Шуморо ба чӣ унвон садо кунем?

Шуморо ба чӣ унвон садо кунем?

Нақл аст, ки дар замони орифи номдор ҷаноби Шайх Абӯсаиди Абулхайр маросим ва маҷлиси тоҷгузорӣ барои яке аз шуюхи тариқат дар назар гирифта буданд ва ба расми вуруд ба даргоҳи салотин афроди мумтоз ва мушахххас, ки меомаданд, ба таносуби шаъни онҳо, як ҷорчӣ, ки дар онҷо барои муаррифии афрод муқаррар шуда буд, аз тозаворид мепурсид, ки шумо кӣ ҳастед?

Як вақт Шайх Абӯсаиди Абулхайр вориди маҷлис шуд. Ҷорчии мазкур давид ва рафт пеши Шайх ва рӯ ба ӯ карда гуфт:

— Ё Шайх! Шуморо бо чӣ унвон ва чӣ гуна муаррифӣ кунам?

Шайх Абӯсаид гуфт:

— Барои чӣ?

Гуфт:

— Тамомии афроде, ки омаданд инҷо як ба як ҳамон гуна, ки расм аст ва ҳамон гуна, ки худ гуфта буданд, муаррифӣ шуданд, ҳоло мондаам, ки шуморо чӣ унвон кунам ва дар бораи шумо чӣ бигӯям? Ҳоло ҳар чӣ, ки бифармоед, ҳамонро бигӯям.

Шайх Абӯсаид ҳам дар ҷавоб гуфт:

— Пеш рав ва ҷор бикаш ва бигӯ:

— Ҳеч ибни Ҳеч ибни Ҳеч омадааст!

* * *

Мавлоно дар ин замина гӯяд:

Нардбони халқ ин мову манист,

Оқибат з-ин нардбон афтоданест.

Ҳар кӣ болотар равад, аблаҳтар аст,

К-устухони ӯ батар хоҳад шикаст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ободонии кишвар бо мардуми ранҷур муяссар намешавад
Ин хӯрданиҳо барои шумост

Матолиби пурбоздид