Сураи муборакаи Фотиҳа
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон! (1)
Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. (2)
Бахшояндаи Меҳрубон, (3)
Фармонравои рӯзи ҷазо. (4)
Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем. (5)
Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо (6)
Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на роҳи ғазабшудагон ва на гумроҳон. (7)













