Суханони ҳазрати Паёмбари Акрам (с)

Суханони ҳазрати Паёмбари Акрам (с)
Маорифи исломӣ
Бо ин ки бӯйи (атри) биҳишт аз масофати понсад сол роҳ ба машом мерасад, се кас онро дарк накунад: бахили миннатгузор, шаробхор ва оққи волидайн (касе ки ба падару модари худ ситам кунад).
* * *
Осомонҳову замин ва фариштагону шабу рӯз ба се даста талаби омурзиш кунанд: донишмандон, донишҷӯён ва саховатмандон.
* * *
Дуои се кас рад нашавад: саховатманд, бемор ва тавбакор.
* * *
Оташ бадани се касро насӯзонад: зане, ки ба фармони шавҳараш бошад, зане ки ба ҳангоми сахтӣ ва гирифтории шавҳар сабр кунад, ва касе ки ба падару модар некӣ намояд.
* * *
Се даста аз шарри шайтон эминанд: онҳое, ки шабу рӯз дар ёди Худо бошанд, ононе, ки нимаҳои шаб талаби омурзиш кунанд, ва касоне ки аз тарси Худо бигирянд.
* * *
Се кас дар қиёмат болои теппае аз мушки муъаттар, аз ҳавли маҳшару ҳисобу китоб дар амонанд: он ки барои Худо Қуръон хонад, имоми масҷиде, ки намозгузорон аз ӯ розӣ бошанд, ва марде ки барои ризои Худо азони масҷид гӯяд.
* * *
Чун Худо хоҳад ба бандае хайр диҳад, рағбаташро ба дунё кам кунад, илми динаш диҳад, айбҳояшро ба вай муаррифӣ намояд. Ва ба ҳар ки ин се сифатро диҳанд, хайри дунё ва охират додаанд.
* * *
Ҳар ки дил ба дунё бандад, қалби хеш ба се чиз бастааст: ғуссаи бепоён, орзуи хом (ки ҳаргиз банаёяд) ва умеде, ки ба он нарасад.
* * *
Се чиз ҳофизаро қавӣ кунад: мисвок, рӯза ва Қуръон хондан.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Банӣ одам аъзои якдигаранд…
Ҳаниа дар тамоси телефонӣ бо Раисӣ: «Муборизаи мо иншоаллоҳ бо пирӯзии ниҳоии миллати Фаластин комил хоҳад шуд»

Матолиби пурбоздид