Симурғ

Адаб

Симурғ

Дар арабӣ ба симурғ “анқо” мегӯянд. Симурғ ё анқо номи мурғе афсонаист, ки касе ӯро надида ва нашинохта. Аммо дар истилоҳи аҳли ирфон, ин вожа ба зоти муқаддаси Худованди Мутаъол гуфта мешавад.
Ва ҳамон гуна ки касе аз ҳақиқат ва зоти симурғ огоҳӣ надорад, ҳеч як аз афроди башар, чӣ фалосифа ва донишварон ва чӣ дигарон, наметавонанд ҳақиқати зоти Худовандро он гуна, ки шоистаи он зоти пок аст дарк кунанд, ва касе ба кунҳи зоти Ҳақ Таъоло дастрасӣ надорад.

Лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ бо забони розу рамзи хеш ин ҳақиқатро ин гуна баён намудааст:

Анқо шикори кас нашавад, дом бозчин,

К-ин ҷо ҳамеша бод ба даст аст домро.

* * *

Бирав, ин дом бар мурғе дигар неҳ,

Ки анқоро баланд аст ошёна.

* * *

Ман ба сарманзили анқо на ба худ бурдам роҳ

Қатъи ин марҳила бо мурғи Сулаймон кардам.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бародари имониатро дар ҳар ҳол ёрӣ кун
Вил Дурон ва назари ӯ дар бораи Қуръон ва Ислом

Матолиби пурбоздид