Ҳунари гуфтугӯ

Адаб

Ҳунари гуфтугӯ

Адабиёт

Фирдавси Аъзам

(Ба баҳонаи зодрӯзи адиби саршиноси Тоҷикистон, Шоҳмансури Шоҳмирзо)

Гуфтугӯ нақши муҳимме дар достони кӯтоҳ дорад, зеро шахсиятҳоро зинда, ҷаҳони ботинии онҳоро ошкор ва тарҳи достонро пеш мебараду ба авҷ мерасонад. Яъне равзанаест барои вуруд ба даруни шахсиятҳо. Бо ин ҳисоб, ҳадафаш гуфтани достон нест. Ба хонанда иҷоза медиҳад то садои шахсиятҳоро бишнавад, афкору ангезаҳои онҳоро дарк ва эҳсосоташонро таҷриба кунад. Муколамаҳои нағзнавишташуда метавонанд хонандагонро даргир созанд, дар достон таниш эҷод кунанд ва равобите байни шахсиятҳо ба вуҷуд оваранд. Гуфтугӯ яке аз унсурҳои зарурӣ дар достоннависӣ ҳаст ва метавонад мизони кайфияти куллии як достони кӯтоҳро то ҳадди зиёде афзоиш дода, хонандагонро ба хондани идомаи асар тарғиб кунад. Бад-ин тартиб, нависандагон бояд бар ҳунари эҷоди диёлугҳои воқеъгароёнаю қонеъкунандаю табиию самимӣ тасаллут ёбанд, ки бетардид ба тақвияти аносир ва мазомини достонҳояшон ёрӣ мерасонанд.

Дар ин навиштори кӯтоҳ (ба унвони як хонанда) нимнигоҳе меандозем ба корбурди ин асл дар навиштаҳои нависандаи соҳибсабки тоҷик Шоҳмансури Шоҳмирзо.

Ба назари нависандагони бузург, се коркард ё вазифаи муҳим дар гуфтугӯ (диёлуг) вуҷуд дорад:

-пеш бурдани достон

-ошкор кардани ҷаҳони шахсият

-иттилоърасонии муҳим

Ин коркардҳо дар достонҳои кӯтоҳи Шоҳмансур ба дурустӣ ва зебоӣ истифода мешаванд. Муҳтавои гуфтугӯҳои шахсиятҳояш, ба истилоҳ, ҳич шоху барги изофие надоранд. Шумо ба унвони намуна яке аз достонҳояшро таҳлил кунед ва ба ин натиҷа хоҳед расид, ки достоннависи мавриди назари мо аз баёни одитарин вожа ба шиддат иҷтиноб меварзад ва ҳар ҳарфу ҳиҷоеро, ки меорад, огоҳона ва дар ғирболи зеҳн даҳҳо маротиб мебезад. Ин аст, ки кам менависаду кам мегӯяд. Ӯ огоҳона ва ҳунармандона ба унвони як нависандаи ҳирфаӣ дар даҳони қаҳрамононаш вожаҳои калидӣ ва асосиро, ки нақши муҳимме дар пешбурди достон доранд, қарор медиҳад. Ба ин гуфтугӯи Бобо ва Бибӣ дар достони кӯтоҳи “Боғи шафтолу”-и ӯ таваҷҷӯҳ кунед ва бубинед чи гуна аз забону гуфтори зиндаю табиию ширини мардум истифода карда, ҷаҳонбинии ҳардуро бидуни ҳич қазовату доварӣ ба мо-хонандагон менамоёнад:

-Айба намедонӣ? Пеши падару модараш чӣ ҷавоб медиҳӣ? Медонӣ чӣ кор кардӣ, чанд бор гуфтам ҳамин табибиҳота мон, а ту каллапаз …

– Ин қадар воҳима накунед, таваккал ба Худо, доруро нишонатон додам, худатон “ҳо” гуфтед, доим ҳамин дорура ба поҳоятон мемолидед-ку.

– Ман ина нагуфтам, савод надорӣ хонӣ, ки рӯи дору чӣ навишта шудаст, аз аввали зиндагӣ ту ҳамин хел будӣ, фақат кори худата мекунӣ. Ман намедонам кӣ ба ту гуфт ҳамин хати уруса ёд гирифтан гуноҳай?

– Шумора акнун Худо дод, кай бе маслиҳати шумо ягон кор кардаам? Зан дар ин хона мушти пар аст, бе иҷозат берун намераваму ин гапҳотуна бинанд…

Дар ин намуна лаҳни ширину забони равону садои мунҳасирбафарди шахсиятҳо, ҳамчунин дидгоҳҳои онҳо ба вузуҳ маҳсус аст.

Нависанда сарнахи достонро боз мекунад ва бо баҳонаи ранҷи набера ба шеваи ғайримустақим ҳарфҳои зану шавҳарро, ки муддатҳо буд дар таҳи дилашон ҷамъ шудаастро берун мерезад ва гӯӣ ин баҳона сабаби боз шудани уқдаҳо ва ҳарфҳои ногуфтаи якдигар мешавад. Ва як шигарди қаламкаш аст, ки дунёи ботинӣ ва ҷаҳонбинию маниши ин дуро аз забони худашон, бидуни онки малоли хонанда ва дар достон дарбеҳи ночаспон бошад, баён медорад.

Хуб, берун аз достон, мо – инсонҳо, дар воқеъ, (дар гуфтугӯҳои ҳаррӯзаамон) вақте суҳбат мекунем, андаке аз худамонро, ба гунае, фош мекунем. Шахсиятҳои сохтаи Шоҳмансур низ айнан ҳамин корро анҷом медиҳанд. Нависанда бо маҳорати вижа фазоеро эҷод ва қаҳрамононро онгуна дар рубарӯи ҳам қарор медиҳад, ки тамоми ҳарфҳои нагуфтаашонро гӯянд, ҳарфҳое, ки баёнгари эҳсосу ҷаҳонбинӣ ва мухтаси ҳамон лаҳза аст ва ин амр дар боз кардани ҷаҳони маънавию ботинии онон корсоз аст. Тавассути вожаҳо, рафторҳо ва бархурдҳояшон. Намунаи боло мисдоқи ин иддаост. Шоҳмансур ба дурустӣ медонад, ки гуфтугӯ равише муассир ҷиҳати нишон додани шахсиятҳояш дар достон аст. Аз тариқи гуфтор ва чигунагии баён.

Агар ба гуфтугӯҳои зиндагии воқеӣ таваҷҷуҳ бикунем, хоҳем дид, ки онҳо аз вақфа, танаффус, такрор, иттилооти изофӣ ва берабт пур ҳастанд. Саршор аз вожаҳои омиёнаи мухталиф. Аксари муколимоти рӯзмарра, дар воқеъ, бисёр пешипоуфтода ҳастанд, аммо Шоҳмансур чизҳои пешипоуфтода ва тиккаҳои хастакунандаю бадарднахӯрро бераҳмона ҳазф мекунад ва иҷоза намедиҳад, ки шахсиятҳояш ҳарфҳои берабту хориҷ аз достон бизананд ва ё ҳатто фаротар аз андозаи даҳонашон сухан кунанд. Агар ҳам ҷое чунин карданд, ҳатман огоҳона буда ва халое аз достонро такмил месозанд.

Як нуктаи зариф, ки дар навиштаҳои ӯ камтар касе ба он пай мебарад, парҳезу иҷтинобаш аз баёни мустақим аст. Чунончи, дар ҳамин достон ӯ намегӯяд қади Бибӣ кӯтоҳ аст, балки бо гузоштани миз зери пояш ва гирифтани дору аз ҷевон нишон медиҳад қомати ӯ аз шавҳараш кӯтоҳтар аст ва аз ин даст тасовири огоҳона, ки хоси ӯст, фаровон дорад. Ӯ медонад, ки хонандагон алоқае ба ин надоранд ки шахсияти достон, масалан, дирӯз чӣ чизе барои шом хӯрда аст, ё ин ки оё мошинаш ниёз ба шустушӯ дорад ва …

Хонандагон иттилоот, фаврият, кунишу вокуниш, натиҷа ва амал мехоҳанд. Ва достонҳои кӯтоҳи нависандаи мо моломоланд аз ин аносир.

Гуфтугӯ ҷараёни ривоятро тағйир дода, суръатро афзоиш медиҳад. Бофту умқро фароҳам мекунаду биниши жарфтаре нисбат ба шахсият ироа медиҳад. Мо, хонандагон метавонем аз тариқи гуфтугӯи шахсиятҳо навъи дидгоҳҳои онҳоро тафсир карда, мушаххас намоем, ки онҳо чӣ навъ ҷаҳонбиние доранд. Ин ба навбаи худ ба мо кумак мекунад то бо шахсиятҳо эҳсоси ҳамдардӣ ва ҳамдилӣ кунем.

Намунаи дигаре аз достони кӯтоҳи нависанда бо номи “Парчами сафед”-ро бо ҳам бихонем:

(-Магар гузаштагони мо ба андозаи ту савод надоштанд? Кӣ гуфтааст, ки себегаҳаи маит ҳаром аст? Падару бобоям, ки карда буд, ман ҳам ҳамон корро мекунам. Агар ҳақ бо ту бошад, пас ҳамаи мо ҳаромхӯрем! Бо доси бобоямон медаравем. Хобатро ба об гӯй – мегуфт бо ғазаб Довуд-соҳиби осиёби деҳа ва дӯсти Яҳё-падари Ҷалолиддин, ки дасти росташро боло бардошта, мисли шоф алвонҷ медоду ҳаворо мебурид.

— Ман гуфтам барои Абдувалӣ, ки модарашро аз даст дода ва чизе ҳам надорад, таом додан ба мардум раво нест. Дини мо реша дар ақл дорад ва ҳаминро тақозо мекунад. Ин буд манзури ман-гуфт оромона устод.)

Хонандагон мехоҳанд дар мавриди вижагиҳою рафтори шахсиятҳо бидонанд. Онҳо мехоҳанд бидонанд, ки шахсиятҳои мо чигуна фикр мекунанд. Ошкор кардани шахсият аз тариқи гуфтугӯ ва куниш ду текники адабии муҳимме ҳастанд, ки метавонем барои тақвияти ривоят аз онҳо истифода кунем. Ин ба ин маънист, ки ба хонанда иҷоза медиҳем бо шахсиятҳои мо ва наҳваи рафтору таъомул, ҳатто боварҳои онҳо бо дигар шахсиятҳои фаръии достон ошно бишавад.

(-Шикор барои таъмини махориҷи худу аёлатон бошад, равост, вале шумо ба андозаи кофӣ доред ва гоҳ аз фарти мастӣ, гоҳ барои хушгузаронӣ даст ба шикор мезанед. Лоақал ба ҷонварони ҳомила ва навзодонашон раҳм кунед. Ёдам ҳаст, замони бачагиам кабкҳо гирди ҳавзи деҳа меомаданд. Имрӯз аз садои тир ба домани кӯҳҳо паноҳ бурдаанд ва дар ҳоли нобудианд. Бад-ин тариқ идома диҳед, чанд соли дигар насли ин ҷонварон аз миён меравад.

— Мо худамон ҳалолу ҳаромро медонем, ба маслиҳати ҳеч кас ниёз надорем-садо зад Назари чӯпон. — Ту магар ҷангалбон ҳастӣ, ки намегузорӣ бачаҳоямон аз ҳамин наздикиҳо ҳезум оранд? Ҷангали худо аст, ҳар ҷойе, ки бихоҳем, буридан мегирем. Аз реша ҳам мебурем, ин ҷангал тамомшуданӣ нест. Минбаъд ҳар кас гапи туро гӯш кунад, занаш талоқ! Ба ҳама мефаҳмонем.

Муллозариф-имоми деҳа дар гӯшае ҳамаи ин ҳарфҳоро мешунид, вале манзараро хомӯшона тамошо дошт.) “Парчами сафед”

Чунончи, Назари чӯпон- марде бесаводу ҷоҳил ва худсар, ки таҳаммули шунидани ҳарфи мантиқӣ ва саҳеҳи дигаронро надорад ва аз фарти ҷаҳолат ҳарфҳои пучу каммоя мезанад ва дар муқобил Муллозариф-аҳли савод, вале муҳтоту фурсатталаб, ки камҳарф аст ва сукуташ ҳатто дар достон озордиҳанда аст.

Гуфтугӯ ҳамчунин роҳи хубе барои нишон додани ҳолату эҳсосот, лаҳн ва лаҳҷа аст, ки намунаашро дар қисмати болои ин навиштор хондем. Шахсияте, ки ором аст, табиатан ба ҳамон шева, яъне ба оромӣ ва шикебоию мулоимат суҳбат мекунад, (шояд ҳатто замоне, ки бо мавқеъияти дромотик ва таҳти фишор рӯбарӯ шавад). Шахсиятҳои асабонӣ ё ошуфтаҳолу беқарор маъмулан фарёд мезананд ё вожаҳояшон оҳанги асабонияту изтироб дорад ва вазнашон қадре сангин аст. Шахсиятҳои беҳавсала тамоюл доранд гуфтугӯро қатъ кунанд ё дар миёна ҷараёни гуфтумонро тағйир диҳанду кӯтоҳтар гап зананд. Албатта, ҳич қонуне дар ин маврид вуҷуд надорад.

Намунаи дигаре аз достони “Дарахти маҳкум”-ро меоварем. Гуфтугӯе миёни Виталий ва ронандааш Петя, ки лаҳну ҳолату эҳсосоташонро ба рӯшанӣ метавон эҳсос кард:

(Виталий: -Кампири беақл, агар дастурамро дар ҳамон ибтидо анҷом медод, ба ин бало гирифтор намешуд. Мо, ки писаратро намехӯрем, сарбозӣ иҷборист, як рӯз мегурезӣ, ду рӯз пинҳон мешавӣ, билохира ба дастамон меафтӣ. Ҳоло-ҳолоҳо бо инҳо кори зиёд дорем. Ҳанӯз маро нашинохтаанд.

Петя: – Шунидаам, ки занони кӯҳистон фарзанд, бавижа писаронашонро зиёд дӯст медоранд.

Виталий: – Ҳайф, ки даврони девонагиҳоям гузашта, вагарна пиразанро пора-пора мекардам.

Петя: – Ҳамин қадр кофӣ буд, сарҳанг. Ин барои дигарон сабақ мешавад, то дигар бор бо думи шер бозӣ накунанд.)

Он гуна, ки дар болотар ишора кардем, диёлуг ҳамчунин барои интиқоли иттилоот дар мавриди тарҳу ироаи иттилооти лозим ба хонанда бисёр ёрӣ мерасонад. Ин як равиши таъсиргузор ва муҳим барои нишон додан аст, на гуфтан ба хонанда, ки чи иттифоқе қарор аст биуфтад, ё дар ҳоли рух додан аст.

Ишора ба ончи мумкин аст дар достон иттифоқ биуфтад, ба унвони зерматн шинохта мешавад. Истифодаи хуб аз гуфтугӯ ҳаргиз набояд ошкоро тавзеҳ диҳад, ки як саҳна дар мавриди чист, балки бояд аз тариқи истифода аз, навъе, пешниҳод бошад. Зерматн ингуна амал мекунад; чизе, ки тавассути хонанда ба сурати нохудогоҳ дарк мешавад. Зерматн метавонад ба афкору ангезаҳои шахсиятҳо ва ҳамчунин аъмол ва гуфтугӯи онҳо ишора дошта бошад. Ҳамеша маъонии зарифе дар пушти корҳое, ки шахсиятҳо анҷом медиҳанд, мегӯянд ва ё фикр мекунанд, вуҷуд дорад.

Дар инҷо боз ҳам буридаи дигаре аз достони “Парчами сафед” -ро меорам. Бахше аз гуфтугӯи падару писар, ки нависанда тавассути ин гуфтугӯ дидгоҳҳо ва иттилоотеро дар ихтиёри мо қарор медиҳад:

( -Чӣ фоида дидӣ? Китоб шикаматро сер мекунад? Дар ҳамин шароит чор гӯсфанд гирӣ, ҳазор бор беҳтар аст. Илми вай корагар мебуд, сари кали худашро даво мекард, бубин чӣ ҳолу аҳвол дорад, нони шикамашро базӯр меёбад. Ёдат бошад, мулло ҷамоат ҳеч вақт якаш ду намешавад. Дунболашро гирӣ, кафангадо мешавию халос – гуфт падар, ки ришашро хилол кашида, оруғ медод.

– Илм худаш сарват аст, бо харҷ кардан зиёд мешавад. Кӣ гуфта устодам нодор аст? Бо ҳарчи Худо медиҳад, қаноат мекунад, мисли дигарон ҳарис нест. Ун якеро мегуфтед хоки гӯр сераш намекунад, инро нодору бебизоат мегӯед – гуфт Ҷалолиддин, ки бо дастони лоғараш муқоваи чармини “Маснавӣ” – ро ламс мекард.)

Навиштани гуфтугӯи нағз осон нест, бояд муҳтот бошем то ҳама чизро муҳкам нигаҳ дорем ва мутмаин шавем, ки аз се унсури асосии дарболозикршуда пайравӣ мекунад. Дар айни ҳол нависанда бояд дар баён навъе “хасосат” дошта бошад, ҳама чиро якбора бозгӯ накунад, ахбору иттилоотро қатраӣ ба хонанда бирасонад, ки дар фарҷоми достон комил гардад ва нависандаи мавриди назари мо аз ин текник ба хубӣ огоҳ аст.

Эҷоди куниш дар саҳнаҳои калидӣ, роҳи дигарест, ки Шоҳмансури Шоҳмирзо ҷиҳати пешбурди ривоят аз он истифода карда, маънои зербинои як достонро ба шеваи каме мутафовит дар гуфтугӯ ироа мекунад. Ҳар достоне ниёз ба куниш ва даргирӣ дорад, зеро бидуни он мо достоне надорем ва бо навиштан дар мавриди рафтори шахсиятҳои худ ин фурсатро ба хонанда медиҳем, ки дар мавриди онҳо назар бидиҳад ва аз шахсияти онҳо огоҳ шавад. Тамоми достонҳои кӯтоҳи Шоҳмансур саршоранд аз ин ин навъ гуфтугӯҳо, кунишҳо ва вокунишҳо; чи дарунӣ ва чи берунӣ. Кофист худатон онҳоро бихонед ва бубинед, ки ҳақ бо кист.

Шояд таъодул яке аз калидитарин унсур ё бахши асосӣ дар достон бошад. Ман ба унвони як хонанда ба хотири ин ки садои шахсиятҳоро бишнавам, матн ё ҳамон қисмати гуфтугӯро бо садои баланд мехонам. Чун бо ин равиш мутаваҷҷеҳ мешавам, ки гуфтугӯҳо чи гуна ба назар мерасанд; табиӣ ё ғайритабиӣ. Ин равиш мусалламан нишон медиҳад, ки мушкил дар куҷост. Бо гӯш додан ба садои воқеии гуфтугӯи шахсият метавонем заъфи онро ҳис карда ва ҷиҳати беҳбудии он иқдом кунем.

Сухан кӯтоҳ, дар достонҳои Шоҳмансур то ҷое, ки банда мушоҳида кардам, гуфтори қаҳрамони достон (ҷудо аз табиию сода будан) бисёр мутафовит аз дигар шахсиятҳои фаръист ва ин комилан дуруст аст. Ҳар шахсияте ба мизони фаҳму ҷаҳонбинияш ҳарф мезанад. Ин тур нест, ки масалан як ронандаи троктур вожагони илмию расмиро ба кор барад. (Албатта, агар ҳам ба кор бурд, ишколе надорад). Нависанда дар тӯли достонҳояш забону лаҳни шахсиятҳои асосияшро ҳифз мекунад.

Ба ин оғози достони “Осорхона” нигаред, ки бо гуфтугӯи Дилбар ва Дилдор шурӯъ мешавад:

(–Аҷаб манзараи дилрабоест, офтоб механдад, баргҳо мисли ақиқ медурахшанд, аз замин нур меборад, сер намешавам аз тамошо. Кӣ бовар дошт дар тирамоҳ баҳор мешавад?)

Маъмулан Шоҳмансур ҳамонанди аксари нависандагон ҳикояҳояшро бо диёлуг шурӯъ намекунад, вале ин бор амдан ин корро таҷриба мекунад, чун достон паём дорад-паёми нав шудани рӯзгор ва баргаштани варақ. Нигоранда метавонист шояд онро бо дебочаи маъмулӣ, масалан: “Даврони батолату наҳси куруно поён ёфт ва Дилбар он қадр хушҳол буд, ки наметавонист эҳсосоташро ба Дилдор баён намояд…”

Вале на, нависанда роҳи осонро пай намегирад, бо ҳамин чанд вожаю ҷумлаи мухтасар, ки як ҷаҳон маънӣ дорад, муҳтавои достон, паёми он ва эҳсоси ботинии завҷеро, ки аз ин бало ҷон ба саломат бурдаанд, ба тасвир мекашад.

Як нуктаи дигар! Ин достонро бори нахуст дар сафҳаи Шоҳмансур дар Фейсбук хондам. Ҳамкорам-ҷавони олмонӣ ва адабиётдӯст, ки кунҷков буд чи мехонам, вақте фаҳмид мавзӯи достон куруно аст, ҳассостар шуд ва ин қадр исрор намуд, то як рӯзи таътил дар ватсап ҷумла ба ҷумлаи онро тарҷумааш намудам. Шояд хонандаро бовар нашавад, вале дӯсти пурмутолиаам ончунон ба ваҷд омада буд, ки тасаввураш дур аз зеҳн аст. Ба ман гуфт: ин достон ҳарфи нав дар адабиёт аст, дастикам барои мане, ки адабиёти забони модариам-олмониро пайваста мехонам, сухани тоза буд ва таъкидам кард ин достонро бо олмонӣ ва англисӣ тарҷума намоям. Ҳамкорам-Рене онро аз забони ман шунида, ба модарбузурги наздик ба садсолааш нукта ба нукта нақл мекунад. Пиразан пас аз шунидани он гуфта: поёни ҷанги дуюми ҷаҳон ҳам мо ҳамин тур шод шуда будем, нависандаро салом бирасон ва бигӯ паёми достонаш ба мо расид, дасташро фишор.

Пас бо ин ҳисоб метавон гуфт, ки Шоҳмансури Шоҳмирзо нақши ҷодуии гуфтугӯро дар достон ба хубӣ медонад ва онро ба унвони василае барои пеш бурдани достон, ошкор кардани ҷаҳони шахсият, иттилоърасонии муҳим ба кор бурда, достонҳои мондагоре халқ карда аст. Ё ба иборати дигар, унсури гуфтугӯро ҳамчун калиде ҷиҳати боз кардани қуфли достон истифода мекунад. Ҳушмандона, мисли як корогоҳ.

Ӯ дар достонҳояш аз тариқи ин асл ба хонанда сарнахҳо, кинояҳо ва ишораҳо медиҳад. Чун дар воқеъ маъмурияту ҳадафи гуфтугӯ низ ҳамин аст. Ҷо дорад инро ҳам бигӯем, ки истифода аз гуфтугӯ, таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт, кашмакаш, баёни равону салис ва халқи шахсиятҳои баёдмонданӣ, аз вижагиҳои қалами Шоҳмансур аст.

Барои ин адиби пуркору фарзона тандурустӣ, умри боиззат, хотири ҷамъ, табъи равон, қалами тавоно ва комёбиҳои беназирро орзумандем.

Ин навиштаи шогирдонаро навиштам, то бузургони нақди адабии мо ӯро нодида нагиранд, ҳарчанд нависандагони саршиносе чун Абдулҳамиди Самад, Абдуқодири Рустам, Салими Аюбзод, Сироҷиддини Икромӣ, Аъзами Хуҷаста, Сурайёи Ҳасансултон ва мунтақидони эронӣ-доктор Иброҳими Худоёр, Ҳасани Қарибӣ, Аббоси Салимии Ондил, Нодира Бадеъӣ, доктор Илҳоми Фаллоҳ, Инояти Иноят пиромуни достонҳои ӯ изҳори назар намудаанд, вале ба назари инҷониб кам аст ва бояд дар бораи осори ин нависанда ва ҳар нависандаи дигар мунтақидони хибра изҳори назар кунанд, роҳнамоӣ ва ёриҳои холисонаи худро дареғ надоранд, чун ҳар адиб ба машварат ва ёрӣ ниёз дорад.

Фирдавси Аъзам

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мавлоно ва мо 
Ғунчаи хобидаро бедор кардӣ…

Матолиби пурбоздид