Пизишкиён: Ман ҳам ҷонфидои Эрон ҳастам!
Ахбори байналмилал
Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон дар Х навишт:
“Беш аз 14 миллион эронии ғаюр то ин лаҳза эъломи омодагӣ кардаанд, то ҷони худро барои дифоъ аз Эрон фидо кунанд. Ман низ ҷонфидои Эрон будам, ҳастам ва хоҳам буд”.
Лозим ба ёдоварист, сомонае дар Эрон барои сабти номи довталабон барои ширкат дар ҷанги алайҳи Амрико ва Исроил, дар сурати ҳамлаи заминӣ, фарохон додааст, ки то алон 14 миллион нафар дар ин сомона номнавис кардаанд.
Қаламонлайн













