Ҳамлаи мушакии Яман ба киштии омрикоӣ дар баҳри Сурх

Ҳамлаи мушакии Яман ба киштии омрикоӣ дар баҳри Сурх

Ахбори байеалмилал

Masirahtv

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт, ки дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ва посух ба таҷовузҳои Омрико ва Ангилис ба Яман, киштии тиҷории омрикоии “Cole”-ро дар баҳри Сурх бо чанд мушак ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман баёнияе дар бораи ҳамалоти мушакӣ ба як киштии тиҷорӣ ва як новшикани омрикоӣ дар баҳри Сурх содир кард.

Сареъ дар ин баёния гуфт: “Нерӯи дарёии артиши Яман дар иқдоме ба унвони пирӯзӣ барои мардуми мазлум ва ситамдидаи Фаластин, ки то ин лаҳза таҳти таҷовузоти мудовими Исроил қарор доранд ва дар посух ба ҳамалоти таҷовузкоронаи Омрико ва Ангилис ба кишварамон, дар як амалиёти низомии кайфӣ чанд мушаки дарёӣ ба киштии тиҷории омрикоии Cole”, ки ба самти бандарҳои Фаластини ишғолӣ мерафт, шиллик кард.”

Вай, бо баёни ин ки ин амалиёт пас аз ҳамлаи нерӯи дарёии артиши Яман ба новшикани омрикоии Greeley дар баҳри Сурх бо истифода аз чанд фарванд мушак дар баҳри Сурх, анҷом шуд, тавзеҳ дод: “Ба лутфи Худо, ҳадаф ба сурати мустақим ва дақиқ мавриди исобат қарор гирифт. Нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба ҳимоят ва кӯмак ба мардуми Фаластин дар навори Ғазза аз тариқи мумонаъат аз ҳаракати киштиҳои исроилӣ ё онҳое, ки ба самти бандарҳои Фаластини ишғолӣ дар баҳри Сурх ва Араб ҳаракат мекунанд, то поёни таҷовуз ва расондани маводди ғизоӣ ва дору ба Ғазза идома медиҳад.”

Ин мақоми низомии Яман зимни ишора ба муқобилаи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо ташдиди танишҳо тавассути Омрико ва Ангилис, таъкид кард: “Дар посух додан ба ҳар гуна ҳамоқати ангилисиҳо ва омрикоиҳо алайҳи Яман азиз аз анҷоми амалиёти низомии густурда ва кайфӣ дареғ нахоҳем кард.”

Сареъ ҳамчунин афзуд: ”Таъкид мекунем, ки то замоне, ки таҷовузоти Омрико ва Ангилис алайҳи кишварамон идома дошта бошад, тамоми новҳои омрикоӣ ва ангилисӣ дар баҳри Сурх ва Араб, аҳдофи қонунии нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳастанд.”

Masirahtv

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маод – XIY
Ҷойгоҳи фақири парҳезгор ва сарватманди парҳезгор

Матолиби пурбоздид