Сӯистифода
Бадтарин ва зишттарин амал ин сӯистифода аз як вазъият ба суд ва манофеи худ аст.
Дар Маскав, тибқи ахбори расонаҳо, чандто доъишии безамир ва ваҳшӣ бегуноҳонро ба рагбор заданд, ки бетардид маҳкум аст, аммо аламовар ва бадтар аз ҷинояти ДОИШ ин сӯистифодаи ҳуккоми диктотур ва худкома аз ин мавқеият аст, ки худашон нисбат ба мардуми худ бадтар аз ҷиноятҳои доишиҳоро муртакиб мешаванд, аммо алъон шурӯъ карданд ба ирсоли паёмҳое ба Маскав бо ин мазмун, ки бале, “исломгароҳо” ҳаминанд ва бояд бо онҳо мубориза ва пайкор кард.
Кадом “исломгароҳо”? Доишиҳо ҳаргиз исломгаро набуданд ва нестанд; онҳо як мушт арозилу авбоше ҳастанд, ки аз қазо тавассути шумоҳо, диктотурҳои ноодам роҳандозӣ шудаанд.
Доишиҳо агар исломгаро буданд, дар ин рӯзҳо ҷояшон дар Фаластин буд, на дар Маскав.
Ҷояшон дар Ғазза буд, на Қандаҳор, ки иттифоқан ду рӯз пеш ин ҳайвонот дар Қандаҳори Афғонистон муртакиби ҷиноят шуданд.
Ҷояшон дар борикаи Ғазза буд, на дар Кирмони Эрон, ки чанде пеш дар ин шаҳр дар маросими солгарди шаҳодати шаҳид Қосим Сулаймонӣ бегуноҳонро куштанд.
Ва аз ин ҳам бадтар, барқияи таслияти Натонёҳу ба Путин аст ба ин мазмун, ки муртакибони ин ҷиноят фарқе бо Ҳамос надоранд ва Исроил бо онҳо дар набард аст. Натонёҳуе, ки кӯчактарин тафовут бо доъишиҳо надорад ва балки доъишӣ аз ҷиноятҳои Натонёҳу ангушти ҳайрат мегазад!
Иншоаллоҳ дур нест он рӯзе, ки парда аз рӯйи ин ҷинояти ҳавлнок бардошта хоҳад шуд, ки ДОИШ сохта ва пардохтаи саҳюнистҳост!
َФейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: