Суннати зебои садақа додан ва баракоти он
Сабки зиндагӣ
Расули Худо (с) мефармояд: Расули Худо (с) мефармоянд: Ҳар кори неке садақа аст. Садақаи шахси мусалмон умрашро зиёд мекунад ва Худованд ба хотири садақа фахру кибрро аз ӯ дур мекунад.
Ислом дини густарда ва комиле аст, ки аз анвои роҳҳо барои баровардани ҳадафҳои худ, дар роҳи ба саодат расондани инсон истифода кардааст.
Садақа яке аз барномаҳои иқтисодии ин дини бузург аст ва барои решакан кардани фақр дар ҷомеа поярезӣ шудааст ва Худо ва Паёмбари Аъзами ӯ хостаанд то мардум танҳо ба фикри худ набошанд, балки дар фикри дигарон низ бошанд, бинобар ин, ин барнома иқтисодиро матраҳ кардаанд. Вале ин барномаи иқтисодӣ танҳо ба ҳамин як ҳадаф мунҳасир ва маҳдуд намешавад, балки ҳадафҳои дигаре монанди тарбият дар он нуҳуфта аст. Яъне Худо ва Расули ӯ илова бар ин ки мехоҳанд ба фақирон кумак кунанд ба шахси садақадиҳанда низ ёрӣ намоянд. Ёрӣ он аст, ки ӯро аз ин роҳ тарбият намоянд ва бифаҳмонанд ки, фақат дар фикри худ мабош ва бидон, ки дигарон низ ҳастанд, Худхоҳ мабош, ки худхоҳӣ аз назари ислом як сифати нописанд мебошад. Худо ба ту молу мулк дода мехоҳад аз ин роҳ туро имтиҳон кунад, ки дар моли худ ниёзмандон ва фақиронро низ шарик хоҳӣ кард ё не!
Дар ин роҳ аз анвои тарғибу ташвиқҳо истифода намудааст то инсонҳо шавқ ба садақа додан пайдо кунанд. Аз ҷумла гуфтааст, садақа додан умрро зиёд ва ризқро фаровон мегардонад, беморонро шифо мебахшад ва оташи ғазаби Худоро хомӯш месозад ва аз ҳафтод навъ марги бад нигоҳ медорад ва ғайра.
Худованд дар Қуръон мефармояд: “Эй аҳли имон! Аз он чи рӯзии шумо кардем инфоқ кунед, пеш аз он ки рӯзе биёяд, ки на касе (барои осоиши худ) чизе тавонад харид ва на дӯстӣ ва шафоат ба кор ояд ва кофирон (дарёбанд, ки) худ ситамкор будаанд”.
Расули Худо (c ) мефармояд: Садақа бидиҳед ва беморони худро бо садақа дармон кунед, зеро садақа аз пешомадҳои ногувор ва бемориҳо пешгирӣ мекунад ва умр ва некиҳои шуморо зиёд мекунад. (Канз-ул-уммол, ҳ.16113)
Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд: Садақа доруи наҷотбахш аст. (Наҳҷ-ул-балоға, ҳикмати 7).
Расули Худо (с) мефармоянд: Зиёд садақа диҳед то рӯзӣ дода шавед. (Аълом-уд- дин. с.333)
Расули Худо (с) мефармоянд: Барои ҳар мусалмоне лозим аст, ки ҳар рӯз садақа бидиҳад. Гуфта шуд, ки чӣ касе метавонад ҳар рӯз садақа диҳад? Ҳазрат фармуд: Бардоштани чизҳои зараррасон аз сари роҳи мардум ва нишон додани роҳ ба шахсе, ки роҳро намедонад ва ба аёдати шахси бемор рафтан ва даъват ба корҳои хуб ва пешгирӣ аз корҳои бад ва ҷавоби саломро додан садақа аст. (Мунтахаби мизон-ул-ҳикмат, ҳ.3531).
Расули Худо (с) мефармоянд: Ҳар кори неке садақа аст. (Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳ.2286).
Расули Худо(с) мефармояд: Ҳақиқатан садақа ғазаби Худовандро хомӯш мекунад. (Ат-тарғиб- ват-тарҳиб, ҷ.2, ҳ.21).
Расули Худо (с ) мефармояд: Садақа аз марги бад пешгирӣ мекунад. (Канз -ул- уммол, ҷ.6, ҳ.15981).
Расули Худо (с ) мефармоянд: Садақа ҳафтод дар аз дарҳои бадиро мебандад. (Канз -ул- уммол, ҷ.6, ҳ.15980)
Имом Содиқ(а) мефармояд: Садақа додан сабаби адои қарз мешавад ва баракат бар ҷой мегузорад. (Мунтахаби Мизон-ул-ҳикмат, ҳ.3530).
Расули Худо (с ) мефармояд: Беҳтарин мардум касе аст, ки ончи (аз молу пул) дорад (ба ниёзманд) кӯмак мекунад. (Наҳҷ -ул- фасоҳа, ҳ.3538).
Пайғамбари Худо (с) мефармояд: Дар ҳақиқат садақа молро зиёд мекунад. (Наҳҷ -ул- фасоҳа, ҳ.2262).
Расули Худо (с ) мефармояд: Худованд ба воситаи садақа ҳафтод навъ марги бадро дур мекунад. (Наҳҷ-ул- фасоҳа, ҳ.2265).
Паёмбари Аъзам(с) мефармояд: Садақа бидиҳед, ки ҳақиқатан садақа сабаби озодии шумо аз оташи ҷаҳаннам аст. (Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳ.2267).
Расули Худо (с ) фармуданд: Садақа гуноҳро нобуд мекунад, ҳамчунон ки об оташро хомӯш мекунад. (Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳ. 2279).
Паёмбари Аъзам(с) мефармояд: Садақа дар субҳгоҳон бемориҳоро аз байн мебарад. (Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳ.2283).
Паёмбари Аъзам(с) мефармояд: Садақа аз ҳафтод навъи бало пешгирӣ мекунад, ки осонтарини он балоҳо ҷузом ва барас (песӣ) мебошад. (Канз-ул-уммол, ҷ.6, ҳ.15982).
Расули Худо (с) мефармояд: Садақаи шахси мусалмон умрашро зиёд мекунад ва Худованд ба хотири садақа фахру кибрро аз ӯ дур мекунад. (Канз-ул-уммол, ҷ.6, ҳ.16062).
qalamonline.net
Қаламонлайн













