Тазаккури як матлаб

Таҳлили хабарӣ

Тазаккури як матлаб

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Як матлаб ҳаст, ки ҳарчанд огоҳон шояд бидонанд, аммо аз он ҷо, ки дар ин бора бисёр суол мешавад, лозим аст тавзеҳе бидиҳам.

Ва он ин ки: як равиши маъруф ҳаст хусусан дар назди шоирон, ки онҳо, барои баёни аҳаммияти болои як мавзӯъ, масалан бузург ва азим будани як гуноҳ, аввал як гуноҳи дигареро, ки зишт будани он дар назди мардум маъруф аст меоваранд ва он гоҳ мегӯянд: ин гуноҳ, ки ту зишт медонӣ, дар муқоиса бо он гуноҳе, ки ман дар садади баёни он ҳастам, чизе нест, ночиз аст, кучак аст.

Масалан вақте Ҳофиз мефармояд:

Май хӯр, ки сад гуноҳ зи ағёр дар ҳиҷоб.

Беҳтар зи тоате, ки ба рӯю риё кунанд.

Дар ин байт, Ҳофиз намехоҳад мардумро ба хӯрдани май, тоза дур аз чашми халқ тарғиб кунад. Ҳаргиз ва абадан! Балки манзураш, баёни азим ва бузург будани риё аст. Яъне мехоҳад бигӯяд, риё гуноҳаш аз ин ки арақ бихӯрӣ бадтар аст.

Ва ё вақте мефармояд:

Ҳофизо, май хӯру риндӣ куну хуш бош, вале

Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.

Дар ин ҷо, ҳошо, ки Ҳофиз хоста қадосати Қуръони Маҷидро нодида бигирад ва ба таблиғи фисқу фуҷур ва айёшӣ тарғиб карда бошад. Ҳаргиз ва абадан! Балки мехоҳад бигӯяд, бидон, ки риё бадтар аз май хӯрдан аст, куфр аст. “Доми тазвир” яъне риё.

Ва ё ин шеър низ, ки онро ҳам ба Ҳофиз нисбат медиҳанд, вале дар девонаш нест, ки мегӯяд:

Май бихӯр, мусҳаф бисӯзу оташ андар Каъба зан,

Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун.

– манзураш ин аст, ки мардумозорӣ дар шаръ гуноҳаш бас бадтар ва бузургтар аз май хӯрдану инҳост. Вагарна муродаш алъаёзу биллоҳ ин нест, ки ин корҳо ҷоиз аст. Абадан!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иқболи Лоҳурӣ аз назари шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ
Ҳар нафас нав мешавад дунёву мо…

Матолиби пурбоздид