Оё чизе дар Эрон ҳаст, ки аз сӯйи Омрико таҳрим нашуда бошад?
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Яке аз шоҳкорҳое, ки ба ҳиммати раҳбари шаҳид дар Эрони пас аз инқилоб анҷом шудааст – ва тоза ҳикмати онро дарк мекунанд – ин аст, ки Эрон дар ҳама чиз худкифо шуда ва ҳеч чиз нест, ки дар дохил тавлид нашавад.
Раҳбари шаҳид рӯйи ин масъала бисёр таъкид дошт. Ӯ мукаррар мегуфт, ки рӯзе мерасад, Омрико ҳатто “оби ошомиданӣ”-ро бароятон таҳрим хоҳад кард.
Имрӯз вазири хазонадории Омрико гуфт, таҳримҳои иқтисодие алайҳи Эрон эъмол хоҳад кард, ки “ҷаҳон ҳаргиз назири онро надидааст”. Тромп низ ин гуфтаи ӯро бознашр кард.
Ман росташ нафаҳмидам, манзураш аз ин ки мегӯяд, “ҷаҳон ҳаргиз назири онро надидааст” чист? Шояд касоне, ки дар ҳавзаи иқтисод вориданд бидонанд.
Аммо ҳар чи ҳаст, ин иқдомҳо аз сӯйи Омрико ҳикоят аз як чиз дорад: истисол яъне решакан шудан ва дармондагии комил. Омрико коре намонда, ки накарда бошад, фақат мондааст якчунин таҳдидҳоро пушти сари ҳам ба забон оварад, ки то шояд таъсире равонӣ дошта бошад масалан. Вагарна, ҳеч коре барояш намонда.
* * *
Бисёр аламовар аст, ки дар якчунин шароите – ки Омрико ва Исроил тамоми тавони худро ба харҷ додаанд, то ин кишвари исломиро ба гумони худашон ба зону дароваранд аммо оҷиз монданд ва баръакс худашон дармонда шуданд – дар якчунин шароите, иддаеро мебинед – тоза иддао мекунанд мусалмон ҳам ҳастанд, манзурам салафиҳо – ки ҳамгом бо ин парваришёфтаҳои мактаби Эпштейн яъне Тромп ва Натонёҳу, алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон басиҷ шудаанд ва дар ин замина тамоми саъю талоши худро ба харҷ медиҳанд. Воқеан ҷойи таассуф дорад!
Худо ҳидояташон кунад!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн













