Саодати хонавода дар гарави масъулиятпазирӣ

Фарҳанг

Саодати хонавода дар гарави масъулиятпазирӣ

Сабки зиндагӣ

Масъулиятпазирӣ ва масъулиятшиносӣ, аз муҳимтарин мабоҳисе аст, ки боиси мустаҳкам шудани хонаводаҳо мегардад.

Дар мавриди ҳуқуқ ва вазоифи дуҷонибаи зану шавҳар мабоҳиси муҳимме матраҳ шудааст, ки яке аз онҳо ҳисси масъулиятпазирӣ ё эҳсоси масъулияти зану шавҳар мебошад.

Яке аз муҳимтарин авомили таъсиргузор дар таъмини саодати хонавода, ҳисси масъулиятпазирии дуҷонибаи ҳамсарон мебошад.

Масъулиятпазирӣ ба маънои эҷоди назм дар умури ҷории зиндагии фардӣ ва хонаводагӣ мебшад, то дар паи он ба саодати дунявию ухравӣ ноил шавем.

Аз фоидаҳои масъулиятшиносӣ, пешрафт ва суръат дар тавсиаи ҳамаҷониба, ислоҳи умур дар муҳити хонавода аст.

Масъулиятпазирӣ ба маънои қабул кардани иттифоқот ва масоили пиромуни зиндагиамон, бидуни он ки бихоҳем ба хотири иттифоқоти рухдода касони дигарро гунаҳкор бидонем. Бинобар ин агар мехоҳем дар зиндагиамон ба маротиби болотаре даст пайдо кунем ва аз зиндагии худ лаззат барем, чорае ҷуз пазириши масъулият надорем.

Аз муҳимтарин аркони масъулиятшиносӣ, барқарор намудани адолат дар хонавода аст. Паёмбари Акрам(с) дар баёни аҳамияти эҳсоси масъулиятпазирӣ фармудаанд: “Як соат адолат беҳтар аз шаст сол ибодат аст, ки шабҳояш ба ибодат ва рӯзҳояш ба рӯзадорӣ бигзарад ва як соат беадолатӣ назди Худованд бадтар аз шаст сол гуноҳ аст”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фазилати донишомӯзӣ
Толибон пирӯзии Пизишкиёнро табрик гуфт

Матолиби пурбоздид