Сармояе ба номи Инсон

Сармояе ба номи Инсон

Мадрасаи андеша

“Мо гоҳе рӯйи миллатҳои дигар ин тавр ҳисоб мекунем, вақте ҳунар ва фунуни онҳоро мебинем, ҷомеаи онҳоро мебинем, рафтори онҳоро мебинем, хаёл мекунем мо як навъ сиришт дорем ва онҳо сиришти дигаре доранд. Масалан то исми олмониҳо бурда мешавад, мегӯянд, оқо ин олмониҳо як мағзҳое доранд! Воқеан хаёл мекунем, ки аслан сохтмони мағзи олмониҳо бо сохтмони мағзи мо аз замин то осмон тафовут дорад; аслан онҳо як ҷур ба дунё омадаанд ва мо ҷури дигаре ба дунё омадаем. Агар ин тавр аст, ки нажоди онҳо бо мо ин қадр тафовут дорад, бояд то охири дунё ҳамеша онҳо оқо бошанд ва мо банда ва навкар бошем ва аслан аз аввали дунё ҳам бояд ҳамин тавр мебуд; онҳо нажоди оқо мебуданд ва мо нажоди навкар.

Дар сурате, ки ин тавр нест. Агар шаш қарн ба ақиб баргардед, мебинед, қазия баръакс будааст. Онҳо агар тафовуте доранд, тафовуташон дар ин аст, ки дар қисматҳои фаннӣ, инсонҳое сохташуда ҳастанд ва мо инсонҳои хом ва сохтанашудае ҳастем. Аз миёни истеъдодҳое, ки дар вуҷуди мо нуҳуфтааст, як ҳазоруми он истеъдодҳо ҳам ба кор гирифта намешавад, сохта намешавад. Истеъдодҳои бешуморе ба вуҷуд меояд ва дар асари мавриди истифода қарор нагирифтан ва сохта нашудан, дар деҳ масалан пушти як гов ва ё дар зироат хок мешавад. Бӯалӣ Синоҳо ба дунё меоянд, вале алифборо ҳам ёд намегиранд ва баъд бо чӣ вазъе то охири умр зиндагӣ мекунанд ва ҳатто худашон ҳам худашонро намешиносанд ва аз дунё мераванд.

Як миллат агар бихоҳад зиндагӣ кунад, ниёз ба анвои сармояҳо дорад, ки яке аз онҳо сармояҳои иқтисодӣ аст, вале кадом сармоя аз ҳамаи сармояҳо болотар аст? Сармояи инсонӣ. Ҳар инсон барои худаш як маъдане аст ва ба андозаи маъдани фирӯза ва тилло арзиш дорад. Агар миллате ин рамз ба дасташ омада бошад, ин муамморо ҳал карда бошад, ин тавоноӣ ва тавфиқро пайдо карда бошад, ки битавонад аз инсонҳояш истифода кунад ва онҳоро бисозад, гарчӣ он миллат ҳеч чиз надошта бошад, вале ҳама чиз дорад. Алъон баъзе аз ин кишварҳои урупоӣ ин тавр ҳастанд. Масалан Ангилистон як кишвари тиҳӣ ва холӣ аст, ки намакашро ҳам бояд аз хориҷ биёваранд, ҳама чизро бояд аз берун ворид кунанд, вале ба арзиши як чиз пай бурдааст; ба арзиши сохтани афроди худаш; ин маъданҳои инсониро хуб кашф кардаанд. Вақте ин маъданҳоро истихроҷ ва омода мекунанд, дигар бок надоранд, ки ҳеч чиз надоранд ва ҳама чиз бояд аз берун биёяд. Мегӯянд, мо одам дорем, одам, ки дорем, ҳама чиз дорем, вале агар одам надошта бошем, ҳеч чиз надорем…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон)

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нишасти маҳрамонаи Исроил ва Қатар
Эътирофи коршиноси ироилӣ: Эрон пешрафтатарин силоҳҳои мушакии дунёро дорад

Матолиби пурбоздид