Саргузашти босмачиҳо – 2
Бахши дуввум
(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)
Қиём дар Фарғона
Қиёмҳои Туркистон дар соли 1918 ба сурати номуназзам дар саросари он диёр рӯй овард. Кейки Ботур (Кейки-Батыр), ки пештар шӯриши соли 1916-ро дар минтақаи Турқойи Қазоқистон раҳбарӣ карда буд, ва Ҷунайдхон, ки ҳамон вақт дар Хева сар ба туғён бардошта буд, саргарми фаъолият буданд; аммо Фарғона ба сурати маркази ин ҷунбиш даромад ва чун қиёмгарони онҷо “босмачӣ” хонда мешуданд, аз он пас, ин унвон ба ҳамаи қиёмкунандагон дар тамоми ноҳияҳо таъмим дода шуд.
“Босмачӣ” аз масдари “босмоқ” ба мафҳуми ҳуҷум, нахуст ба дастаҳои ёғиёни мусаллаҳ итлоқ мешуд. Ин гуна ёғиён дар ҳукумати тезорӣ (Русияи подшоҳӣ), дар Туркистон, Бошқирдистон ва Карима (Қрим) ҳангоме, ки ин манотиқ дар остонаи аз даст додани истиқлоли худ ва пазируфтани ҳокимияти рус буданд, зиндагӣ мекарданд. Бошқирҳо ононро ба истилоҳи хуросонӣ “айёр” меномиданд ва дар Карима (ва дар Укройн ба тақлид аз онон) “ҳайдамоқ” мехонданд. Қаҳрамононе чун Буронбой аз бошқирҳо, Ҳалим дар Карима ва Намоз дар Самарқанд ному овоза ёфта буданд. Инон русҳо ва корхонаҳои ононро ғорат ва ғаниматҳоро миёни мардум тақсим мекарданд.
Фарғона дар ҳукумати тезорӣ низ аз ин гуна аносур холӣ набуд. Дар онҷо, бар асари нобасомонии иқтисодии ношӣ аз густариши кишти панба (пахта), ёғигарӣ ва ҷиноят афзоиш ёфта буд. Ҳамон тавр ки дар миёни босмачиҳои куҳан ва “чата”-ҳо (дастаҳои ёғиёни роҳзан)-и Туркия маъмул аст, раҳбари маънавии “чата”-ҳои ӯзбеку туркман “Гӯруғлӣ” аст.
Аъмоли босмачиҳо, ки дар зоҳир ҷуз роҳзанӣ нест, тарҷумони афкору ҳаяҷоноти тӯдаи васеъи мардум ба шумор меояд, ва ба ҳамин муносибат, вазъи ҳайдукҳо дар қиёмҳои истиқлолталабонаи сербҳоро – ки Оқҷуруғлӣ Юсуфбек дар он нақш дошт – ва ҳамчунин клефтҳо ва паликорҳоро – ки нимеашон инқилобӣ ва ниме роҳзан буданд ва дар ҷунбишҳои истиқлолхоҳии Юнон ширкат доштанд – ба хотир меоварад.
Бештарин ва пурнуфузтарин гурӯҳҳои босмачӣ, ки пас аз соли 1918 падид омаданд, бегумон ҳеч иртиботе бо роҳу расми Гурӯғлӣ надоштанд ва порае аз аъзои онҳо, ки аз афроди таҳсилкарда буданд, ба ёди гузаштаҳо ҷумлагӣ машмули унвони босмачӣ шуда буданд. Ба ҳамин далел, калимаи “босмачӣ” имрӯза дар Осиёи Марказӣ ба мафҳуми “гурӯҳи мусаллаҳи сиёсӣ”, ва ба баёни дурустттар, гурӯҳи мусаллаҳе аст, ки намояндани қиёми мардуми як мустамлика бар зидди ғосибон ба шумор меравад. Ва дар ҳоли ҳозир, дар матбуоти ӯзбекӣ ва қазоқӣ иборатҳое чун “босмачиҳои Чин”, “босмачиҳои Алҷазоир” ва “босмачиҳои Ҳинд” ба чашм мехӯрад.
Дар аснои инқилоби 1917 аз миёни босмачиҳо Муҳаммадаминбек дар Фарғона ва Кичкина Эргаш дар атрофи Хӯқанд шӯҳрати фаровоне доштанд. Дар охирҳои ҳамон сол, Муҳаммадаминбек пеш аз барқарории ҳукумати миллии Туркистон, ва Эргаш пас аз по гирифтани ҳукумати миллӣ, ба қасди кӯшиш дар роҳи озодӣ ва инқилоб, ба ҳукуматҳои маҳаллӣ паноҳ буранд ва пазируфта шуданд. Муҳаммадаминбек ба риёсати пулиси Марғилон ва Эргаш ба риёсати пулиси Хӯқанд таъйин шуданд ва ҳамразмони худро гирд оварданд. Ба гуфтаи Гинзбург, ҳамин афрод танҳо пуштибони низомии ҳукумати миллии Хӯқанд буданд ва хадамоти боарзише аз худ нишон доданд.
Ҳангоме ки қарор буд болшевикҳо ва дошнокҳои арманӣ ба Хӯқанд ҳамла кунанд (феврали 1918), Эргаш пешниҳод кард, ки қувваҳои русии мустақар дар эчқалъа (истеҳкомоти низомӣ)-и Хӯқандро халъи силоҳ кунанд, вале аъзои ҳукумат дучори тардид шуданд ва бо радди назари вай, муртакиби хато гардиданд. Он гоҳ болшевикҳо ва арманиён аз Тошканд омаданд ва ҳукумати миллиро сарнагун сохтанд ва бо тулумба ба шаҳр нафт пошиданд ва оташ заданд ва вайрон карданд. Пас аз он ки иддае аз аъзои ҳукумат зиндонӣ шуданд ва иддае муваффақ ба фирор гардиданд, Эргаш худсарона даст ба иқдомоте зад ва ба рустоҳо ақаб нишаст. Муҳаммадаминбек низ аз Марғилон ақабнишинӣ кард ва худро “амири лашкар” эълом дошт. Кичкина Эргаш дар ҷанге дар атрофи Хӯқанд, ки 12 рӯз идома ёфт, ба шаҳодат расид.
Кӯри Шермат (Шермуҳаммадбек) ба ҳамин муносибат дар хотироти худ менависад: “Пас аз шаҳодати Эргаш, русҳо дӯстони ӯро бо ҳазор навъ шиканҷа ба қатл расонданд, пистони занҳоро буриданд ва барои иқрор гирифтан аз онҳо, бар сари кӯдаконашон мех кӯбиданд.”
Пас аз шаҳодати Эргаш (Кичкина Эргаш) Катта Эргаш (Эргаши бузург) ҷойи ӯро гирифт, ва аммо Муҳаммадаминбек аслан аз шаҳри Марғилон буд ва дар он мавқеъ 23 сол дошт. Дар он рӯзгор, иддае дар кори қиём бо ин ду тан ҳамроҳӣ намуданд, ки Холхӯҷа – ҷангҷӯи бисёр диловар (43 сола) аз шаҳри Ӯш, Парпӣ (35 сола) аз Андиҷон, Муҳйиддинбек (40 сола) аз қипчоқҳои қасабаи Кукҷор дар атрофи Новқот, Амон паҳлавон (50 сола) аз қаряи Гӯрбобо аз тавобеъи Марғилон, бародари ӯ Нурмуҳаммадбек (18 сола), Ҷонбек Қозӣ (50 сола), аз қирғизҳои атрофи Ӯзганд ва Раҳмонқулбек, аз рустоҳои Ғишобаи Намангон, аз он ҷумла буданд.
Ин афрод сипоҳиёне аз мардум гирд оварда буданд. Ин вилоятҳо – ба истиснои шаҳрҳо – ро идора мекарданд ва набард бо русҳоро низ оғоз карда буданд. Шермуҳаммадбек дар хотироти худ роҷеъ ба афроди урдуе, ки бекҳо созмон дода буданд, менависад: “Босмачиҳои нахустин аз коргарони бособиқа буданд.” Гарчи нахустин раҳбарони босмачиҳо дар хидмати Хӯқанд буданд ва пас аз фурӯпошии он сар ба кӯҳ ниҳоданд, аммо мебинем он идда аз аъзои ҳукумати Хӯқанд, ки равшанфикр буданд ва таҳсилоти русӣ доштанд, натавониста буданд худро ба тӯдаҳои мардум бишносонанд. Масалан, Шермуҳаммадбек дар хотироти худ зимни баҳс аз ҳукумати Хӯқанд аз нақши ҷиддии он чизе ёд намекунад ва бо иктифо ба ин ки “раиси ҳукумати Фарғона Миродилбеки Тошкандӣ буд”, аз сари матлаб мегузарад. Ба ақидаи Гинзбург — нависандаи таърихи қиёми босмачиҳои Фарғона, Эргаш ва Муҳаммадаминбек шиорҳое аз ин қабил доштанд: “Туркистон аз они туркистониён аст!”, “Туркистонро аз юғи бегона раҳо хоҳем сохт!”, “Бо русҳое, ки охирин пироҳанро аз тани мардуми фақир берун мекашанд, ҷанг хоҳем кард!”
Нахустин иқдоми инон, ҳамла ба кишоварзони руси муқими сарзамини Фарғона буд. Дар ноябри 1918 Холхӯҷа бо 700 тан сипоҳӣ ба қасабаҳои русиии муҷовири Ҷалолобод ба номи “Благовещенский” ва “Спасский” ҳуҷум бурд. Дар ин рустоҳо ҳатто занони рус низ мусаллаҳ буданд. Илова бар ин, аҳолӣ се аррода тӯп ҳам доштанд. Кишоварзони русӣ дар 27 феврали 1919 дар сояи иттиҳод бо болшевикҳо, тавонистанд аз маҳлака ҷон ба дар бибаранд; аммо ду моҳи баъд, ҳангоме ки ба ҳуҷуми болшевикҳо гирифтор омаданд, ба фикри созиш бо Муҳаммадаминбек, раҳбари босмачиҳо ва пайвастан ба қиём афтоданд. Ин афрод қаблан бо иҷозаи болшевикҳои Тошканд дастае ба номи “Артиши масеҳиён” ташкил дода ва дар 5 май шахсе ба номи Монстровро ба фармондеҳӣ баргузида буданд. Ва ҳамин шахс, дар воқеъ, душмани болшевизм буд ва ба қасди пайвастан ба Муҳаммадаминбек, боби муробитаро боз кард ва дар 22 август бо ҳам ба тафоҳум расиданд ва муттаҳид шуданд ва тасмим гирифтанд, ки дар вилояти Фарғона усули идории демукротикро барқарор созанд. Онон болшевкиҳои зердасти Сафоновро мағлуб ва шаҳри Ӯшро тасарруф карданд; сохлуи (подгони) 215 нафарии русҳо дар қалъаи Иркештам воқеъ дар марзи Кошғарро халъи силоҳ ва подгони Помирро ба қувваҳои худ мулҳақ сохтанд. Хостанд шаҳри Андиҷонро низ тасарруф кунанд, вале муваффақ нашуданд.
Аз сӯе, бо амири Бухоро ва кишвари Афғонистон ва аз сӯи дигар, бо женерол Колчак дар Сибир ва консули Англис дар Кошғар робита барқарор сохтанд ва аз онон ёрӣ хостанд. Аммо чун Муҳаммадаминбек ба фармондеҳии олии русҳои сафед гардан наниҳод, муваффақ ба дарёфти кӯмакҳои мавъуд нагардид. Бо вуҷуди ин, Монстров муваффақ шуд аз Успенский, консули тезор (подшоҳи Русия) дар Кошғар, миқдоре кӯмаки низомӣ бигирад. Муҳкаммадаминбек натавонист бо Эргаш мусолиҳа кунад.
Эргаш низ дар моҳи май ба шарти ҳифзи вазъи мусаллаҳи худ, бо болшевикҳо роҳи оштӣ паймуд, аммо бо атрофиёни худ дар қаряи Бошқир дар ҷивори Хӯқанд ба камин нишаст ва монеъи фаъолиятҳои Муҳаммадаминбек нашуд. Муҳаммадаминбек ва Монстров дар 24 сентябр кунграе аз сарони Фарғона баргузор ва “Ҳукумати муваққати Фарғона”-ро барпо карданд. Раиси ҳукумат ва сипоҳ, худи Муҳаммадаминбек, ва нозири умури сиёсӣ Монстров буд, ва риёсати ситоди лашкари Муҳаммадаминбекро низ руссафеде ба номи Белкин бар ӯҳда дошт. Монстров ва Белкин бахше аз қувваҳои Муҳаммадаминбек ва ёронашро ба ҳанг (полк), гурдон ва дастаҳо тақсим карданд ва ба ислоҳу танзими умури маъишатии он ҳиммат гумоштанд ва як ҳанги камубеш муназзами қирғизӣ ташкил доданд. Муҳаммадаминбек барои ин ки ба ҳукумати худ сирфан ранги миллӣ надода бошад ва рустоиёни русиро аз худ наҳаросонад, тақсимоти “уезд”-и русиро пазируфт ва “пристав” (калонтар, раиси пулис)-ҳоро аз русҳои сафед баргузид. Бо вуҷуди ин, лашкарашро ба сурати сипоҳи якдасте аз мусалмонон ҳифз кард. Дар ин ҳангом, аз сипоҳи Фарғона, ки болиғ бар 7 ҳазор тан буд, танҳо бахше ба сабки русӣ ба “рота” ва “эскадрон” тақсим шуда ва бештари он, ба усули қадими низомии Хӯқанд ба дастаҳои зерфармони юзбошӣ ва понсадбошӣ ва қӯрбошӣ қисмат шуда буд ва Муҳаммадаминбек худ амири лашкар хонда мешуд.
Ба гуфтаи Гинзбург, ҷунбиши Фарғона дар моҳҳои август ва сентябр ранги “туғёни тӯдаи мардум”-ро ба худ гирифта буд ва болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ рӯзҳои бас душворе мегузаронданд, аммо охирҳори сентябр кор ба зиёни босмачиҳо дигаргун шуд.
Идома дорад…
Қаламонлайн