Саргузашти босмачиҳо – 17
Бахши ҳабдаҳум
(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)
Фаъолиятҳои ҳавзаи Зарафшон ва Қашқадарё
Моҷарои Анварпошшо “Ҷамъият”-ро дар баробари коре анҷомшуда қарор дод. Кумитаи марказӣ ташкил ёфт ва дар бораи авзоъ ба музокира пардохт ва тасмим гирифт, ки ин ҷунбиш феълан мунҳасир ба ҳудуди Бухоро ба шумор ояд ва бо таваҷҷӯҳ ба қаҳтӣ дар соири вилоятҳои Туркистон ва фақр дар Русия, муқаррароти собиқ тағйир дода нашавад ва “Ҷамъият” мардумро ба қиём даъват накунад ва фақат мисли собиқ созмондеҳии набардҳои номуназзам (портизонӣ) идома ёбад ва ба Анварпошшо ёрӣ шавад ва ба кунгурае, ки ӯ баргузор мекунад, намояндагӣ эъзом гардад.
Аммо шикасте, ки Анварпошшо дар оғози кор дар тамомии иқдомоти худ хӯрд, таъсири номатлубе ба ҷо гузошт. “Ҷамъият” чӣ аз гузоришҳои Вазорати ҷанги рус, ва чӣ аз гузоришҳое, ки аз Ғузор, дар Бухорои шарқӣ, дарёфт мекард, пай бурд, ки Анварпошшо дар дасти қабилаи Лоқой асир шудааст. Дар ҳамин замон, намояндагони эъзомии Анварпошшо ба Хева, хабар доданд, ки дар рӯзи вурудашон ба шаҳр (28 ноябр), дар он ноҳия инқилоб шуда, ҳукумат сарнагун гашта ва иддаи зиёде зиндонӣ шудаанд.
Номае низ, ки Анварпошшо дар охирҳои феврал барои “Ҷамъият” фиристод, таъсири номатлуб дошт. Дар ин номаи рамзӣ гуфта мешуд: “Тибқи ахбори расида, русҳо дастандаркори таҷҳизи (омода кардани) нерӯи 12 ҳазор нафарӣ дар атрофи истгоҳи Когон ҳастанд – оё ин ҳақиқат дорад? Воқеан метавонанд чунин нерӯе эъзом кунанд?”
Воқеият ин буд, ки русҳо он рӯзҳо дар сояи фароғат аз ҷабҳаи ғарб, метавонистанд ба ҷои 12 ҳазор нафар, 50 то 60 ҳазор нерӯ таҷҳиз кунанд. Дар аввалҳои март, ин ҳақоиқ дар номае ба Анварпошшо ёдоварӣ ва гуфта шуд, ки чун Фарғона гирифтори қаҳтӣ аст, мубориза осон нест ва аз ин рӯ, мавқеият эҷоб мекунад, ки дар моҳи март муқаддимоти лозим фароҳам шавад ва ба маҳзи мушоҳидаи омодагии русҳо, “Ҷамъият” барои барқарории музокираи сулҳ подармиёнӣ намояд. Бо вуҷуди ин, “Ҷамъият” ба подгонҳои Чорҷӯй, Шаҳрисабз, Қаршӣ, Ғузор ва Кармина – аз ноҳияҳои ҳукумати Бухоро – ки дар 23 марти 1922 ба фармондеҳии Орипов, вазири ҷанг ва иддае дигар қиём карда буданд мулҳақ шуд ва тасмим гирифт, ки аз самти ғарб подгонҳои русии мустақар дар Дарбанд ва Бойсун мавриди ҳамла қарор гиранд ва аз миён бардошта шаванд. Ва ҳамчунин тасмим гирифт, ки ба Анварпошшо бипайвандад ва дар айни ҳол, дар Нурото дастаи низомии муназзаме ташкил ёбад. “Ҷамъият” тадорукоти лозим барои чунин кореро низ фароҳам овард.
Ман (Закӣ Валидӣ) барои иҷрои ин тасмимот мудом савор бар асп байни ноҳияҳои Шаҳрисабз, Қаршӣ, Каттақӯрғон, Бухоро, Самарқанд ва Нурото рафту омад мекардам ва дастурҳои лозимро медодам. Кори ташкилотӣ дар Самарқанд низ, бо муваффақият, рӯй ба пешрафт ниҳода буд, ва дастаҳое, ки то июли 1922 дар ин сарзамин созмон ёфта буданд ва метавонистанд бо русҳо мубориза кунанд, аз ин қарор буд:
1) Дастаи Очилбек. Очилбек аз ноймонҳои атрофи Самарқанд ва аз қаряи Қӯштомғолӣ буд. 38 сол дошт ва бениҳоят далер ва дорои ахлоқи некӯ ва шахсе муваққару соҳиби тадбир буд. Сиёсати эъмолшудаи русҳо дар Туркистонро чӣ дар рӯзномаҳои русӣ ва чӣ нашриёти маҳаллӣ, дунбол мекард ва аз соири манобеъ низ иттилооти лозимро гирд меовард. Таҳаввулоти кишварҳои ҳамсояро низ мадди назар дошт. Ибтидо, ҳамроҳи Баҳромбек дар Шаҳрисабз дар хидмати Сайид Акрам Тӯра буд ва дар октябри 1921 ба дастури “Ҷамъият” ба ташкили муқаддимоти ҷангҳои номуназзам (портизонӣ) пардохт. Дар июли 1922, ҳудуди 1300 тан нерӯ дошт ва фармондеҳи саросари ноҳияҳои Самарқанд ва Зарафшон ба шумор мерафт. Қорӣ Комил, узви Кумитаи марказии “Ҷамъият”, аз равшанфикрони бособиқаи Туркистон, ки таҳсилоти русӣ дошт ва дар Бедана муаллим буд, ба унвони намояндаи доимии “Ҷамъият” ва мушовир дар назди Очилбек иқомат дошт. Ғайр аз ӯ, равшанфикрони дигаре низ дар канораш буданд. Яке аз фармондеҳони нерӯҳояш, Очил Тӯқсоба аз ноҳияи Ҷомбой дар атрофи Самарқанд буд, ки ба қабилаи қарақолпоқ интисоб дошт. Ӯ низ шуҷоъ буд ва тавонист равшанфикрони вилояти худро даври хеш ҷамъ кунад, вале ахлоқи тунде дошт. Илова бар ӯ, Катта Махдум, Кичик Махдум, аз ӯзбекҳои ҷавони қасабаи Чилики вилояти Самарқанд, ҷумлагӣ дар хидмати Очилбек буданд.
2) Дастаи Баҳромбек. Баҳромбек аз тоҷикҳои қаряи Деҳнав дар ҷивори Самарқанд буд ва ба забони русӣ мусаллат буд. Наздик ба ҳазор нафар нерӯ дошт. Ӯ ба монанди аксари тоҷикҳои Самарқанд боғайрат ва дар айни ҳол ҳарису судҷӯ буд. Ҳамроқулбек, ки аз ноҳияи Пастқишлоқ дар наздикии Самарқанд буд, ӯро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ дар мадрасае, ки муаллим Шакурӣ бо усули ҷадид идора мекард, дарс хонда буд ва бисёр шуҷоъ буд. Аз равшанфикрони Самарқанд Абдулҳалим, Қорӣ Маҳмуд ва Асъадбеки Озарбойҷонӣ дар канораш буданд. Ҳамчунин Холиққулбек, аз тоҷикҳои моғиёни Фороб, бо ҳудуди 50 тан атрофиёни худ, назди ӯ бар сар мебурданд.
3) Дастаи Қароқулбек: аз қабилаи ноймони мустақар дар ноҳияи Каттақӯрғон, дорои ҳусни сулук, поккдоманӣ, вале бисёр соддадил буд ва 500 тан сипоҳӣ дошт.
4) Дастаи Ҳоҷӣ Абдулқодир: Ҳоҷӣ Абудлқодир аз тоҷикҳои қасабаи Ургути Самарқанд ва аз равшанфикрони ин минтақа буд. Ӯ муддате дар хидмати ҳукумати болшевикҳо буд ва дар апрели 1922 ҳамроҳи дӯсташ муаллим Шакурӣ подгони русии мустақар дар Ургутро ғорат ва аслиҳаи онро байни ёрони худ тавзеъ кард ва ба босмачиҳо пайваст. Агарчи миллатдӯст ва нисбат ба ақидаи худ мухлис буд, аммо чун мазабзаб буд, касе ба ӯ алоқа надошт ва ҳамвора ба ноҳақ мавриди тӯҳмат қарор дошт. Аз адабиёти куҳани форсӣ ва туркӣ нек огоҳ буд ва забони русиро низ медонист.
5) Дастаи Маъмурбек ва Туроббек: Маъмур Ниёзӣ ҷавони равшанфикре буд аз хонадони Юлдош аз шаҳри Ҷоми ноҳияи Ҷиззах, ки аз мадрасаи русии шаҳри Самарқанд фориғуттаҳсил шуда буд. Қиёмҳои 1916-ро ба чашм дида ва вуҷудаш аз ҳисси интиқоми русҳо саршор шуда буд. Пас аз инқилоб, дар бархе аз машоғили ҳукумати Шӯравӣ хидмат карда буд ва дар соли 1921 раиси милисаи ноҳияи Ҷиззах буд. Ӯ ба унвони узви “Ҷамъият” ба босмачиҳо ёрӣ намуд ва саранҷом дар 11 майи 1922 ба босмачиҳо пайваст ва дастае низомӣ ташкил дод. (Ахиран ба Туркия омад ва дар канори ман дар интишороти нашрияи “Йени Туркистон” (Туркистони нав) ҳамкорӣ кард. Дар эҳдоси хатти роҳи оҳан ширкат ҷуст. Ӯ дар 28 январи 1929 дар Товшонлӣ ба таври ногаҳонӣ даргузашт.)
Туроббек аз бекзодаҳои ӯзбакҳои Оҷиқишлоқ, аз тавобеи ноҳияи Ҷиззах буд, ба забони русӣ таҳсилоти мутавассита карда буд. Пас аз инқилоб, бо симати намояндаи махфии “Ҷамъият”, дар Ҳизби кумунисти вилояти Самарқанд ва Чека (Созмони амният) ҳамроҳ бо Маъмурбек фаъолият мекард ва сипас ба босмачиҳо пайваст. Ӯ фармондеҳоне чун Муҳаммад, Очил ва ҳамчунин дӯстоне чун Ҳазратқул, Авлиёқул, Абдулкарим Минбошӣ ва Абдурраҳим Минбошӣ дошт.
Ин ду тан (Маъмурбек ва Туроббек) ҳудуди 200 нафар сипоҳӣ ҷамъ карда буданд ва ин нерӯҳо дар ноҳияи Бедана ва аз Ғудун то Холбӯтабек дар ноҳияи Ӯротеппа, яъне сар то сари доманҳои шимолии силсилакӯҳҳои Туркистон мустақар буданд.
6) Дастаи Мулло Ҳамроқули Ҷиззахӣ: Мулло Ҳамроқули Ҷиззахӣ тоҷик ва ҷавоне равшанфикр буд. Ӯ пеш аз ҳар каси дигар ба босмачиҳо пайваста ва бо 50 тан нерӯи худ кӯҳҳои Қӯйтошро қароргоҳи худ сохта ва ҳамла ба русҳоро оғоз карда буд.
7) Дастаи Масчо: Ин даста ибтидо ба фармондеҳии қаҳрамонони беназире чун Ҳомидбек ва Абулҳамид Сангзорӣ идора мешуд, ва Очил низ бар қисмате аз он риёсат дошт. Аммо пас аз шаҳодати Ҳомид, Сайид Аҳмадхон (ҳамон Сайид Аҳмадхоҷа) – аз эшонҳои хуҷандӣ дар ноҳияи Масчо ва мире ба номи Асрорхон, ба риёсати он таъйин шуданд. Онҳо бар тамоми Масчо мусаллат гаштанд. Дастаҳои таҳти фармони Юсуфбек ва Нусратбек дар хидмати Анварпошшо буданд. Асрорхон дар ҳини иқтидор, беирода ва музабзаб буд ва ба ин далел, бо вуҷуди душманӣ бо русҳо, ҳамеша мавриди шубҳа буд.
8) Дастаи қаҳрамон Холбӯта: Яке дигар аз ин дастаҳо, дастаи қаҳрамон Холбӯта дар ноҳияи Ӯротеппа аст. Ӯ 500 сипоҳӣ дошт ва фавқулъода сабуру ватандӯст ва душмани ҳақиқии русҳо буд. Худ ва низомиёнаш чолок буданд ва рустоиён, бо ҳазор марорат, дар сахттарин лаҳазот, ба ӯ арзоқ ва муҳиммот мерасонданд. Ӯ таъмини маъоши идорӣ ва низомии афродашро ба шахси огоҳ ва оқиле ба номи Мулло Мустафо супурда буд. Яке аз дӯстони ӯ низ фармондеҳе ба номи Саъид Мурод буд. (Дар ин ноҳия ҳамчунин дастаҳои Абдулқодирхон ва Қозӣ Тӯра низ фаъолият доштанд.)
* * *
(Тазаккур: Аз он ҷо, ки Закӣ Валидӣ дар хотироташ, дар бораи фаъолияти босмачиҳо дар Масчо ва Ӯротеппа (Истаравшани кунунӣ) беш аз он чи омад, дигар тавзеҳе надодааст ва инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) аз хеле вақт ният доштам дар ин мавзӯъ бинависам ва инак фикр мекунам ҳамин фурсат муносиб аст, аз ин рӯ, дар қисмати баъдии ин силсилмақолот, мехоҳам дар ин хусус бо такя бар порае аз манобеъ ва низ ҳақоиқе, ки аз забони падарбузург ва падар ва амуҳоям дар ин мавзӯъ шунидаам, як каме ба тафсил бинависам.)
* * *
Дастаҳое, ки ном бурдам, ҳамагӣ тобеи “Ҷамъият” буданд; албатта ҷуз дастаи Абдулқаҳҳор — аз ҳаводорони амир, дар Зарафшони суфло (поин), ки тобеи “Ҷамъият” набуд. Аз кумунистҳои Бухоро иддае, ки феълан зикри номашон мақдур нест, илова бар ташкилоти “Ҷамъият”, даст ба кори ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайринизомӣ низ шуда буданд, аз он ҷумла дастае буд мутаъаллиқ ба шахсе ба номи Ҷабборқул. Пас аз он ки ӯ ба баҳонаи музокира ба Бухоро хонда ва кушта шуд, Мулло Абдулқаҳҳор ва бародараш, дар раъси ин гурӯҳ қарор гирифтанд ва дар моҳҳои март ва апрел, ҳатто Бухороро муҳосира карданд. Абдулқаҳҳор шахсан одами баде набуд, аммо вақте ки мутаъассибтарин муллоён ва ҳаводорони амир ба дастаи ӯ пайвастанд, тамомии муборизоти ҳавзаи Зарафшонро ба табоҳӣ кашонданд. Гоҳе теъдоди сипоҳиёнаш ба ду ҳазор тан низ мерасид.
Ману дӯстонам вақте аз рустое, ки мақарри Кумитаи марказиаш карда будем берун меомадем, ағлаб ба миёни дастаҳои Очилбек, Қароқулбек, Мулло Ҳамроқул ва Маъмур Ниёзӣ мерафтем. Дар моҳҳои апрел то июл, дар набардҳое, ки дар ноҳияҳои Чилик ва вилояти Ҷиззах ҷараён дошт, ширкат кардам. Аз апрел то июн, ин дастаҳо ва ҳамчунин мардум бисёр бо руҳия ва умедвор буданд. Русҳо ҷуръат надоштанд аз хатти роҳи оҳан фаротар биёянд. Элиава ва Орджоникидзе, ки дар моҳи май аз Маскав омада буданд, фақат дар маъияти як дастаи нерӯманди низомӣ тавонистанд аз расадхонаи Улуғбек, дар ду километрии Самарқанд, боздид кунанд. Бо вуҷуди ин, агар тадобири эҳтиётии муносибе наяндешида буданд, гирифтори юриши босмачиҳои камингирифта дар гӯшаву канор мешуданд. Ҳеч фарди русе наметавонист танҳо аз шаҳр хориҷ шавад.
Идома дорад…
Қаламонлайн