Парҳез аз одоби ҷоҳилӣ

Таърих

Наҳҷулбалоға ва дарсҳои зиндагӣ

Парҳез аз одоби ҷоҳилӣ

Дар роҳи Сиффин деҳқонони шаҳри Анбор, (яке аз шаҳрҳои Ироқ) ҳамин ки Имом Алиро диданд, пиёда шуда ва пешопеши он ҳазрат медавиданд.

Фармуд: Чаро чунин мекунед?

Гуфтанд: Ин одатест, ки подшоҳони худро эҳтиром мекардем.

Алӣ ба онон фармуд: Ба Худо савганд, амирони шумо, аз ин кор фоидае набурданд ва шумо дар дунё худро бо он ба заҳмат меандозед ва дар охират низ дучори ранҷу сахтӣ мешавед ва чӣ зиёнбор аст ранҷе, ки дар паи он азоб бошад ва чӣ судманд аст осоише, ки боиси амон аз оташи ҷаҳаннам бошад. (Ҳикмати-37).

Одоби муошират бо мардум

Имом Алӣ ба фарзандаш Имом Ҳасан (алайҳис-салом) фармуд:

Писарам! Чаҳор чиз дар хубиҳо, аз ман ёд гир ва чаҳор чиз аз ҳушдорҳо, ба хотир биспор, ки то ба онҳо амал мекунӣ, зиён намебинӣ:

Хубиҳо:

1-Ҳамоно арзишмандтарин бениёзӣ ақл аст.

2-Бузургтарин фақру нодорӣ беақлист.

3- Тарсноктарин танҳоӣ худписандист.

4-Гиромитарин арзиши хонаводагӣ, ахлоқи некўст.

Ҳушдорҳо:

1 – Писарам аз дўстӣ бо аҳмақ бипарҳез, чун ки мехоҳад ба ту фоида расонад, аммо сабаби зиёнат мешавад.

2 – Аз дўстӣ бо бахил бипарҳез, чун он чиро, ки сахт ба он ниёз дорӣ, аз ту дареғ медорад.

3 – Аз дўстӣ бо бадкор бипарҳез, ки ба баҳои каме туро мефурўшад.

4 – Аз дўстӣ бо дурўғгў бипарҳез, ки ў монанди сароб аст: дурро ба ту наздик ва наздикро ба ту дур нишон медиҳад.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати-38).

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Алоқамандсозии навҷавон ба мутолиа
Ободонии кишвар бо мардуми ранҷур муяссар намешавад

Матолиби пурбоздид