Саргузашти босмачиҳо

Таърих

 

Саргузашти босмачиҳо

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Пешгуфтори мутарҷим

Босмачиён ҷамоате аз мусалмонони Осиёи Марказӣ буданд, ки тақрибан бо инқилоби 1917-и Русия қиём карданд ва муборизаи онон ба суратҳои гуногун наздик ба 12 сол ба тӯл анҷомид.

Китобе, ки инак дар дасти шумост, бахше аз хотирот ва ёддоштҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон (1890-1970), муаррих ва муҳаққиқи номии бошқирдистонӣ дар яке аз китобҳояш ба номи “Бугунгӣ Туркистон ва яқин мозисӣ” (Туркистони имрӯз ва гузаштаи наздики он, чопи Қоҳира, соли нашр 1929) аст. Ин бахш, ки бо унвони “Босмачилиқ” наздик ба сад сафҳаи ин китоб аст, хотирот ва дидаҳои айнии Валидӣ Туғон аст ва бешак санаде мӯътабару арзишманд дар бораи босмачиён аст ва аз манобеи муҳим дар бораи таърихи наҳзатҳои миллӣ-исломӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ ин бахш аз китобро барои истифода дар мақолаи “Босмачиён”-и Доиратулмаориф тарҷума карда буд, вале дареғ буд ин навишта аз дастраси ҷӯяндагони ҳақиқат ва муҳаққиқон дур бимонад. Аз ин рӯ шоиста дида шуд, ки тарҷумаи форсии он мунташир шавад.

Калимаи “босмачӣ” дар забони туркӣ ба маънои “ёғӣ” аст, ва бино ба гуфтаи Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон, ин лақаб лақаби иҳонатомезе аст, ки нахуст болшевикҳо ба шӯришиёни мусалмони Осиёи Марказӣ доданд ва баъдҳо ин калима вусъат пайдо кард ва бар бисёре аз ҳаракатҳои мусаллаҳонаи сиёсии дигар низ итлоқ шуд.

Ҷанги болшевикҳо бо босмачиёнро бархе низоъи кумунизм бо зидди кумунизм, ва бархе муборизаи русҳо бо мусалмонон медонанд, вале моҳияти ин қиём ҳанӯз ҳам мавриди баҳси муаррихон аст. Он чи феълан бар мабнои асноду иттилооти мавҷуд метавон гуфт ин аст, ки ин қиём собиқае нисбатан тӯлонӣ доштааст ва ба асри ҳукумати тавсиъаталабонаи тезорӣ (Русияи подшоҳӣ) бозмегардад. Байни русҳо ва мардуми мусалмони ноҳияҳои кунунии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва бахше аз Қазоқистон, ки рӯиҳамрафта Осиёи Марказӣ номида мешавад, борҳо бархӯрдҳои хунин рӯй додааст. Эътиқодоти исломӣ, эҳсосоти миллии муқовимат дар баробари гароишҳои истеъморӣ ва истисморӣ ва исён алайҳи зулму ҷавру беадолатӣ, аз ҷумлаи аносуре аст, ки бозтоби онҳоро камубеш дар қиёми босмачиҳо метавон ташхис дод.

* * *

Муаллифи китоб

Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон, нависандаи ин китоб, яке аз барҷастатарин муҳаққиқони турк аст. Ӯ дар соли 1890 дар рустое дар Бошқирдистон ба дунё омад. Падараш имоми масҷид ва мударрис ва модараш омӯзгор буд. Таҳсилоти муқаддимотиро назди падару модар гузаронд. Арабиро аз падар ва форсиро аз падару модар ҳар ду омӯхт. Дар мадрасаи доии (тағои) худ, ки олим ва муаррих буд дарс хонд. Забони русиро низ фаро гирифт ва дар соли 1909 аз Мадрасаи олии исломии Қозон, маъруф ба мадрасаи Қосимия, фориғуттаҳсил шуд ва ба тадриси таърихи турк ва адабиёти араб пардохт ва вақтҳои худро сарфи мутолеаи васеъ дар таърих ва бостоншиносӣ кард, ва дар соли 1911 нахустин асари илмии ӯ ба номи “Таърихи туркҳо ва тоторҳо” интишор ёфт ва бо истиқбол рӯ ба рӯ гардид ва сабаб шуд вай ба узвияти Анҷумани бостоншиносӣ ва қавмшиносӣ ва таърихи Донишгоҳи Қозон баргузида шавад. Дар ҳамин солҳо буд, ки ба номи “Валидов” ё “Валидӣ” шӯҳрат ёфт. Дар соли 1913 барои мутолеоти таърихӣ ва қавмшиносӣ ба Фарғона дар Осиёи Марказӣ фиристода шуд ва дар соли 1914 аз сӯи Окодемии улуми рус (Русияи подшоҳӣ) ба манзури ҳамин мутолеот ба Бухоро рафт.

Он солҳо мусодиф бо шурӯъи инқилоби Русия ва асри пуртабу тоби фаъолиятҳои сиёӣ буд ва Валидӣ Туғон низ аз сиёсат барканор намонд. Дар соли 1916 ба унвони раҳбари мусалмонони Уфо, маркази Бошқирдистон, ба Маҷлиси Думои Русия роҳ ёфт. Дар соли 1917 фроксиюни мусалмонони Думо вайро ба Осиёи Марказӣ фиристод, то Кунграи (Конгресси) миллии мусалмонони Бухороро ташкил диҳад. Кунгра ташкил шуд ва Валидӣ Туғон ба унвони намояндаи мардуми Туркистон ба Кунграи мусалмонони Русия дар Маскав фиристода шуд. Дар ҷараёни баҳсу гуфтугӯҳои Кунгра буд, ки ба ҷиргаи раҳбарони наҳзати истиқлоли мусалмонон дар Русия даромад.

Дар ноябри соли 1917 тасмим гирифта шуд давлате ба номи “Давлати худмухтори Бошқир” ташкил шавад. Закӣ Валидӣ ибтидо ба симати вазири дифоъ ва сипас ба риёсати Давлати Бошқирдистон баргузида шуд, аммо бо зимомдорони Шӯравӣ ихтилофи назар пайдо кард ва масири ҳодисаҳои сиёсӣ ба гунае таҳаввул ёфт, ки ногузир шуд дар соли 1922 аз Бошқирдистон фирор кунад. Валидӣ Туғон ба Осиёи Марказӣ рафт ва ба босмачиён, ки қиёми онҳо ба марҳилаи авҷи худ расида буд пайваст ва фармондеҳии бахше аз нерӯҳои босмачӣ ба ӯ супурда шуд.

Валидӣ Туғон ва нерӯҳояш дар даштҳо ва кӯҳҳои Самарқанд даргири набарди сахте бо артиши сурх шуданд. Дар яке аз ин набардҳо иддае аз ҳамразмон ва дӯстонаш кушта шуданд. Валидӣ Туғон нерӯҳои худро ба дастаҳои кучак тағсим кард ва онҳоро дар торикии шаб ба қисматҳои кӯҳистонӣ фиристод ва худ ва ду афсар шабро то субҳ дар минтақаи сарде ба сар буранд. Сапедадам аспҳои худро бо таноб аз иртифоъ ба зер оварданд, аз барфу бероҳа гузаштанд ва шабонгоҳ ба кӯмаки ӯзбакҳо аз хатти сипоҳиёни артиши сурх, ки дар хоб буданд убур карданд ва худро ба Тошканд расонданд.

Кунграе, ки аз мувофиқон ва ҳамроҳони қиёми босмачиён дар Тошканд баргузор шуд, тасмим гирифт давлати миллӣ ва мустақилле ба номи “Улуғ Туркистон” (Туркистони бузург) аз Волга то Тиёншон ташкил шавад. Валидӣ Туғон ба ҳамроҳи иддае барои тарҳи ин пешниҳод ва ҷалби ҳамкорӣ, ба тамоми манотиқ эъзом шуданд. Панҷ моҳро дар Ишқобод ва Марв ва биёбонҳои Қароқум гузаронданд ва ба ташкили дастаҳои “Иттиҳоди миллии Туркистон” пардохтанд, аммо бо шикасти сахти босмачиён, ба ночор даст аз фаъолиятҳои сиёсӣ кашиданд.

Валидӣ Туғон аз марзи Эрон гузашт ва пас аз 7 сол фаъолияти сиёсӣ ва ҷангу пайкор бори дигар ба ҷабҳаи набард бо ҷаҳл рӯй овард ва фаъолиятҳои илмӣ ва таҳқиқии худро аз сар гирифт. Дар Китобхонаи остони Қудси Разавӣ дар Машҳад, ки то он ҳангом ҳеч як аз Ховаршиносон муваффақ ба дидани он нашуда буданд, ба таҳқиқ пардохт. Сипас ба Ҳироту Кобул рафт ва дар онҷо аз нусхаҳои хаттӣ феҳристе таҳия кард ва асноди боаҳаммияте ёфт. Сипас аз роҳи Ҳиндустон ба Урупо рафт ва дар Китобхонаи миллии Порис ва Китобхонаи давлатии Берлин ба мутолеа ва таҳқиқ пардохт.

Дар соли 1925 ба даъвати давлати Туркия барои тадриси таърих ба он кишвар рафт ва дар соли 1927 дар Донишгоҳи Истонбул устоди таърихи турк шуд. Дар соли 1932 ихтилофи назари ӯ бо мақомоти расмии Туркия бар сари масоили аслии туркҳо боло гирифт. Аз устодии курсии таърих истеъфо дод ва ба Вен рафт ва зиндагии номутмаинну пурташвишеро оғоз кард. Валидӣ Туғон пас аз солҳо тадрис бори дигар ба таҳсил пардохт ва дар Донишгоҳи Вен сабти ном кард. Дар дарсҳои иқтисод ва қавмшиносӣ ва забонҳои форсӣ ва арабӣ ва лотинӣ ширкат кард ва чанд забони дигар фаро гирифт. Дар соли 1935 рисолаи худро дар бораи “Сафарномаи Ибни Фазлон” бо муваффақият гузаронд ва ба дарёфти дараҷаи дуктурӣ ноил гардид. Дар ҳамон сол ба Донишгоҳи Бун даъват шуд ва дар ҳавзаи улуми исломӣ ба кор пардохт. Дар соли 1938 ба Донишгоҳи Гутинг даъват шуд ва то оғози ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар онҷо буд.

Дар соли 1939 ба даъвати муҷаддади Туркия устодии курсӣ дар Донишгоҳи Истонбулро пазируфт ва бо нерӯе шигарф, ки дар хидмати дониш ва таҷрибаи васеъ қарор гирифта буд, ба тадрису тарбияту таҳқиқ пардохт. Муассисаи таҳқиқоти исломиро дар Донишкадаи адабиёти ҳамон донишгоҳ таъсис кард ва бисёре аз муҳаққиқони имрӯзи Туркия аз шогирдони ӯянд.

Дар соли 1940, ки дар синни 50-солагӣ ба авҷи шӯҳрати илмии худ расида буд, беш аз 70 асари илмӣ ва таҳқиқӣ мунташир карда буд. Валидӣ Туғон ҳамчунон дар Туркия ба тадрису таҳқиқ иштиғол дошт, то дар соли 1970 пас аз 80 соли зиндагии пурбори илмӣ ва оканда аз моҷароҳои сиёсӣ ва фарозу нишебҳои бисёр, дар Истонбул дори фониро видоъ гуфт.

Алӣ Котибӣ (мутарҷими китоби “Босмачилиқ”), Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ

Идома дорад…

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Назарияи «замин даври хуршед мечархад» аввалин бор кай матраҳ шуд?
Мавлоно ва афроди зоҳирбин

Матолиби пурбоздид