Тасаввуф – улфат гирифтан ва меҳрубонӣ кардан

Адаб

Тасаввуф – улфат гирифтан ва меҳрубонӣ кардан

Суханоне аз Шиблӣ

“Ман ба чаҳор бало мубтало шудаам ва он чаҳор душмани ман аст: нафс, дунё, шайтон ва ҳаво.” (Тазкиратул-авлиё, Аттор, с.619)

“Тасаввуф, нишастан аст дар ҳазрати Аллоҳ Таъоло беғам.” (Тазкиратул-авлиё, Аттор, с.631)

“Тасаввуф, улфат гирифтан аст ва меҳрубонӣ кардан.” (Табақотус-суфия, Сулламӣ, с.340)

“Орифро панҷ нишон бошад: аввал, шоду хуррам бошад ба маърифати Ҳақ Таъоло. Дуввум, унс ёбад ба ягонагии Ҳақ Таъоло. Севвум, ҳаловат ёбад дар хидмати Ҳақ Таъоло. Чаҳорум, хавфнок бошад аз фироқи Ҳақ Таъоло. Ва панҷум, эмин бошад аз макри Ҳақ Таъоло.” (Фирдавсул-муршидия, с.253)

“Ҳар ки Худоро шинохт, ҳаргиз андӯҳгин нашавад.” (Табақотус-суфия, Ансорӣ, с.649)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зиндагӣ чист?
Ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳ ба Телавив

Матолиби пурбоздид