Тазоҳуроти густарда дар Берлин дар маҳкумияти наслкушӣ дар Ғазза
Ахбори байналмилал
Эътирози ҳазорон нафар аз сиёсати ҳукумати Олмон дар ҳимояти таслеҳотӣ аз Исроил
Берлин.
Ҳазорон нафар дар пойтахти Олмон, шаҳри Берлин, бо баргузории тазоҳуроти густарда, наслкушӣ дар навори Ғаззаро маҳкум намуда, аз сиёсати ҳукумати Олмон дар мавриди ҳимояти низомӣ ва таслеҳотӣ аз Исроил изҳори эътироз карданд.
Тазоҳургарон, ки аз қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла фаъолони ҳуқуқи башар, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони одӣ буданд, бо дар даст доштани шиорҳо ва парчамҳо хостори қатъи фаврии ҳамлаҳо ба Ғазза ва бознигарии сиёсати Берлин дар ирсоли силоҳ ба Исроил шуданд.
Эътирозгарон таъкид доштанд, ки идомаи ҳимояти таслеҳотии Олмон аз Исроил метавонад ба афзоиши талафоти ғайринизомиён, бахусус занону кӯдакон, дар Ғазза мусоидат намояд. Ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Олмон бояд ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи башар риоя кунад.
Дар ҷараёни тазоҳурот, бархе суханронҳо сиёсати хориҷии Олмонро дар қиболи даргириҳои Ховари Миёна шадидан маҳкум намуда, онро мухолифи арзишҳои эъломшудаи демократӣ ва инсонгароёна арзёбӣ карданд.
Мақомоти амниятии Олмон хабар доданд, ки тазоҳурот умуман ба таври осоишта баргузор шудааст. Бо вуҷуди ин, пулис барои таъмини амният дар маҳалли баргузории эътироз ҳузури густарда дошт.
Ин тазоҳурот дар ҳоле сурат мегирад, ки баҳсҳо дар дохили Олмон дар бораи идомаи содироти силоҳ ба Исроил ва нақши Берлин дар буҳрони Ғазза ҳамчунон идома доранд.
qalamonline.net
Қаламонлайн













