Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Режими саҳюнистӣ шикасти ғайриқобили тармим хӯрд”

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Режими саҳюнистӣ шикасти ғайриқобили тармим хӯрд”
“Ин ҳамоса, кори худи фаластиниҳост”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, имрӯз (10 октябри 2023) дар ҷамъи донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарӣ, дар хусуси амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” таъкид кард: “Дар ин қазияи 15 меҳр (7 октябр) ба ин тараф, режими ғосиби саҳюнистӣ, ҳам аз лиҳози низомӣ ва ҳам аз лиҳози иттилоотӣ як шикасти ғайри қобили тармим хӯрдааст.”
Ба гузориши сойти Фарорӯ, раҳбари Эрон таъкид кард: “Омили эҷоди ин тӯфони вайронгар, зулм ва ҷиноят ва дарандахӯии мудовими режими ғосиби ҷаълӣ дар ҳаққи миллати Фаластин будааст ва ин режим наметавонад бо дурӯғгӯӣ ва мазлумнамоӣ, чеҳраи ҳаюлоӣ ва девсирати худро дар ҳамла ба Ғазза ва қатли омми мардуми он пинҳон кунад ва бо ёвагӯӣ, шуҷоати ҷавонони фаластинӣ ва тарроҳи ҳушмандонаи ононро бар ӯҳдаи ғайри фаластиниҳо бигузорад.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҳаводиси бесобиқаи ахир дар Фаластин, мавзеъгирии масъулони кишвар дар қиболи ин қазияи муҳимми сиёсӣ-низомиро дуруст ва хуб хонд ва бо ишора ба изъони ҳамаи ҷаҳон ба шикасти режими саҳюнистӣ дар ин қазия, таъкид кард: “Ин шикаст аз абъоди низомӣ ва иттилоотӣ, як шикасти ғайри қобили тармим ва як зилзилаи вайронгар аст, ки баъид аст режими ғосиб бо ҳамаи кӯмакҳои ғарбиҳо битавонад заработи амиқи ин ҳодиса ба созаҳои ҳокимиятии худро тармим кунад.”
Раҳбари Эрон бо таъкид бар ин ки режими саҳюнистӣ баъд аз рӯзи шанбеи 15 меҳр (7 окиябр), рӯзи ҳамосаи шуҷоъонаи ҷавонони фаластинӣ, дигар режими саҳюнистии қаблӣ нест, афзуд: “Омили ин балои бузург амалкарди худи саҳюнистҳост; чаро ки вақте шумо дарандахӯӣ ва ваҳшигариро аз ҳадд мегузаронед, бояд мунтазири “тӯфон” бошед.”
Вай, иқдоми шуҷоъона ва фидокоронаи муҷоҳидони фаластиниро посух ба ҷиноёти солҳои мутамодии ишғолгарон ва афзоиши он дар моҳҳои ахир баршумурд ва афзуд: “Муқассири қазияи ахир, давлати кунунии ҳоким бар режими ғосиб аст, ки аз ҳеч иқдоми сабуъонае дар ҳаққи миллати мазлуми Фаластин дареғ накард.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба шарорат ва хабосати режими ишғолгар гуфт: “Ҳеч миллати мусалмоне дар таърихи муосир, бо душманӣ ба беҳаёӣ ва бераҳмии режими саҳюнистӣ мувоҷеҳ набуда ва ба андозаи ин миллат таҳти фишор ва муҳосара ва камбуд қарор нагирифтааст; зимни ин ки Омрико ва Ангилис аз ҳеч давлати золиме ба андозаи давлати ҷаълӣ ҳимоят накарданд.”
Вай, куштори зану марду кӯдаку кӯҳансоли фаластинӣ, ҳатки ҳурмати Масҷидулақсо, лагадкӯб кардани намозгузорон ва андохтани шаҳракнишинҳои мусаллаҳ ба ҷони мардуми Фаластинро аз ҷумлаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ хонд ва суол кард: “Оё миллати ғаюр ва чанд ҳазор солаи Фаластин дар муқобили ин ҳама зулму ҷиноят чорае ҷуз барпо кардани “тӯфон” дошт?”
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба талоши режими хабис барои мазлумнамоӣ ва кӯмаки расонаҳои истикбории ҷаҳон барои илқои ин мавзӯъ дар афкори умумии ҷаҳониён, гуфт: “Ин мазлумнамоӣ сад дар сад хилофи воқеъ ва дурӯғ аст ва ҳеч кас наметавонад аз ин ҳаюлои девсират, чеҳрае мазлум бисозад.”
Раҳбари Эрон, ҳадаф аз мазлумнамоии режими саҳюнистиро тавҷеҳи ҷиноёти ин режим дар ҳамалоти ҷорӣ ба Ғазза ва қатли омми мардуми мазлуми ин минтақа донист ва таъкид кард: “Муҳосабаи режими ҷаълӣ ва ҳомиёнаш дар ин масъала ҳам ғалат аст ва сарон ва тасмимгирандагони режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни онҳо бидонанд, ки ин корҳо балои бузургтаре сарашон меоварад ва миллати Фаластин бо азми росихтар, дар вокуниш ба ин ҷиноёт, силии сангинтаре бар чеҳраи зишти онҳо хоҳад зад.”
Вай, дар нуктае муҳим, ба ёвагӯиҳои бархе афроди режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он дар бораи даст доштани ғайри фаластиниҳо аз ҷумла Эрон дар ҳаводиси ахир ишора ва таъкид кард: “Албатта мо пешонӣ ва бозуи ҷавонони фаластинӣ ва тарроҳони мудаббир ва ҳушманди фаластиниро мебӯсем ва ба онҳо ифтихор мекунем, аммо ин ёвагӯиҳо иштибоҳ ва ин муҳосаба ғалат аст ва касоне, ки мегӯянд, зарбаи ахири фаластиниҳо ношӣ аз ғайри фаластиниҳост, миллати бузурги Фаластинро нашнохтаанд ва дастикам гирифтаанд.”
Раҳбари Эрон бо ишора ба зарурати аксуламали дунёи ислом дар муқобили ҷиноёти саҳюнистҳо, афзуд: “Албатта ҳамаи дунёи ислом муваззаф ба ҳимоят аз миллати Фаластин ҳастанд, аммо ин ҳамоса, кори тарроҳони ҳушманд ва ҷавонон ва фаъолони аз ҷон гузаштаи фаластинӣ буд ва иншоаллоҳ ин ҳамосаи шуҷоъона гоми бузурге дар роҳи наҷоти фаластиниҳо хоҳад буд.”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дархости Поп аз Ҳамос ва “Исроил”
Тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар Фаронса мамнӯъ

Матолиби пурбоздид