Ситоиши Худои Мутаол

Фарҳанг

Ситоиши Худои Мутаол

Дуои аввали Саҳифаи Саҷҷодия

 Ситоиши Худои Мутаол

Аз дуои он ҳазрат алайҳиссалом аст, он гоҳ, ки ба дуо шурӯъ мекард ва аввал Худои Мутаолро ҳамду сано мегуфт ва чунин арза медошт:

Ситоиш Худоеро, ки аввал аст, бе он ки пеш аз ӯ аввале бошад ва охир аст, бе он ки баъд аз ӯ охире бошад. Худое, ки дидаи бинандагон аз диданаш нотавон аст ва андешаи васфкунандагон наметавонад васфаш кунад. Махлуқотро бо қудраташ офарид ва ба хости худ бар онҳо ҳастӣ бахшид. Он гоҳ онҳоро ба роҳе, ки мехост раҳнамоӣ кард ва ба тариқи муҳаббати худ равона гардонид. Махлуқот наметавонанд аз ҳадде, ки Худо барояшон муқаррар кардааст, қадаме пеш ё пас бигузоранд.

Барои ҳар яки онҳо рӯзии маълум ва ба андоза қарор додааст, ба гунае, ки касе натавонад аз он касе, ки Худо бар ӯ фаровон дода чизе кам кунад ва ба касе, ки каму андак барояш бахшида, чизе бияфзояд. Сипас, барои зиндагиаш поёне мушаххас ва замоне муайян қарор дод, ки бо рӯзҳои умраш ба сӯи он қадам бар медорад ва бо солҳои рӯзгори худ ба он наздик мешавад, то ин ки охирин қадамҳоро бардорад ва ин ки умраш ба охир расад, ҷони ӯро бигирад ва ба сӯи аҷру подоши бисёр ё азоби ваҳшатноки худ равонаш созад. «То ононро, ки бад кардаанд ба сабаби кирдорашон сазо диҳад ва ононро, ки некӣ кардаанд, аҷру подош бахшад».

Ва ин нишонаи додгарӣ ва адолатварзии ӯст. Номҳои Ӯ пок ва бенақс аст ва неъматҳояш бар ҳама ошкоранд. «(Худо) аз он чӣ мекунад, бозхост нашавад, дар ҳоле, ки онҳо (бандагон) бозхост шаванд». Ҳамду ситоиш барои Худост, ки агар дар баробари он ҳама неъмати паёпай, ки бар бандагонаш фиристод, ситоиши худро ба онҳо намеомӯхт, аз неъматҳояш баҳра мебурданд, вале ӯро ситоиш намекарданд ва аз рӯзиаш кушоиш меёфтанд вале шукронаи онро ба ҷо намеоварданд. Дар ин ҳолат аз марзҳои инсонӣ берун меафтоданд ва дар водии ҳайвонӣ қадам мегузоштанд ва он гуна мешуданд, ки Худованд дар китоби устувори худ фармуд: «Онҳо монанди ҳайвонот ҳастанд, на бештар, балки аз ҳайвонот ҳам гумроҳтаранд».

Ситоиш барои Худост, ки худро бар мо шиносонид ва равиши сипосгузории аз худро ба мо омӯхт ва дарҳои илми Парвардигорияшро ба рӯи мо боз намуд ва моро дар ихлос варзидан дар тавҳиди худ раҳнамоӣ намуд ва аз гумроҳӣ ва шакк дар зоти муқаддаси худ нигоҳ дошт. Ситоише, ки бо он ба доираи ситоишгаронаш дароем ва ба ёрии он аз ҳамаи онҳое, ки дар талаби хушнудӣ ва бахшоиши Ӯ пеш афтодаанд, пешӣ гирем.

Ситоише, ки ба сабаби он торикиҳои барзах бар мо равшан ва роҳи қиёмат ҳамвор шавад ва дар рӯзе, ки «Ҳар кас ба сазои худ бирасад ва бар касе ситам нашавад» ва дар «Рӯзе ки ҳеч дӯсте ба дарди дӯсти худ нахӯрад ва ҳеҷ кас ба ёрии дигаре наравад» мо дар пешгоҳи гувоҳон (фариштагону паёмбарону имомон алайҳимуссалом) баландмартаба шавем.

Ситоише навишта шуда дар номаи аъмоли мо, ки «То аъло иллиййин» боло равад ва фариштагони муқарраби Худованд бар он гувоҳӣ диҳанд. Ситоише, ки дар рӯзи хира шудани чашмҳо аз тарси қиёмат, чашмони мо ба сабаби он равшан гардад ва он гоҳ, ки гурӯҳе сияҳрӯй гарданд, мо ба сабаби он рӯсафед шавем.

Ситоише, ки моро аз оташи дардноки Худованд наҷот диҳад ва дар канори лутфу карамаш бинишонад. Ситоише, ки моро дар канори фариштагони муқарраби Ӯ ҳамнишин созад ва дар сарои ҷовиде, ки ҳамешагист ва дар ҷойгоҳи пурнеъмате, ки ҳаргиз дигаргун нашавад, моро бо паёмбароне ки фиристода, ҳамроҳу ҳамнафас гардонад. Ситоиш барои Худост, Худое ки зебоиҳои офаринишро барои мо интихоб кард ва рӯзиҳои пок ва некӯро ба сӯи мо равон гардонид. Ва моро бар ҳамаи махлуқоташ бартарӣ бахшид ва бар онҳо мусаллатамон кард, пас, инак ҳар махлуқе ба тавоноии Ӯ фармонбардори мост ва ба ёрии Ӯ дар итоати мо ночор аст.

Ситоиш барои Худост, ки дари ниёзро ҷуз ба даргоҳи худ аз ҳама тараф бар мо баст, ҳоло чигуна сипоси Ӯро бигузорем? Кай аз ӯҳдаи шукраш бадар оем? На, кай тавонем? Ситоиш барои Худост, Ӯ ки дар пайкари мо абзорҳое барои гушудан ва бастани андомҳо гузошт ва моро аз нерӯҳои зиндагӣ баҳраманд сохт ва андомҳое барои кору талош дар мо ба вуҷуд овард ва аз хӯрданиҳои поку гуворо рӯзиямон кард ва бо фазлу бахшиши худ моро тавонгар сохт ва бо неъмати худ сармояамон бахшид.

Он гоҳ, моро ба корҳое фармон дод, то фармонбардориямонро бисанҷад ва аз корҳое манъ кард, то сипосгузориямонро биёзмояд. Пас аз он, чун аз фармонаш сар печидем ва бар маркаби нофармонияш нишастем, дар муҷозоту азоби мо шитоб накард ва дар интиқом гирифтани аз мо нашитобид, балки аз сари бузургворӣ бо раҳмати худ бо мо мудоро кард ва бо меҳрубонӣ ва бурдборӣ мунтазири бозгашту тавбаи мо шуд.

Ситоиш барои Худост, ки моро ба роҳи тавба раҳнамоӣ кард ва аз эҳсони Ӯ буд, ки мо ба он роҳ афтодем. Ва агар аз неъматҳои Ӯ танҳо ба ҳамин як неъмат басанда кунем, боз ҳам неъмат доданаш некӯ ва эҳсонаш дар ҳаққи мо басо бузург ва бахшиши Ӯ аз шумориш берун аст.

Равиши Худовандиаш дар пазириши тавбаи пешиниён ин гуна набуд. Тоби ҳар чиро надоштем аз ӯҳдаи мо бардошт ва ҷуз ба андозаи тавонамон таклиф нанамуд ва моро ҷуз ба корҳои осон вонадошт ва барои ҳеч як аз мо баҳонае нагузошт. Инак, он касе аз он бадбахт аст, ки Худоро нофармонӣ кунад ва хушбахт касест, ки ба Ӯ рӯй оварад.

Ситоиш барои Худост ба ҳар забоне, ки наздиктарин фариштагонаш ва гиромитарини махлуқоташ ва писандидатарини ситоишгаронаш Ӯро ба он ситоиш мекунанд.

Ситоише бартар аз ҳар ситоиши дигар ба ҳамон андоза, ки Парвардигори мо худ аз ҳамаи махлуқоташ бартар аст.

Пас, ба ҷои ҳар неъмате, ки бар мо ва ҳамаи бандагони даргузашта ва зиндаи худ арзонӣ доштааст ва ба шумори тамоми он чӣ дар илми бепоёни Ӯ гунҷид ва чандин баробари ҳар як аз неъматҳояш, то ҳамеша ва доиман то рӯзи қиёмат, Ӯро ситоиш мегӯем. Шукр ва сипоси чандин баробар ва беоғозу бепоён то қиёми қиёмат, ситоише ки беандоза аст ва ба шумориш дарнамеояд ва поён напазирад ва дар он ҳеч гусастагӣ ва исту таваққуфе набошад.

Ситоише ки василае барои расидан ба итоату бахшоиши Ӯ ва сабаб барои дарки хушнудии Ӯ ва дастовозе барои расидан ба омурзиши Ӯ ва роҳе ба биҳишти Ӯ ва паноҳгоҳи дар баробари интиқоми Ӯ ва осоише аз хашми Ӯ ва пуштибоне барои фармонбардорӣ аз Ӯ ва боздорандае аз нофармонии Ӯ ва мададкоре бар анҷоми фармудаҳои Ӯ бошад. Ситоише, ки бо он дар гурӯҳи дӯстдорони хушбахти Ӯ дароем ва дар сафи касоне бошем, ки бо шамшерҳои душманонаш ба шаҳодат расидаанд. Бешак, Худованд сарпарасти мӯъминон ва соҳиби хислатҳои некӯст.

Дуои аввали Саҳифаи Саҷҷодия

Ситоиши Худои Мутаол

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳушдорҳои тарбиятӣ
Мақоми дониш ва донишманд

Матолиби пурбоздид