мекунам”.
Мишел Мушобек:
“Рӯзи Аннакба ёдоварӣ мекунад, ки то замоне ки ишғолгарии Исроил поён наёбад, умеде ба сулҳ вуҷуд нахоҳад дошт”.
Рашид Холидӣ – таърихнигори фаластинӣ-амрикоӣ ва устоди донишгоҳи Колумбия:
“Барои фаластиниҳо, соли 1948 нишондиҳандаи нобудии ҷомеаи онҳо, аз даст додани худмухторӣ, ҳаққи таъини сарнавишт ва ихроҷи аксарияти онҳо ва мусодираи амволашон аст”.
Ричард Фолк (Richard Falk) –гузоришгари вижаи СММ дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин:
“Пас аз 63 сол шигифтовар аст, ки ҳеч кас дар ҷомеаи байналмилалӣ барои водор кардани Исроил ба қавонини байналмилалӣ иқдом накардааст.
Мероси поксозии қавмии Исроил ҳамчунон идома дорад ва дар чолишҳои мутааддиде барои амнияти иқомати фаластиниҳои таҳти ишғол таҷаллӣ меёбад.
Сохти девор дар Каронаи Бохтарӣ, 12 дарсади дигар аз заминҳоро мусодира карда ва хонаҳои фаластиниҳоро тахриб мекунад, ки ин нақзи ошкори назари машваратии Девони Байналмилалии Додгустарӣ аст”.
Лиот Рузенберг (Liat Rosenberg) – мудири Созмони Зохрот (Zochrot):
“Қонуни Аннакба бахше аз фазое барои саркӯби ривояти Аннакба ва баҳс дар бораи ҳаққи бозгашти паноҳандагони фаластинӣ аст. Инҳо талошҳои ростгароёна ва зиддидемукротик ҳастанд, ки фазое аз тарс эҷод мекунанд ва ин мавзӯъро аз гуфтумони умумӣ саркӯб мекунанд”.
Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International):
“Ҷиноёте, ки дар соли 1948 муртакиб шуданд, шабоҳатҳои ваҳшатноке бо иқдомоте доранд, ки неруҳои исроилӣ дар моҳҳои ахир дар Фаластин анҷом додаанд. Беш аз ҳафт миллион паноҳандаи фаластинӣ дар саросари ҷаҳон вуҷуд доранд, ки яке аз бузургтарин ҷамъиятҳои паноҳанда дар ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва бисёре аз онҳо дар фақру нақзи систематикии ҳуқуқи башар зиндагӣ мекунанд”.
Қаламонлайн