Сафири Русия дар Душанбе: омӯзиш пояи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия аст
Ахбори минтақа
Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, бар нақши омӯзиш дар таҳкими ҳамкориҳои миёни ду кишвар таъкид кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамкорӣ ба шарофати равиши созандаи роҳбарияти Тоҷикистон, ки аз омӯзиш ва истифодаи забони русӣ пурра ҳимоят мекунад, имконпазир шудааст.
Сафири Русия илова кард, ки чунин сиёсати фарҳангӣ ва таълимӣ заминаи мустаҳками рушди муносибатҳои дуҷониба ва тақвияти робитаҳои илмиву инсонӣ миёни Тоҷикистону Русияро фароҳам месозад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













